САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисоди кишвар» бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии Кохи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, меҳмонону намояндагони соҳа баргузор гардид.

Дар ин конфронси бонуфуз муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021‐ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд.

Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳое, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда шуданд, фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори зарурии соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбӣ расонд. Дар ин радиф тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар се соли амалишавии Барномаи соҳаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд. Дар нақша‐чорабинӣ, ки доир ба соҳаи сайёҳӣ таҳия шудааст, аз 25 банд 23 номгӯи он пурра иҷро гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҷӯиҳои гуногун шумораи сайёҳон ва ҷаҳонгардон 3,7 фисад афзоиш ёфт.

Дар самти сайёҳии дохилӣ танҳо дар соли 2019‐ум аз 30 мавзеи сайёҳӣ зиёда аз 198 ҳазор нафар шаҳрвандон дидан намуданд. Ин нишондод далели он аст, ки мо дар сатҳи аввалини ҷойгиршавии сайёҳии дохилӣ қарор дорем. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид, иброз дошт Анвар Яъқубӣ.

Қайд бояд кард, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри нави сайёҳиро дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ хоҳанд монд. Хатсайри сайёҳӣ тавассути Душанбе – Истаравшан – Хуҷанд – Гулистон – Хуҷанд – Шаҳристон – Душанбе роҳандозӣ гардида, ҳадафаш муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои вилояти Суғд ва тақвияти сайёҳии дохилӣ маҳсуб меёбад. Шоистаи зикр аст, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯли Калон, Ҳафткӯл ва дигарон мусоидат менамоянд.

Алҳол дар бозори хизматрасонии сайёҳии вилоят зиёда аз 90 меҳмонхона, озмоишгоҳ, маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 40 ширкати сайёҳӣ, 1 кемпинг, 1 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, ҳамчунин зиёда аз 30 боғи фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 2 осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, 6 хона – осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иштирокдорон ва меҳмонони конфронсро таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушд дорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат моро зарур аст, ки аз ҳарвақта бештар баҳри ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.

Таъкид бояд намуд, ки давоми солҳои охир сохтмон ва азнавбаистифодадиҳии Осоишгоҳи «Баҳористон», маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» дар шаҳри Гулистон, маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, осоишгоҳи «Авис сити» дар шаҳри Истаравшан, меҳмонхонаи «Хуҷанд Гранд Ҳотел», «Хуҷанд делюкс» дар шаҳри Хуҷанд, «Нури Раҳмон» дар ноҳияи Айнӣ, «Сипеҳр» ва «Шоҳкант» дар шаҳри Бӯстон, маркази фароғатии «Суғд», маҷмааи фаввораҳо, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент», иншооти «Роҳи танобӣ», киштии рамзӣ тарабхонаи «Темурмалик» дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи сайёҳӣ – истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», азнавсозии меҳмонхонаи «Суғдиён» ва дигар иншооти сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Баъдан профессор, доктори илмҳои географӣ, ходими калони илмии шуъбаи географияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯктам Муртазоев дар мавзӯи «Омилҳои рушди соҳаи сайёҳӣ», номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов дар мавзӯи «Усулҳои муосири тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ», муовини директор оид ба корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Нодирахон Олимова дар мавзӯи «Сайёҳӣ - муаррификунандаи таъриху фарҳанг», муаллимаи кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мадинахон Каримова дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон», мудири шуъбаи рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Синдбод Амонбеков дар мавзӯи «Имкониятҳои рушди сайёҳии кӯҳӣ ва табобатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии ноҳияи Рашт Одилҷон Ҳайдарзода дар мавзӯи «Имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ дар водии Рашт» маърӯза намуданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh