МАТБУОТИ МИЛЛӢ - ОИНАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Имрӯзҳо мардуми шарифи мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат менамоянд ва аҳли қалами “Ҳақиқати Суғд” низ тавассути навиштаҳои таъсиргузор ва маҳсули хомаи созандаи хеш саҳми назаррасашонро дар истиқболи самимона ва шоёни ин ҷашни бузурги миллат мегузоранд.

Бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи миллат, яъне 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи матбуот» дар мавзӯи «Мавқеи «Ҳақиқати Суғд» дар таҳкими Истиқлолият» конфронси илмӣ‐адабӣ баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд». Мусаллам аст, ки матбуот ҳодисаҳои таърихро инъикос мекунад, ҳамчунин, сарчашмаи муътамад дар шинохти саҳифаҳои гузаштаву рангини имрӯзи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин росто рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»‐ро метавон қайд кард, ки таърихи зиёда аз 90‐сола дошта, чун таҷассумгари ҳаёту рӯзгори ҷомеа хизмати шоистаро соҳиб аст.

Дар конфронси илмӣ‐адабӣ намояндагон, меҳмонон, рӯзноманигорони васоити ахбори омма, собиқадорони матбуот, аз ҷумла мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён, собиқадорони соҳаи матбуот Карим Шариф, Файзулло Атохоҷаев, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Каримбой Комилов, рӯзноманигорони соҳибтаҷриба Бобоҷон Икромов, Ҷӯра Юсуфӣ, Мухтори Абдулло ва махсусан, онҳое, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият бурдаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба ҷашни миллӣ қироат намуда, ҳамчунин зимни суханронӣ афзуд, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» яке аз бонуфузтарин нашрияҳо маҳсуб ёфта, дар инъикоси масоили дирӯзу имрӯзи ҷомеа, махсусан дар давраи соҳибистиқлолӣ нақши бузург дорад. Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён низ аз таърихи нашрия ҳарф зада, афзуд, ки дар шароити кунунӣ вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафтҳои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми воситаҳои ахбори умум, хоса матбуот бамаротиб боло меравад.

Сипас, Бобоҷон Икромов роҷеъ ба заминаҳои таърихии баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар ҳамон солҳо ҳарф зад. Собиқадорони рӯзнома Аюби Кенҷа, Мазбут Воҳидов ва Солеҳи Зарифзод хотираҳои хешро аз лаҳзаҳои тақдирсози таърихи навини тоҷикон нақл намуданд. Дар охир собиқадорони матбуот бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh