НИЗОМНОМАИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МУХБИРИ ҶАВОН» БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Details
- Published on Monday, 27 September 2021 11:21
НИЗОМНОМАИ
ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МУХБИРИ ҶАВОН» БАХШИДА
БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод, дорои дониши баланди сиёсиву фарҳангӣ, эҷодкору навовар, соҳибқалам, дӯстдори касби рӯзноманигорӣ барои эҳёи “Мактаби бузурги шогирдпарварӣ”-и нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - “Ҳақиқати Суғд” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умеди он, ки ҷавонони мо, воқеан, парчамбардори миллату давлати хеш бошанд, озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» баргузор мегардад.
ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
2. Озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» ( минбаъд озмун) байни дӯстдорони касби рӯзноманигорӣ гузаронида мешавад.
3. Дар озмун ҷавонони аз 18 то 30 сола иштирок карда метавонанд. Иштирокчиён бояд ба озмун як мақолаи дорои мазмуни баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳидошта ва як лоиҳаи нашрия, ки дар он маводи сиёсиву фарҳангӣ, адабию бадеӣ ва тарбиявӣ ҷойдодашуда пешниҳод намоянд. Дар озмун кормандони нашрияҳо-ҷурналистони касбӣ иштирок карда наметавонанд.
ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
4. Дар озмун тарзи ороиш, ҷойгиркунии мавод, мазмуну мундариҷа, сарлавҳаҳо, аксҳо дар лоиҳаи нашрия, яъне диду назари довталаб ба инобат гирифта мешавад. Ҳаҷми мақола бояд то чор саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи андозаи 14 бошад.
МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД ВА АРЗЁБИИ ҒОЛИБОН
5. Маводи иштирокчиёни озмун аз 10 то 15 – уми ноябри соли равон дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4-ум қабул карда мешавад. Маводи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун (панҷ нафар ҷурналистони касбӣ) баррасӣ ва аз 5 то 10 хол баҳогузорӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.
ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН
6. Озмун дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд ва маводи онҳо дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” чоп мегардад.
Маълумоти иловагиро метавонед, тариқи телефонҳои (83422) 2-06-54, 2-06-55 ва ё (92) 737 – 70 - 94 дастрас намоед.