МЕВАИ ИСТИҚЛОЛ - РУШДИ СИНАМОИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гардидани дастгирии ҷавонони эҷодкор ва рушди синамои миллӣ хизмати арзанда намуда, ҳамеша дастгирии ҷавонони эҷодкорро таъкид менамоянд.

Дар партави ин сиёсати созанда синамо чун аслиҳаи муҳими идеологӣ ва ҷаҳони иттилотӣ эътироф гардид. Шаш сол муқаддам рӯи кор омадани Муассисаи фарҳангии киностудияи “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов бешубҳа, аз дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Муассисаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов бо мақсади рушди синамои миллӣ мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд №23 аз 19‐уми январи соли 2015 таъсис ёфт. Аз 1‐уми марти соли 2015 Муассисаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов расман бо 11 воҳиди корӣ ба фаъолият оғоз кард. Давоми шаш соли фаъолияти “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов 10 филми бадеӣ ва мустанад ба навор гирифта шуд. Дар ин шаш сол муассиса зиёда аз даҳ филми ҳунариву ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта, сатҳу сифати хуби синамои тоҷикро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ муаррифӣ намуд. Фазои синамои миллӣ дар вилояти Суғд тавассути маъракаи “Рӯзҳои филмҳои Суғдсинамо” ва “ Филмҳои миллӣ дар деҳаи шумо” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд омода гардида, бештар аз 300 ҳазор тамошобин ғизои маънавӣ гирифтанд. Ҳамкорӣ бо ҳунармандони ҳирфавии пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе, кишварҳои пасошӯравии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Соли 2019 дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд филми ҳунарии “Тангно” намоиш дода шуд. Дар шаҳри Маскав бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия нахустнамоиши филмҳои ҳунарии “12 соли интизорӣ” ва “Тангно” доир гардид. Соҳиби се ҷоизаи кинофестивалҳои байналхалқӣ дар кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Англия, Шветсия, Бангладеш. Панҷ ҷоизаи кинофестивалҳои миллӣ. Моҳи апрели соли 2019 дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар Тошканд филмҳои “Суғдсинамо” намоиш дода шуд. Соли 2019 марҳалаи банаворгирии филми ҳунарии “Наставник” анҷом пазируфт.

Нахустин филме, ки муассисаи мазкур ба навор гирифтааст, филми кӯтоҳи «Коса» мебошад. Он дар бораи муносибатҳои оилавии се насл падар, писар ва набера нақл мекунад ва аз қиссаҳои мардумӣ гирифта шудааст. Дар филми мазкур ҳунармандон Ислом Саломов, Сайёда Турсунова, Бунёд Комилов ва ҳунарманди хурдсолу умедбахш Насим Раҳматуллоев нақш офаридаанд. Дувумин филми Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов «12 соли интизорӣ» мебошад. Дар филми мазкур низ ҳунармандони ҳирфаӣ: Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Насриддин Асадуллоев, Хуршед Мустафоев, Дилбар Сулаймонова ва дигарон бо маҳорати баланд нақшофарӣ намудаанд. Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари офаридани филмҳои ҳунарӣ гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов худро дар офаридани филми мустанад низ санҷиданд. Ҳамин тавр, гурӯҳи эҷодии муассисаи мазкур аз рӯзгор ва осори шоираи ширинкалом Фарзона филми мустанади «Духтари Сайҳун»‐ро ба навор бардоштанд. Инчунин, Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов филми мустанади «Умар‐ако»‐ро ба навор гирифт, ки офарандаи он коргардони ҷавон Далери Имомалӣ ва ҳайати эҷодии муассисаи мазкур мебошанд. Филми “Умар‐ако” дар бораи арзиши инсонӣ ва муборизаи ботинии ҳунарпешаи собиқадори Театри шаҳри Конибодом Умаралӣ Сатторов қисса мекунад. Қаҳрамони марказии филм Умаралӣ Сатторов ҳунармандест, ки санъати театр ва мусиқӣ барояш муқаддас аст.

Филми «Тангно» низ яке аз филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ба ҳисоб меравад, ки аз рӯйи романи «Тангнои гетӣ»‐и Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Сорбон бо ҳаммуаллифии филмнома Бахтиёр Каримов ба навор гирифта шуда, соли 2017 нахустнамоиши он баргузор гардид. Филми мазкур дар шаҳрҳои Маскав ва Панҷакент наворбардорӣ шуда, он аз рӯзгори талхи писарбачае бо номи Армон қисса мекунад. Дар филми «Тангно» ҳунармандон Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарипов, Муҳаммадшариф Раҳматуллоев, Сурайё Ҳакимова, Бунёд Комилов, Истад Мамадҷонова, Умарҷон Сатторов, Ғайрат Ҳамроқулов ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ намудаанд. Соли 2017 Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов боз як филми ҳуҷҷатиро бо унвони «Соҳибватан» ба навор гирифт, ки аз муваффақияти ҳафт ҷавони кишвар қисса мекунад. Бояд гуфт, ки ин филм бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳия шуда, барои баланд бардоштани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар давоми соли 2018 ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов филми ҳунарии “Сайёра ранг иваз мекунад”‐ро рӯи пардаи синамо баровард, ки то имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ намоиши он идома дорад.

Дар филми мазкур мавзӯи арзишҳои аслии инсонӣ ва қимати ҷони инсон аз ҳамаи молу дороӣ баҳс мешаванд. Дар ин филм низ нақшҳои марказиро ҳунармандони саршиноси синамои кишвар бозидаанд. Қобили зикри хос аст, ки то имрӯз филмҳои офаридаи Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов дар якчанд кинофестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, филми кӯтоҳҳаҷми «Коса»‐и муассисаи мазкур ҷоизаҳои «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ‐«Навсоз» дар Душанбе, «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди осиёимиёнагӣ «Орзу» дар шаҳри Лондон, «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокголм, Шветсия соли 2017, «Беҳтарин филм» дар ҷашнвораи «Симо»‐и телевизиони «Синамо» шаҳри Душанбе, ба даст овардааст. Инчунин, филми “Коса” дар 12‐умин Фестивали мусулмонони шаҳри Қазон ва Фестивали байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок намуда, аз ҷониби иштирокчиён ба хушнудӣ пазируфта шудааст. Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун», ки аз рӯзгор ва осори шоираи ширинкалом Фарзона қисса мекунад, сазовори Шоҳҷоизаи Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ‐«Навсоз», Душанбе, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», Душанбе гардидааст.

Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан» ҷоизаи “Беҳтарин филм”‐ро соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон” дар ҷашнвораи «Симо»‐и телевизиони «Синамо» соҳиб гардид. Филми ҳунарии «Тангно» 24‐уми апрели соли 2019 дар Кинофестивали филмҳои мусулмонии шаҳри Қазон барои беҳтарин филмнома бо диплом ва ҷоиза қадрдонӣ карда шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар кинофестивали мазкур филми мустанади “Умар‐ако” низ иштирок кард, ки бо ҳузури худи қаҳрамони филм Умаралӣ Сатторов намоиши он баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ сазовори баҳои хуб гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов то имрӯз дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамоии “Фаҷр” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2016, “Филмҳои кӯтоҳи Теҳрон” соли 2016, “Кинопроба” дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия соли 2017, “Қирғизистон кишвари филмҳои кӯтоҳ” соли 2017, “Евроазия” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2018, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2019 иштирок намуда, синамои миллии тоҷикро муаррифӣ намудаанд.

Ба истиқболи 30‐юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Тоҷикфилм” ва маркази продюсерии “Футура магнум” филми ҳунарии “Суруди носуруда”‐ро ба навор гирифт. Филми мазкур аз рӯи сенарияи Бахтиёр Каримов ва Муҳиддини Музаффар рисолаи дипломии хатмкунандаи ВГИК – Донишгоҳи олии синамои Россия Муҳиддини Музаффар аз таълимгоҳи коргардонии Валерий Аҳадов дар базаи техникии “Тоҷикфилм” наворбардорӣ мешавад. Ин драмаи тунди иҷтимоӣ тақдири ду рафиқро дар пасманзараи солҳои 90‐уми қарни бистум дар Тоҷикистон ба риштаи тасвир мекашад. Қаҳҳор ва Маннон дӯстони деринаи мактабианд. Якҷоя дар дастаи ҳунарии созҳои мардумӣ то лаҳзаи парокандашавии ансамбл ҳунарнамоӣ мекарданд. Ҳамроҳ ба зовути қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ба кор омаданд. Новобаста аз хоҳиши худ ҳолати мушкилоти молиявӣ онҳоро водор намуд, ки аз коргоҳ қисмҳои эҳтиётии автомобилро дуздида фурӯшанд. Қаҳҳор дар вазъияти муташанниҷ қарор дошт. Ояндаи худро барои худу писаронаш тамоман дигар хел тасаввур мекард. Аммо, писари калониаш Алиҷон ба роҳи фиребгарӣ рафт ва ягона умедаш ба писари хурдиаш Азизҷон донишҷӯйи Консерваторияи мусиқии Маскав буд. Боре хоҳиши Маннонро ба ҷо оварда, Қаҳҳор маоши худро ба ӯ дод ва ба ивазаш чиптаи лотереяи Маннонро гирифт. Маҳз бурди ҳамин лотерея мошини “Москвич”‐и наҳс минбаъд байни рафиқони дерина тафриқа андохт. Маннон дучори ғами духтари бемораш гардид. Ҳарчанд вай ба ихтиёри худ лотереяро ба Қаҳҳор дода буд, аммо моҷарои хонаводаҳо идома меёфт. Чунин ҳолат боиси кафидани девори дӯстӣ гардид. Қаҳҳор мубталои беморӣ шуд ва бармаҳал вафот кард. Аммо ҳақиқати талхи дигаре пас аз марги Қаҳҳор ошкор мешавад ...

Дар арафаи 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ду филми навро муаррифӣ мекунад. Яке филми ҳунарии “Суруди носуруда” ва дигаре нахустнамоиши филми ҳунарии “Аз миллион яке” аз рӯзгори Президенти Маркази байналмилалии рушди инсон “Само” ‐Саидмурод Давлатов. Ин нахустин ҳамкории эҷодию техникии дастаи созандагони филм аз “Суғдсинамо” ва “Тоҷикфилм” мебошад. Филм бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Конибодому Исфара, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Президенти Маркази байналмилалии рушди инсон - “Само” Саидмурод Давлатов наворбардорӣ ва таҳия мешавад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh