САҲМИ АРЗАНДА ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ СОЛИМИ ҶОМЕА

Мулоқоти Раиси вилояти Cуғд бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар 

Санаҳои 27-30-юми августи соли равон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Корвони иттилоотии журналистон» аз тамоми минтақаҳои кишвар ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз иншоотҳои ҷашнии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дидан намуданд. Дар доираи чорабиниҳо санаи 28-уми август мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо журналистон ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Воситаи ахбори оммаи Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ: имконият ва дурнамо» баргузор гардид.

Мулоқотро раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташрифи меҳмонон‐журналистони ҷумҳуриро ба вилояти Суғди бостон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ хайрамақдам гуфта, ташкили «Корвони иттилоотии журналистон»‐ро амали нек баҳри боз ҳам тарғиби васеи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят назди журналистон баромад карда, таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли 2021 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод. Давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8 миллиарду 976 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 2 миллиарду 795,3 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 105,3 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаи растанипарварӣ ба маблағи 1 миллиарду 485,2 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 миллиарду 310,1 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 5,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 100,2 фоиз, 111,8 ва 111,5 фоиз таъмин гардидааст. Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279 ҳазору 755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 43 ҳазору 192,3 тонна картошка, 81 ҳазору 266,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 33 ҳазору 690,8 тонна пиёз, 34 ҳазору 589,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 30 ҳазору 434,2 тонна зардолу, 14 ҳазору 227,4 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”. Ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 7 ҳазору 577 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2018 2020 ва 6 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 7 ҳазору 192 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 94,9 фоиз таъмин шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Маҳз таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ фаъолияти пурсамари хешро дар таъмини фазои иттилоотии мамлакат равона намуда, сокинони мамлакатро саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ошно гардонанд. Имрӯз дар вилояти Суғд 18 шабакаи телевизионӣ, 15 шабакаи радиоӣ ва беш аз 60 нашрияи гуногун дар тақвияти фазои иттилоотӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ташкил шудаанд. Ҳалли мушкилоти ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои гуногун назаррас буда, маҳз бо назардошти ин омил Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дорад.

Аз ин ҷост, ки бо қарорҳои дахлдори вилоят барои гузаронидани озмуни вилоятии “Хомаи созанда‐2021” ва ба истироҳату табобат фаро гирифтани журналистон маблағҳои зарурӣ ҷудо гардид. Бо назардошти саҳми арзанда дар ташаккули афкори солими ҷомеа имсол марҳала ба марҳала 76 нафар собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма барои барқарорсозии саломатиашон ба осоишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Чунин ғамхориҳо минбаъд низ идома ёфта, мову шумо дар якҷоягӣ ҷашни таърихии 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳем гирифт, изҳор дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода баромад намуда, барои истиқболи гарму самимӣ арзи сипос намуд ва ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро супорид. Мулоқот бо руҳияи болидаи аҳли иштирокдорон анҷом пазируфт.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh