ҶАВОНДУХТАРЕ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ ва ё аз шикасту бохт то пирӯзиву дастовард

Зиёда Муҳаммадиева ҷавондухтари ҳунарманд аст, ки пайроҳаи зиндагиаш барои насли ҷавон намунаи ибрат ва пайравист. Зиндагӣ барои ӯ аз рӯзи нахустини таваллуд имтиҳонҳои сахт ва мушкилро “ҳадя” намуд. Замоне ки Зиёда таваллуд шуд, падараш оиларо тарк гуфт ва аз зану фарзандон даст кашид. Сабаби ин кирдори ӯ таваллуди боз як духтар дар оила – Зиёда буд.

Зиёда аслан аз рӯйи ихтисос омӯзгор аст. Аммо ӯро бештар ҳамчун як ҳунарманди асилу моҳир мешиносанд. Даврони кӯдакии Зиёда бо мушкилот ва муаммоҳои зиёд сипарӣ гардид. Аммо имтиҳонҳои сахти зиндагӣ низ дар мисоли тангдастӣ ва бемориву оқибат марги модар Зиёдаро шикаста натавонистанд. Баръакс ӯ беш аз пеш нерӯ мегирифт ва алайҳи пастиҳои зиндагӣ боло мерафт.

Маҳз масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва иродаи қавӣ Зиёдаро ба муваффақиятҳо расонид. Имрӯз ӯ аз ҳунармандони чирадасту шинохта аст, ки маҳсули ҳунарашро натанҳо дар дохил, балки берун аз кишвар эътироф мекунанд. Даҳҳо ифтихорномаву сипоснома, ҷоизаву диплом ҳамакнун утоқи кории ӯро зеб мебахшанду далели нерӯи шикастнопазираш ҳастанд.

Ба Зиёда метавон мақоли маъмулии “панҷ панҷааш ҳунар”-ро нисбат дод. Зиёда мегӯяд, ки шиори зиндагиаш мисраъҳои маъмули Носири Хусрав аст: “Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол”.

“Вақте маҳсули дастони инсон ба нафаре шодӣ мебахшад, маъракаеро обод мекунад ва маҳфилеро оро медиҳад, барои ҳунарманд аз ин дида сарфарозии баландтар мавҷуд буда наметавонад. Ҳунарманд дар ҳар гӯшаи дунё метавонад бо меҳнати худ ва муъҷизаи дастонаш қути лоямут ёбад ва зиндагиашро пеш барад” – мегӯяд Зиёда.

Имрӯз аз дастони Зиёда ҳама намуди ҳунар меояд. Гузашта аз ин, ӯ тарроҳу ороишгар ва пардозгари моҳир аст. Ба як ибора, дастони Зиёда Муҳаммадиева монанди гул аст, ки муъҷизаҳо меофарад.

Ин ки имрӯз намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ подиумҳои ҷаҳониро оро медиҳанду дар фестивалу чорабиниҳои сатҳи байналмилал ба намоиш гузошта мешаванд, дастоварди замони истқлол аст. Ҳамакнун ҳунармандони тоҷик мисоли Зиёда Муҳаммадиева либоси миллии тоҷиконаро бо навгониҳои муосир аз нав эҳё мекунанду арзишҳои миллиро муаррифӣ.

Ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани чакан – навъе аз либосии милли тоҷикона, шуҳрати ҷаҳонии ҳунарҳои миллии тоҷиконаро бозгӯ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва нақши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Ин иқдом замина гузошт, ки дар тамоми манотиқи мамлакат таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда, нуфузи ҳунармандон боз ҳам боло равад. Пеш аз ҳама, эълон шудани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ин нишон аз таваҷҷуҳ ба намояндагони соҳаи ҳунар аст.

“Аслан ҳама гуна таваҷҷуҳ ба инсон фараҳ мебахшад. Ва агар таваҷҷуҳ боз дар пай имтиёзу имконоти бештар дунбол орад, шоистаи таҳсинҳост. Эълом шудани соли 2019 – 2021  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои мо, ҳунармандон як қатор имтиёз овард. Озод шудани ҳама гуна номгӯйи ҳунарҳои миллӣ аз андоз ташаббуси арзандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки сари ҳунармандон аз он ба фалак расид” – бо ифтихор таъкид намуд Зиёда.

Мулоқот бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғолибият дар озмуну фестивалҳои гуногун аз лаҳзаҳои хотирмони зиндагии Зиёда аст, ки бо ифтихор ва шукргузорӣ ба хотир меорад. Зиёда маҳз тавассути ҳунар ба дастовардҳо ноил гардида, дар роҳи зиндагӣ устуворона қадам мезанад. Имрӯз ӯ як ҷавонзани соҳибҳунар, ҳунарманди шинохта, модари меҳрубон аст.

Маълум аст, ки тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Гӯётарин узви инсон даст мебошад. Зеро маҳз тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тасаввурот ба воситаи ҳунар рӯи кор меоянд.

Зиндагиии ҳунарманди ҷавон – Зиёда Муҳаммадиева намоди ибрат аст, ки аз аҳамияту манфиати ҳунар қисса мекунад. Пайроҳаи ӯ далели раднашавандаест, ки ҳунар инсонро аз муҳтоҷиҳо ҳифз намуда, нуфузро баланд ва шахсро соҳибэҳтиром мегардонад. Ба таъбири дигар, “Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз”.

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh