КОҲИШЁБИИ МАЪРАКАҲО БО САБАБИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРӢ

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021-уми шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо иштироки сармутахассис Саъдуллозода Аюб Асадулло, мутахассиси пешбар Меҳрафкан Мирзоҳофизиён ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ҳамагӣ 8381 маъракаву маросим баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2020 – ум 2152 адад кам мебошад. Сабаби кам гардидани тӯю маърака ин бо назардошти пешгирӣ аз бемории коронавирус мебошад.

Давоми шашмоҳаи аввали соли 2021‐ум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ 74 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, ки ин рақамҳо бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад. Дар 8381 маъракаву маросими дар шашмоҳаи аввали соли 2021 баргузоргардида, 29.876.143 сомонӣ хароҷот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ кам масраф шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 теъдоди маъракаи «чил» нисбат ба шаш моҳи соли 2020 494 адад ва теъдоди маъракаи «сол» нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 343 адад зиёд гардид. Айни ҳол дар қаламрави вилоят 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ, 802 масҷиди панҷвақта ва 17 иттиҳодияи динии ғаириисломӣ, дар маҷмуъ 923 иттиҳодияи динӣ дар асоси талаботҳои конунгузории соҳа фаъолият намуданд.

Аз ҷониби кормандони соҳа ҷиҳати иштирок накардани ноболиғон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба имомхатибон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳамаи имомхатибон моҳияти масъала ва сиёсати имрӯзаи давлат дар соҳаи дин ва махсусан талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаҳмонида дода шуд. Дар даромадгоҳи ҳамаи масҷидҳо банди 16, моддаи 8уми қонуни мазкур иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд иқтибос насб шудааст. Кормандони соҳа ҳар ҳафта интихобан рафти баргузории намози ҷумъа ва иштироки ноболиғонро дар масҷидҳои ҷомеъ зери назорат қарор медиҳанд. Хушбахтона, моҳиятан талаботи қонуни мазкурро шаҳрвандон дуруст дарк кардаанд ва иштироки ноболиғон дар масҷидҳо мушоҳида намегардад.

Доир ба назорати риояи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони шуъба бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур дар нуқтаҳои фурӯши адабиёти динӣ ва дигар ашёву маводи таъиноти динидошта, панҷ маротиба рейди муштарак гузарониданд. Маълум гардид, ки ҳамаи фурӯшандаҳои китобҳо аз талаботи қонунгузории соҳа огаҳӣ доранд ва аз ҷониби онҳо китобҳои ғайриқонунӣ ва аз ташхиси динӣ нагузашта ба фурӯш монда нашудааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh