Сайёҳии дохилӣ: имконият ва шароитҳо баҳри пешрафт

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гардид. Ин иқдом замина гузошт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат рӯ ба рушд гузорад. Дар доираи ин тадбир ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи сайёҳӣ силсилаи ташаббусҳои муҳиму муфид рӯйи кор омаданд. Ба назар мерасад, ки ин ибтикорот асосан барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, дар мавриди таъмини рушди сайёҳӣ бештар ба масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Барои мисол дар Ҷумҳурии мардумии Чин 60 миллион ҷойи корӣ шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки аз ин нишондиҳанда 73% ё 40 миллион ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд. Аз ҷониби дигар, дар сатҳи ҷаҳон ҳамасола наздики 5 миллиард ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%-и он, яъне 4 миллиард ташриф ба сайёҳии дохилӣ рост меояд. 

Ҷалби сокинони мамлакат ба сайёҳии дохилӣ агар аз як тараф кафили пешрафти иқтисод бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ таъсири амиқ мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакати мо ба масъалаи ҷалби сокинони дохилӣ ба сайёҳӣ ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намешавад. Ба таъбири дигар, баҳри тарғиби сайёҳии дохилӣ миёни шаҳрвандон тадбирҳои судманд роҳандозӣ намешаванд.

Мушоҳида мешавад, ки маъмулан шаҳрвандони мо барои истироҳат бештар давлатҳои хориҷаро интихоб мекунанд. Ҳол он ки табиату имкониятҳои дохилии мо аз мавзеъҳои сайёҳии кишварҳои хавориҷ мондание надоранд. Ин ки сокинони мамлакати мо ба давлатҳои хориҷа сайёҳат мекунанд нигаронкунанда нест, балки огоҳ набудани шаҳрвандон аз имкониятҳои сайёҳии дохилӣ ва бетарафии ин гуруҳ нисбат ба рушд додани соҳа боиси ташвиш аст ва ин самт ҷоннок намудани корбариро тақозо мекунад.

Моҳе қабл ҷиҳати сайёҳат ба мавзеи зебоманзари Искандаркӯл азми сафар намудем. Чун пештара ин сайёҳат дар хотирот лаҳзаҳои нотакрор ва таассуроти некеро боқӣ гузошт. Ҳини сайёҳат бо чанде аз сайёҳони хориҷӣ ҳамсуҳбат шуда, доир ба андешаву таассуроти онҳо аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат пурсон шудем.

Наме Ҷоҳаннес Еверс шаҳрванди Нидерландия будааст. Ӯ бо ҳамсараш барои тамошои Искандаркӯл омадааст. Сайёҳонро табиати нотакрор, боду ҳавои тоза, обҳои ширину мусаффо ва нағмаи мурғони хушхону навои обшорони ин мавзеъ афсун намудааст. Аммо чи хеле ки сайёҳон зикр намуданд, ин ки дар ин мавзеъ шаҳрвандони тоҷикро кам дидаанд, барояшон аҷиб аст.

Наме Ҷоҳаннес Еверс зимни суҳбат гуфт, дорои чунин мавзеъҳои сайёҳӣ будан бахти нек аст. Зеро чунин табиати фусункор барои ҳама насиб нашудааст.

Воқеан табиати Тоҷикистони азизи мо нотакрор аст. Ба таъбири дигар, Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Аммо мутаассифона на ҳама шаҳрвандони мо барои тамошову истироҳат дар мавзеъҳои сайёҳии он вақт меёбанду маблағ ҷудо менамоянд. Барои мисол зимни сайёҳат ба мавзеи Искандаркӯл, ки ду шабу се рӯзро ташкил дод, барои як нафар 300 сомонӣ маблағ масраф гардид.

Хонандаи азиз, шояд ту ҳоло мегӯйӣ, ки на ҳама барои худ чунин масрафро иҷозат дода метавонанд, аммо... Аксарият аз мо барои харидани либоси қиматбаҳо маблағ дорем, барои истифода аз телефонҳои гаронарзиш имконият меёбем, барои таомул дар тарабхонаҳои гаронбаҳо шароит дорем...

Агар мо хоҳем, ки Ватани азизамон боз ҳам пешрафт ёбад, иқтисодиёт рушд намояд ва ояндаи ин миллат дурахшонтар гардад, пеш аз ҳама, мо бояд корро аз худамон оғоз намоем. Саҳмгузор будан дар пешрафти Ватан кори душвор нест. Ҳатто ана ҳамин мусоидат ба рушди сайёҳии дохилӣ хидмати кӯчаку манфиатбори мо дар самти пешрафти Ватан аст. То он замоне, ки мо худамон ба мавзеъҳои сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ намекунем, наметавонем сайёҳони хориҷиро ба таври зарурӣ ҷалб ва қабул намоем.

Дар ин самт зарур аст, ки:

-         корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби шаҳрвандон ба мавзеъҳои сайёҳӣ ҷоннок шавад;

-         тарғибот дар самти муаррифии имкониятҳои соҳа тақвият ёбад;

-         бо истифода аз воситаҳои ахбори омма сатҳи маълумотнокии мардум оид ба маконҳои сайёҳии дохилӣ баланд бардошта шавад;

-          фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо маводи иттилоотию тарғиботӣ перомуни шароити соҳаи сайёҳӣ пур карда шавад.

-         Аксияҳои тарғиботӣ таҳти шиорҳои ҷолиб ба мисоли “Сайри Ватан мекунем” роҳандозӣ гардад. 

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh