ҲУНАР - ҶАВҲАРИ СИМУ ЗАР

Яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик, ки аз давраҳои қадим то имрӯз шӯҳрати беандоза дорад, ин кафшдӯзӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳунари мардумӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Исфарар, Бобоҷон Ғафуров маъмул буда, ҳатто дар бархе аз минтақаҳо гузарҳои «Кафшдӯзон» низ вуҷуд доштанд.

Имрӯз барои аз байн нарафтани ин ҳунари аҷдодӣ дар миқёси вилояти Суғд дӯконҳои кафшдӯзӣ фаъолият мекунанд, ки онҳоро асосан дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан бештар вохӯрдан мумкин аст. Ин ду шаҳрҳои номбурда аз қадим марказҳои ҳунармандӣ маҳсуб меёфтанд ва тавассути онҳо ба кишварҳои дигар молу маҳсулоти гуногун содирот мегардиданд.

Дар замонҳои қадим барои дӯхтани кафш қолабҳои гуногунандоза, анбӯр, газан, даравш, чӯбтарош, чӯбҳои бахия, рахш, пойкашӣ, куванд, кунда, андоза ва олоти дигар истифода мешуданд. Имрӯз низ баъзе аз чунин асбобҳоро устоҳои кафшдӯз истифода мебаранд. Боиси хушнудист, ки имрӯз низ ин ҳунари ниёгон аз байн нарафтааст. Яке аз нафароне, ки барои аз байн нарафтани ин ҳунар тамоми талоши худро ба кор андохтааст, Ғафурҷон Дадабоеви ҳунарманд мебошад. Ӯ ҳамасола барои васеъ намудани ҳаҷми кор ва истеҳсоли навъҳои гуногуни пойафзол аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. Мавсуф ҳунари қадима кафшдӯзиро пешаи худ қарор дода, рӯзгори хешро пеш бурда истодааст. Ӯ аз наврасӣ орзу дошт, ки коргоҳе ташкил ва бо омода сохтани кафш барои мардум хизмат намояд.

Дар рӯзҳои аввали кор пойафзолҳоро таъмир мекард. Баъдан пас аз омӯхтани нозукиҳои ин ҳунар барои омода намудани пойафзол машғул шуд. Қаҳрамони мо аз меросӣ набудани касбаш сухан ронда, зикр дошт, ки шавқу рағбати зиёд нисбат ба таъмир ва омода намудани пойафзол имрӯз ӯро ҳамчун ҳунарманди чирадаст машҳур гардонид. Ӯро қариб дар тамоми миқёси вилоят ҳама мешиносанд ва аз кафшҳои шинаму зебои офаридааш харидорӣ менамоянд. Ҳунарманд фаъолияти худро дар як бинои дуҳуҷрагӣ ба роҳ монда, коргоҳашро «Базеб» номгузорӣ кардааст. Дар корхонаи мазкур алҳол чаҳор усто машғули кор буда, ҳамчунин, ду нафар шогирд нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиву қадимаро меомӯзанд. Зимни омода намудани мавод шоҳид гардидем, ки дӯкони ин ҳунарманд ҳамеша аз мизоҷон пур аст, зеро тӯли ин солҳо боре нафаре аз пастсифат будани маҳсулоти офаридааш шикоят накардааст. Ба гуфти ҳунарманд имрӯз маҳсули дастони онҳоро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят харидорӣ менамоянд. Абдусаттори шаҳристонӣ яке аз нафароне мебошад, ки аз пойафзолҳои омоданамудаи коргоҳи «Базеб» истифода мебарад.

Бино ба гуфти номбурда кафшҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ хеле мустаҳкам ва шинаму зебо ҳастанд. Қобили зикр аст, ки Ғ.Дадабоев иштирокчии чандин намоишномаи ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат буда, соҳиби ифтихорномаву сипосномаҳо гардидааст.

Эълон гардидани солҳои 20192021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои мо ҳунармандон такони тозае баҳри беҳтар намудани фаъолияти корӣ гардид. Дар соли рушди ҳунарҳои мардумӣ пойафзолҳои гуногун барои чаҳор фасли сол, ҳатто барои мактаббачагонро омода намудем. Минбаъд ҳунари аҷдодии миллати кӯҳанбунёди хешро боз ҳам ривоҷу равнақ медиҳем, афзуд ҳунарманд. Ҳунарманд фаъолияти худро соли 1994 оғоз намуда, имрӯз беш аз бист навъи пойафзолро тариқи дастӣ омода ва пешкаши харидорон менамояд. То имрӯз беш аз 15 нафар шогирд тарбия кардааст.

- Мо ҳунармандонро лозим меояд, ки дар роҳи иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат, барои аз байн нарафтани ҳунарҳои мардумӣ амал карда, баҳри рушди ин ҳунари қадима кӯшишу талош намоем, - гуфт Ғафурҷон Дадабоев

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh