ИҚДОМЕ, КИ БОИСИ ТАҲСИН АСТ

- Барҳақ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ симои деҳоти ноҳияи мо ба куллӣ дигаргун гашт, роҳҳо ободу мумфарш шуданд, даҳҳо коргоҳҳои хурду марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимиву табобатӣ бунёд ёфтанд. Танҳо ҳини сафари ҳаминсолаи Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи мо чандин иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, - мегӯяд бонуи ҳунарманд Мавзуна Ҳасанова, сокини деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ.

Дар ҳамсоядеҳаи мо Зеробод муассисаи таълимӣ бо бистуҳашт синфхона ба истифода дода шуд, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин мактаб даҳҳо нафар омӯзгорон, бахусус бонувон бо ҷойи кор таъмин гаштанд, фарзандони аҳли деҳа бо таълимгоҳи хуштарҳ дар наздикии хонаҳояшон фаро гирифта шуданд, ки ин боиси қаноатмандии сокинон аст. Худ ҳунарманд ҳастам. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат рушд ёфтану эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ ман ба занону духтарони деҳа ҳунарҳои қуроқдӯзӣ ва дӯзандагиро, ки аз модарам омӯхта будам, ёд медодам.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маркази ҳунаромӯзӣ атласу адрасбофиро омӯхтаму аз соли 2016 инҷониб ба ҷуз дигар ҳунарҳо атласу адрасбофиро низ ёд медиҳам. То имрӯз ба бештар аз дусад нафар ин ҳунарҳоро омӯзонидам. Ҳатто ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рафта, ба духтаракону занони хонашин ҳунарҳои миллиро омӯзонидам. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба бистуҳашт нафар духтаракон ҳунари қаннодӣ, кулчақандпазӣ, тайёр кардани хуришҳои гуногун ва таомҳои миллиро ёд додам. Шодам аз он, ки алҳол бештари шогирдонам сех ва ё марказ ифтитоҳ намуда, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.

‐Ҳини сафари худ ба ноҳияи мо муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»‐ро мавриди истифода қарор доданд. Бо баробари ба истифода додани ин иншоот беш аз 30 бонувон со‐ҳиби ҷойи корӣ шуданд. Дар ин коргоҳ, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова бунёд шудааст, сӣ мошини чокдӯзӣ, ду мошини йӯрмадӯзӣ, як мошини гулдӯзӣ насб шудааст ва барои рушду такомул додани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ ҳамаи шароит муҳайёст. Бояд гӯям, ки,‐мегӯяд Мавзуна Ҳасанова,иқдомҳои неки ин соҳибкор баҳри бо кор таъмин намудани духтарону ҷавонзанон боиси таҳсин аст.

Маҳз бо ташаббуси ин бону то ҳол даҳҳо занони деҳаҳои ноҳия соҳиби ҷойи корӣ гаштаву рӯзгорашон обод ва дастархонашон пурнозу неъмат шудааст. Ҳамаи ин, албатта, аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносист, ки соҳибкорони маҳаллиро баҳри иқдомҳои неку ободкорона тақозо мекунад.

Бонуи пурҳунар Мавзуна Ҳасанова дар ин коргоҳ ба духтарону занон ҳунари адрасбофӣ ва дӯзандагиро меомӯзонад. Навъу намудҳои адраси бофтаи онҳо, ки шоҳҷоизаи сурху кабуд ва печутобдори сиёҳ ном дорад, натанҳо ба сокинони деҳа, ҳамчунин ба бонувони шаҳри Панҷакент, дигар ноҳияҳо, ҳатто ба бонувони пойтахти мамлакат‐шаҳри Душанбе мақбул аст. Ин аз он дарак медиҳад, ки ин бонувони пурҳунар дар атласу адрасбофӣ чирадасту моҳир гаштаанд.

Имрӯз дар сехҳои дӯзандагиву марказҳои ҳунармандӣ, коргоҳи навифтитоҳгаштаи «Кӯҳсор» даҳҳо бонувони ноҳия ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа бо меҳнати суботкорона баҳри пешрафти сарзаминамон машғуланд ва шукрона аз диёри ободу пешрафта мекунанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh