ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МАҶМААИ «ИСТИҚЛОЛ»?

–Дар вилоят 716 муассисаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва китобхонаҳо ба истиснои касбӣ, мамнуъгоҳҳо, коллеҷҳои фарҳангӣ, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр ва аз он ҷумла 62 ансамбл фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод 8 бино дар ҳолати садамавӣ буда, 109 бино таъмирталаб мебошанд,–изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилоят.

Ҳамчунин, мувофиқи иттилои Раёсати фарҳанг дар ҳудуди вилоят 22 боғи фарҳангӣ‐фароғатӣ фаъолият доранд, ки бо аттраксиону чархофалакҳои хурду калон баҳри осоиш ва истироҳати сокинони шаҳру навоҳӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

 Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба санаҳои таърихӣ, рӯзҳои ҷашн силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву сӯҳбатҳо, баромади дастаҳои гуногуни бадеӣ, намоишҳои театрикунонидашуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоишҳои ҳунарӣ ва барномаҳои консертӣ доир мешаванд. Ҳамчунин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили «Сад ранги чакан», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланди фарҳангӣ‐маърифатӣ гузаронида шуданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30‐солагии Истиқлоли давлатии кишвар фестивалу озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман, «Андалеб–2021» гузаронида шуда, ғолибон пайваста бо туҳфаҳои пулӣ, диплому ифтихорномаҳо қадр мешаванд. Рӯзноманигорон аз сардори Раёсат вазъу ҳолати имрӯзаи Маҷмааи таърихӣ‐фарҳангии «Истиқлол», воқеъ дар шаҳри Хуҷандро пурсон шуданд. Мавсуф қайд намуд, ки аз нимаи моҳи феврали соли равон сар карда, дар муассиса корҳои таъмиру тармим оғоз шудааст ва дар айни замон бомаром идома доранд.

Дар нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки рӯзҳои наздик баҳри дастрасии хонандагон ва иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба китобҳои дар номинатсия буда 145 ҳазор дона китоб ба вилоят ворид мешавад. Ҳарчанд муассисаҳои соҳаи фарҳанг то андозае ниёзҳои фарҳангиро дар қаламрави вилоят таъмин менамоянд, вале норасоиҳо низ кам нестанд. То ҳанӯз пояи моддию техникии китобхона‐филиалҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи паст қарор дошта, онҳо бо технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ қисман таъмину муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар охир иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни таърихии сисолагии Истиқлол дар маркази вилоят баргузории Намоиш-парад ва барномаи калони театрикунонидашуда дар назар аст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh