Хатлонияму Суғду Зарафшон дорам

Чун як шаҳрванди оддӣ ва парвардаи обу хоки ин диёри биҳиштӣ, яъне Тоҷикистон, ба хотири дидор аз минтақаи Суғди кишварамон дер боз нахли орзую умедро дар гӯшаи дил сабз нигоҳ медоштам. Агарчи зимни шиносоию омӯзиш бо таърихи гузаштаю имрӯзаи давлату миллат ва тариқи ВАО мардуми минтақаи Суғд низ бо гузаштагони бофарҳангу баномусу худшинос ва хирадпешаю маърифатпарвари хеш саҳифаҳои таърихи Ватанро рангинтар намуда, бо дастовардҳои бузурги фарҳангию адабиашон дар таъмини ҷаҳоншумулии миллат ҳиссаи арзишманд аз худ боқӣ гузоштаанд, лек дил мехост, ҳамдиёрони қисмати шимоли кишварро боре аз наздик бубинаму аз файзи дидору суҳбати гармашон бархурдор шавам.

Дарвоқеъ, мо‐тоҷикон, бо ифодаи Гулрухсор «ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаю зи шеъри Рӯдакӣ рӯида», аз мутолиаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ дӯст доштани Ватанро бештар эҳсос намудаем. Дар роҳи дифоъ аз кишвар ва марзу буми меҳан пас аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» барои мо корномаҳои ҷангии Спитамену Деваштичу Муқаннаъ, набарди Темурмалик бар рағми муғулҳо то имрӯз намунаи ибрат буду ҳаст ва дар оянда низ боқӣ хоҳад монд. Бе мутолиаи осори мондагори устод Рӯдакию Маҳастии Хуҷандӣ, Нақибхони Туғралу Тошхоҷаи Асирӣ ва силсилаи адибон то устод Лоиқу Фарзонаю Озарахш, Баҳманёр, бе омӯзиши мероси илмию таърихии Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Акбари Турсон ва бе шиносоӣ бо осору хизматҳои шахсиятҳои барҷаста, пирони матбуоти тоҷик устодон Бӯринисо Бердиева, Отахон Латифӣ, Иброҳим Усмонов мо худро шахсияти комил ва меҳандӯсти ҳақиқӣ эҳсос карда наметавонем.

Ҳамзамон, аз шунидани суруду таронаҳои ватандӯстонаю инсонпарвона ва нақшҳои олии офаридаю ба саҳна гузоштаи хунёгарону ҳунармандони бузургу нотакрор Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Маҳмудҷон Воҳидов, Комил Ёрматов, Туҳфа Фозилова, Афзалшоҳи Шодӣ, Қобилҷон Зарипов, Нигина Амонқулова ва монанди инҳо ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонида, барои фаъолияту зиндагии файзбори хеш ғизои маънавии зиёде гирифтаю мегирем.

ДИДОРИ ШАҲРИ ОРЗУҲО

Шукронаи тақдиру насиб, ба муаллифи ин сатрҳо муяссар гардид, ки якчанд сол қабл бо чанд нафар кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар давоми 3 моҳ се маротиба бо сафари кории 10‐12 рӯза ба вилояти Суғд ташриф оварем. Чун бо гурӯҳи корӣ ба маркази вилоят‐шаҳри Хуҷанд по ниҳода, дар кӯчаю хиёбонҳояш гардиш кардем, чунин ба назар расид, ин шаҳри бостонии тоҷиконро аз он чӣ қаблан тасаввур мекардем, зеботару бошукӯҳтар дарёфтем, андешае фарогирамон гардид, ки ин шаҳри зебою маъмурро дер боз дидаю мешиносем ва ҳар як хиёбону кӯчаю гузари он бароямон ошност. Мо зимни сафарҳои корӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштем ва он чӣ таваҷҷуҳи моро ба худ бештар ҷалб намуд, тозагию озодагии хиёбону кӯчаю бозорҳо ва маданияту маърифати баланди шаҳрвандони ин минтақа буд.

Дар бозорҳои серодами «Панҷшанбе»ю «Сомон» ва «Атуш»‐и Хуҷандшаҳр, бозори марказии шаҳри Истаравшан фурӯшандаҳою соҳибкорон ончунон муоширату муомила мекарданд, ки ҳар як шахси ба он бозорҳо воридшуда харидор ҳам набошад, ба харидории молу колои онҳо майлу хоҳиш пайдо менамуд. Дар маркази Хуҷандшаҳр, дар Қасри ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ низ зимни баргузории чорабинии тарғиботие маданияти волою ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммули тамошобинон намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро мушоҳида карда, хушҳол шудем. Дар шаҳри Хуҷанд биноҳои маъмурию маданӣ ва иморатҳои истиқоматӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд ва тарҳи меъмории шаҳр ҳам диданбобу ҷолиб аст.

Осорхона ё худ музейи таърихию кишваршиносии вилояти Суғд дар мавзеи таърихӣ, дар назди қалъае, ки Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барои ҳифзу дифои шаҳри Хуҷанд аз ҳуҷуми истилоъгарони муғул (соли 1220) якҷоя бо аҳолии Хуҷандшаҳр ҷоннисорӣ кардаанд, ҷойгир буда, тамошои он бинандаро ба таърихи бостонию қадима ва дирӯзаю имрӯзаи халқи тоҷик, бахусус мардуми минтақаи Суғд ошно месозад. Шоҳбайтҳои пандомӯзи устод Лоиқ ва Фарзона, ки дар толорҳои Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Суғд ҳаккокӣ шудаанд, касро ба сӯйи худшиносию меҳанпарастӣ раҳнамун сохта, дар қалби ҳамдиёрон эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгири миллатро бедору афзун менамоянд.

«СУҲБАТИ СОҲИБДИЛОН ОЯД ХУШАМ»

Бешак, ҳамдиёрони мо номи рӯзноманигор, драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Содиқро, ки соли 2013 ум 100‐солагии зодрӯзаш дар саросари ҷум‐ҳурӣ дар сатҳи баланд қайд гардид, хуб мешиносанд. Муаллифи ин сутур дар баробари мутолиаи асарҳои ин адиби номӣ бо нахустписараш Мунаввар Содиқов дер боз ошно буда, дар татбиқи амалии якчанд лоиҳаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ якҷоя ҳамкорию ҳиссагузорӣ кардааст. Ҳангоми сафари кориамон дар Хуҷанд аз даргузашти модари дӯстамон Мунаввар огоҳӣ ёфта, бо як гурӯҳ рафиқон барои арзи тасаллият ва фотеҳа ба рӯҳи модари бузургвор ба манзили эшон раҳсипор шудем. Баъди дуою фотеҳа ба рӯҳи майит ба мо маълум гардид, ин зани нек‐сиришт якҷоя бо шавҳари арҷманди худ устод Ҳоҷӣ Содиқ фарзандони таълимгирифтаю ботарбияро ба камол расонидаанд, ки имрӯз ифтихори давлату ҷомеа мебошанд. Яке аз онҳо дӯсти қадрдони мо Мунаввар Содиқов мебошад, ки алҳол ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Согдийс‐кая правда» фаъолият карда истодааст.

Рӯзҳои дар Хуҷанд буданамон акои Мунаввар як бегоҳ ба нею нестонамон нигоҳ накарда, моро ба меҳмонӣ даъват кард. Дар ҳуҷрае, ки барои меҳмонон дастархони пурнеъмат густурда буданд, акси бузурги устод Ҳоҷӣ Содиқ аз девори рӯ ба рӯ бо нигоҳи меҳрбор ба сӯямон дида медӯхт. Зимни нишаст ва суҳбати хушу гуворо, ҳангоми ёдоварӣ аз шахсияту эҷодиёти адиби тавоно Мунаввар иброз дошт, ки падари бузургвораш дар оила ва коргоҳ инсони ботадбиру меҳрубон буду дар бобати эҷод нисбат ба худ бениҳоят сахтгиру бераҳм. Ӯ бо вуҷуди маъюбӣ (адиб дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои муҳофизати ватани азизаш аз як пой маҳрум гардидааст..‐А.Ф.) рӯзу шаб дар такопӯю ҷустуҷӯ ва эҷод ба сар мебурду ҳар як нафаси умрро ғанимат мешуморид.

Вақте ки мо дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардем, ‐мегӯяд дар идомаи суханаш Мунаввар,қиблагоҳамон вақт пайдо намуда, ба аёдати беморону дидори дӯстон ва суҳбати фозилон, бахусус аҳли фарҳанг, мерафтанд ва аз он мулоқоту аёдату суҳбатҳо барои эҷоди хеш ва нашри осори минбаъда низ маводи зарурӣ ҳамроҳ меоварданд. Назар ба гуфти дӯсти мо, қиблагоҳаш бо ҳунарманди маъруфи театру кино устод Ҳошим Гадоев низ ҳамнишинию робитаи хуби корӣ доштаасту актёри номӣ ба нависандаи маъруф бо эҳтиром «Падар»гӯён муроҷиат мекардааст. Ҳамин тавр, мо манзили фарзанди адиби номиро бо табъи хушу рӯҳи болида тарк намуда, сидқан дуо кардем, ки рӯҳи волидони соҳибиззаташон шоду хонаи охираташон обод бошад.

ПАРВОЗГОҲИ БУЗУРГОН

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни сафари корӣ ба мо беш аз ҳама тамошои осорхонаи аллома Бобоҷон Ғафуров таассуроти амиқ гузошт. Бо мақсади тамошои осорхонаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба ноҳия ворид шудем. Хушбахтона, директори Осорхонаи номбурдаро бо кормандонаш машғули фаъолият дарёфтем. Маълум гардид, ки осорхона 20‐уми декабри соли 1998 дар арафаи ҷашни 100‐солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ гардидааст. Дар ин муассиса, қабл аз ҳама, гӯшаҳои мусаввари «Портрети Бобоҷон Ғафуров», «Қаҳрамонони халқи тоҷик – Томирис, Спитамен, Темурмалик», ки бо сеҳри қалами рассоми маъруф Ғайрат Ҷӯраев офаридаю ба маърази тамошо гузошта шуда буд, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард.

Рассоми халқии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова портрети волидони академик Бобоҷон Ғафуров‐Ғафур Сангинову Розия Озод ва рассоми дигар Насиба Эшонова портрети модари аллома Бобоҷон Ғафуров‐шоира Розия Озодро бо диди хоси рассомӣ тасвир кардаанд, ки дар нигоҳу чеҳраи андешаманди эшон як ҷаҳон рамзу маъниҳо нуҳуфтааст. Инҷониб маҳз дар рафти тамошою шиносоӣ бо маводу маъхазҳои осорхонаи номбурда воқиф гардидам, ки ҳамсари Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Ғафурова Капитолина Александровна ному насаб дошта, соҳиби унвони илмии доктори илми таърих будааст. Дигар ин ки як гӯшаи осорхонаро мизу курсии кории Бобоҷон Ғафуров, ки аз шаҳри Душанбе оварда шудаанд, зеб медиҳанд. Ӯ солҳои 1930‐1931 дар идораи рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (ин рӯзнома баъдтар бо номи «Совет Тоҷикистони» ивази ном намуда, алҳол «Халқ овози» ном дорад) фаъолият намуда, пас аз хатми Институти умумииттифоқии коммунистӣ дар шаҳри Москва солҳои 1935‐1938 дар рӯзномаи номбурда ба ҳайси ҷонишини муҳаррир ва муҳаррир ифои вазифа намудааст.

Дар як гӯшаи толори «Ҳаёту эҷодиёти аллома Бобоҷон Ғафуров» мизу курсии кории донишманди машҳур ҷо дода шудааст, ки онҳоро аз Институти шарқшиносии ИҶШС барои хотира ба осорхонаи мазкур фиристодаанд. Дар рӯйи мизи корӣ худнавис (ручка)‐у телефони хизматӣ, фарӯзонаки рӯйимизӣ ва маҷаллаи байналмилалии «Азия и Африка», ки академик Ғафуров муҳарририашро ба уҳда дошт, ба назар мерасанд. Ба онҳо чашм дӯхта, гумон мекунед, ки соҳибаш бо зарурате таъҷилан аз дафтари корӣ бурун шудаасту ҳамин ҳоло омада, сари мизи кориаш менишинад.

Аз тамошои Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров ва ошноӣ бо ҳаёту фаъолияти дуюмин Қаҳрамони Тоҷикистон бардошти хубе ҳосил кардем. Аз ҷонбозию хизматҳои содиқонаи чунин мардони барӯманди Ватан бештар воқиф гардида, эшонро барои хеш ва дигар ҳамдиёрон ҳамчун намунаи беҳтарини кору пайкор баҳри рушду ободии Меҳан ва ояндаи дурахшони ин марзу бум дарёфтем.

 Азизи ФАТТОҲ,

сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритус»

Add comment


Security code
Refresh