УМРИ АБАД

Аз пайроҳаи сабзпӯш қадам мезанам. Роҳ моро сӯи қадамҷои бузурге раҳнамун аст. Дар даромадгоҳи зиёратгоҳ андаке таваққуф менамоям. Навиштаҷотеро, ки дар пештоқи дарвозаи рамзӣ навишта шудааст, мехонам: «Зиёратгоҳи нависанда Тоҷӣ Усмон».

Абдуқодир Нурматов – набераи адиб Тоҷӣ Усмон аст. Ӯ маро ҳамроҳӣ дорад. Соате чанд бо ин марди накӯрафтору хушгуфтор ҳамсуҳбат мешавам ва аз зиндагиномаи бобояш – нависанда, рӯзноманигори хушқалам Тоҷӣ Усмон бохабар. «Оинаи таърих». Чунин унвон дорад, деворнигорае, ки ҳамарӯза мо, кормандони идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба он рӯ меоварем.

Дар қатори акси сармуҳаррирони пешинаи рӯзнома, ки давоми солҳои гуногун фаъолият доштанду, ба қавле рӯзномаро гул кунонидаанд, акси Тоҷӣ Усмон – ҳамоне, ки аз рӯзҳои аввал ба сифат, мазмуну мундариҷаи он аҳамият медод, барои кор аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ беҳтарин эҷодкоронро даъват намуд, то ҳамаи чаҳор саҳифаи рӯзнома хонандаи худро дошта бошад, ба сӯямон бо муҳаббат менигарад. Кист ӯ, ки бо гузашти беш аз сад сол то ҳанӯз ҳамагон номашро бо меҳрубонӣ ба забон мегиранду марқадаш қадамҷои аҳли ҷомеа аст? Ба аксҳое, ки бароям Абдуқодир Нурматов додааст, дида медӯзам. Модари нависанда, бародараш Ҳакимҷон, ҳамсари ҳаётиаш Битуҳфа, духтараш Биофтоб дар ҳалқаи пайвандон, ҷомеаи меҳнатии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14‐уми Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми омодагӣ ба ҷашни 100 – солагии адиб ва ғайраҳо. Ин аксҳо бозгӯи зиндагинома ва ҳаёти ширину гуворои Тоҷӣ Усмон аст.

Хонае, ки адиб ба дунё омадааст, ҳамагӣ дару як тиреза дорад, девораш похсагӣ, бомаш паст, аммо аз дохили он гӯё нур меборад, нури равшанафрӯзи маърифат, илму дониш, қаламфарсоӣ, шеъру шоирӣ. Воқеан, Тоҷӣ Усмонро мардум, бахусус аҳли қалам бо маҷмӯаи «Бисту се адиба», ки таълифи он соли 1957 аст, ба хубӣ мешиносанд. Охир маҳз ин қаламкаш тамоми умри бобаракаташро сарфи омӯзиши паҳлуҳои ҳаёти ҳамаи адибаҳои форсу тоҷик кард. Таърихи адабиётро пурра омӯхт, мавриди паҷӯҳиш қарор дод. Барои гирд овардани маълумоти мукаммал ва пурарзиш ба адиб лозим омад, ки бо нодиртарин дастнависҳо, маъхазу адабиёти қадима ошно гардад. «Тоҷӣ Усмон. Ғазал аз шоираҳои давраи гузашта барои шаби адабӣ бахшида ба эҷодиёти шоираҳои тоҷик, августи соли 1963». Ин навиштаҷоти рӯи дафтари муқовааш рангпарида аст, ки бо хати форсӣ навишта шуда, таърихи наздик шастсола дорад. Онро варақгардон менамоям. Ғазалҳои шоираҳо Робиа, Маҳастӣ, Меҳрии Ҳиротӣ, Зебуниссо мутахаллис ба Махфӣ, Зиннатунниссо (хоҳари хурдии Зебуниссо), Тоҷуддавлат, Маҳзуна, Нодира, Тоҳира, Маҳҷуба, Муаззамхони Хуҷандӣ, Исматии Бухороӣ, Исматии Самарқандӣ, Ҳаётӣ, Зубайда ва дигарон, ки бо хати хоно ва зебо навишта шудааст.

Бешак, ин дастнавис барои таълифи китоби «Бисту се адиба» поягузор аст. Ҳатто баъди ба чоп расидани ин маҷмӯа Тоҷӣ Усмон ором нагирифт. Вай бисёр мехост ин мавзӯъро идома бахшад ва ба ин муваффақ ҳам шуд. Баъди чанде китобе бо унвони «Шоираҳои боистеъдод» ба дасти ҳаводорони назм расид. Дар пешгуфтори ин китоб Муҳаммадҷон Раҳимӣ чунин нигоштаанд: «Мақсуди мо ва нашриёти давлатӣ аз нашри китоби «Бисту се адиба» ба куллӣ равшану фаҳмо буд. Дар китоби мазкур намунаҳои як қисми назми бузурги гузаштагони мо, аз муҳити ёздаҳ аср инъикос ёфтаанд. Аз ҷумлаи бисёр адибаҳои он замонҳо як ҷузви муҳими намунаҳои ашъори бисту се нафар пешқадамтарин адибаҳоро бозёфт карда, барои нашр тайёр намудан яке аз вазифаҳои хеле муҳим буд. Дар ин бора ташаббуси рафиқ Тоҷӣ Усмон низ, хоса дар ҷамъ овардани намунаҳои ашъори соҳибони китоби «Шоираҳои боистеъдод» шоёни табрик аст».

Бале, Тоҷӣ Усмон барҳақ адиб ва муҳаққиқи пухтакору донандаи хуби адабиёт будааст. Ӯ муносибати рӯякиро нисбат ба мавзӯи дӯстдоштааш раво надида, зиндагиномаи ҳар як адиба ва ҳаёти илмию адабии онҳоро пурра мавриди омӯзиш қарор додааст. Зери тадқиқоту омӯзиш қарор додани осори адибаҳо аз адиб тақозо дошт, ки далелҳояшро дар асоси сарчашмаҳои муътамади илмӣ, тазкираву таърихномаҳои қадимӣ муътамад созад. «Шоира Маҳастӣ» асари дигари илмӣ тадқиқотии Тоҷӣ Усмон аст, ки доир ба эҷодиёт ва мероси адабии шоираи забардасти аввалҳои асри дувоздаҳ, ҳамзамон ва ҳамсуҳбати шоирони бузург Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ Шоира Маҳастӣ бахшида шудааст. Маҳастӣ аз нигоҳи Тоҷӣ Усмон шоираи боистеъдоду ҷафокашидаи даврони худ буд, ки як рӯзи равшан надидааст.

Бо мутолиаи шарҳи ҳоли шоира хонанда дарк менамояд, ки маҳорати санъаткорӣ ва муҳаббати ҷавонию нокомиҳои ин бонуи шеърнавис дар маъхазу ҳуҷҷатҳои таърихӣ хеле боварибахшу возеҳ қаламдод шудааст. Қимати илмию бадеии баланди «Шоира Маҳастӣ» боз дар он аст, ки Тоҷӣ Усмон тавонистааст, намунае чанд аз эҷодиёти парокандаи шоираро аз тазкираю китобҳои таърихӣ гирд оварда, дар маҷмӯа ҷой диҳад. «Духтари ниқобдор». Ин повестро ҳангоме мутолиа намудам, ки аз дасти набераи бобо – Абдуқодир китоби нависанда Маҷид Салим «Ёдгори умр», ки бахшида ба 100 – солагии хотираи адиб, олим ва рӯзноманигори тоҷик Тоҷӣ Усмон навишта шудааст, гирифтам. «…Дарвоза кушода шуд.

Аз он ҷо ба ҷои лашкар фақат як савори сиёҳпӯш, ки дар рӯяш ниқоб кашида буд, берун омад. Аз мӯйҳои дарозу парешонаш маълум буд, ки он ҳам мард не, зан аст. Тарбузи ҳамаи балхиён аз бағалашон афтид. Сипоҳиёни душман аз ин ҳол ба завқ омада, аз нав ба сари балхиён ҳамла оварданд. Аспи саманди зани ниқобдор бозикунон пеш меомад ва шамшер дар дасти ӯ барқ мезад. Аз асптозии бебокона ва шамшербозии моҳиронааш фаҳмидан мумкин буд, ки ин зан аз занони одӣ нест, эҳтимол машқи ҳарбӣ ҳам гузаштааст, чунки вай қомат хам намекард ва нотарсона рост ба майдони ҳарбу зарб асп медавонд…». Ин порча бозгӯи қаҳрамониву диловарӣ ва ҷоннисории духтари ҳокими Балх Робиаи Балхист. «Духтари ниқобдор»‐ро бешак, падиди тозае дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон хоҳем гуфт, зеро ҳангоми мутолиаи асар хонанда бо лаҳзаҳои хеле хушу гуворо, шодию нишот, барору нобарориҳои шоира аз наздик шинос мешавад. Маҳорату истеъдоди Робиаи Балхӣ, часпу талошҳои ӯ барои расидан ба ишқу муҳаббат ва бо сӯзи дил иншо намудани шеърҳои ошиқонааш дар асар хеле зебо ва моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудааст. Лозим ба ёдоварист, «Ёдгори умр» аввалин маҷмӯаест, ки хонандаи имрӯзаи тоҷикро бо ҳаёту фаъолияти илмию адабии Тоҷӣ Усмон ошно месозад. Зеро адабиёти солҳои 30, 40 ва панҷоҳуми асри бисти тоҷикро бидуни номи адиб ва публитсисти шинохта Тоҷӣ Усмон тасаввур наметавон кард.

 Баъдан, фидоии роҳи маърифат, илму фарҳанги тоҷик бо навиштаҳои хеш – асарҳои илмию адабиаш «Ганҷи шеъри тоҷикӣ», «Кашфи асрор», «Бисту се адиба», «Ханда ва истеҳзо», «Шоираҳои боистеъдод», «Шоира Маҳастӣ», «Муборакқадам», «Духтари ниқобдор», «Лаънаткардаи халқ» ва ғайраҳо маҳбуби ҳамагон шуд. Пайроҳаи умри Тоҷӣ Усмон доманадор аст. Ин марди меҳнатқаринро агар яке тавассути ҳикояву повестҳои хонданбобаш шиносад, дигаре бо ҳазлу шӯхиҳои намакин ва савумӣ аз рӯзгори рӯзноманигорию муҳаққиқиаш ҳарф мезанад. Тавре Маҷид Салим менигорад, солҳои бистум Тоҷӣ Усмон аллакай миёни ҳамсолонаш фарқ мекард. Дарси падар ва ҳаётро, ки омӯхта буд, дар зиндагӣ раҳнамояш гардид. Баъди корҳои хоҷагӣ гоҳ гоҳе нишаста, ба навиштани шеъру ҳикоя машғул мешуд.

Соли 1924 баъди хатми омӯзишгоҳи кишоварзӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият дошт. Аммо дар ҳама ҷо ҳушу ёдаш ҳамоно ба адабиёт, шеъри оламгири форсӣ банд буд. Аввалҳо менавишт, бо қавли худаш эҷод мекард. Навиштаҳои худ ва имрӯзиёнро бо авроқи рангини Ҳофизу Бедил, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ қиёс мекарду дилаш хиҷил мешуд. Ҳайрон мемонд, ки навиштаҳояш ҳанӯз хоманд. Баъди ин андешаҳо баъзан моҳҳои дароз қалам ба даст намегирифт. Пакару хаёлманд дар гирдоби андешаҳояш ғарқ ба коре худро андармон карданӣ мешуд. Танҳо рӯзе, ки китобҳои нависандаи тоҷик Садриддин Айниро дастрас намуда, бо шавқу ҳавас хонд, фаҳмид, ки ранҷу заҳмати нависандагиро на ҳар эҷодкор ба дӯшаш гирифта метавонад. Боз ҷиддӣ аз пайи навиштан шуду нахустин чакидаҳои хомааш ба табъ расиданд. Баъдтар Тоҷӣ Усмон муҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (ҳозира Ҳақиқати Суғд) таъин гардид. Ӯ ин рӯзномаро дар як муддати кӯтоҳ ба минбари озоди адибону эҷодкорони умедбахш табдил дод. Маҳз ҳамон солҳо бо даъвати Тоҷӣ Усмон адибони хушсалиқа Ҳаким Карим, Қурбон Баҳлулзода, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ ба идораи рӯзнома ба кор омаданд.

Рӯзномаи «Ҳақиқат» ба рӯзномаи дӯстдоштаи мардум табдил ёфт. Соли 1933 баъди хатми донишгоҳи ҳизбии осиёимиёнагӣ Тоҷӣ Усмон ҳаёти минбаъдаи худро пурра ба матбуот бахшид. Ҳамон сол чанде дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Сурх», ҳоло «Ҷумҳурият» фаъолият намуд. Соли 1934 бошад, Тоҷӣ Усмон муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бо роҳи Ленин»‐и вилояти Ленинободро ба уҳда дошт. Аз рӯзҳои нахустини қадам ба ин даргоҳи муқаддас ва ҷодаи каламфарсоӣ гузоштанаш ба сифат, мазмуну мундариҷа ва географияи маҳалли хабару мақола, гузоришу лавҳа аҳамияти калон медод. Эҷодкорони беҳтарини шаҳру навоҳии кишвар мехостанд ҳамроҳи ин марди наҷиб фаъолият дошта бошанд.

Тоҷӣ Усмон кӯшиш мекард, ки саҳифаҳои рӯзнома хонандаи худро дошта бошад. Тоҷӣ Усмон ҳангоми дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доштанаш, дар идораҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мудири шуъбаи собиқ Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор карданаш тавонист бо маҳорати баланди ташкилотчигӣ байни мардум соҳибобрӯ гардад. Солҳои пурдаҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ майдони ҷанг ҷавлонгаҳи ин марди шуҷоатпеша буд. Иштирок дар набардҳои зиёд ва задухӯрд бо душман адовати ӯро торафт зиёд карда, ғайрату матонаташро бештар мекард. Чанде нагузашта матбуоти ҳарбӣ хабар ёфт, ки Тоҷӣ Усмон барин нависандаи қаламбадаст дорад. Фаъолияти пурсамари рӯзноманигории ҷавонписари бебок дар матбуоти ҳарбӣ низ мушоҳида шуд. Баъди итмоми ҷанг ва ба даст овардани ғалаба рӯзномаи дӯстдоштааш «Тоҷикистони Сурх» ӯро ба ҳузур пазируфт.

Ҳампешагон дар симои Тоҷӣ Усмон адиби ҷӯяндаю пухтакореро медиданд. Абдуқодир Нурматов набераи Тоҷӣ Усмон буда, дар бораи бобояш қиссаҳои зиёде медонад. Ӯ мегӯяд, нахустин коре, ки ман аз бобои рӯзноманигору нависандаам омӯхтаам, ин ҳунари дӯзандагӣ ва бастани таоми тоҷикӣ – манту буд. Зиёда аз ин хонаи онҳо ҳамеша бо иштироки адибони шинохта Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигарон шукӯҳи тозае ба худ касб мекард ва ба маҳфили адабӣ табдил меёфт.

Набераи дигари Тоҷӣ Усмон Манижа Сангин сарояндаи хушовоз буда, муаррифгари кишвари тоҷикон дар Федератсияи Россия аст ва ифтихор дорад, ки давомдиҳандаи насли бобои суханвараш аст. Саҳифаҳои таърихро варақгардон намуда, доир ба фаъолият ва кору зиндагиномаи Тоҷӣ Усмон, ҳамоне, ки ҳамарӯза ба мо рӯзноманигорони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бо чашми хирад назар менамояду моро ба пухтакорӣ даъват, маълумоти зиёдеро дастрас мекунад. Мехоҳам, дар навиштаҳоям тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ӯро мунъакис созам. Зеро баъди суҳбат бо набераи ӯ ва чанде дигар аз пайвандону ҳамдеҳагонаш маро хоҳиши навиштани китоби муфассале дар бораи ин адиби хушсалиқа пайдо шуд, зеро ҳар як китоби таълифдодаи ӯ худ панди ҳаёт барои имрӯзиён аст. Инак, бо гузашти 115 сол мо, имрӯзиён ёд аз ин нависандаи хушсалиқа, рӯзноманигори соҳибқалам, публитсисти беҳамто, ҳаҷвнигори нозукбаён менамоем.

Даме, ки ин сатрҳо иншо мешуданд, пеши назар симои бовиқор ва меҳнатдидаи падари мо, ҳақиқатчиён ҷилвагар мегардад. Тоҷӣ Усмонро дар рӯ ба рӯи худ дида, бо ӯ суҳбат менамудам, нигоҳи андешамандона, гоҳе ризо ва гоҳи дигар норизои ӯ ба чашм меафтод, маротибаи сеюм ин нигоҳ маро ҳушдор медод, ки нисбат ба касби интихобкардаам пурмасъулият бошам, дар барориши рӯзнома ҳиссаи арзанда гузорам, барои ояндагон намуна ва гузаштагонро арҷгузор бошам. Нигоҳҳо ба он далолат мекарданд, ки ному эҷоди ин қаламкаш то ҷовидонаҳо пойбарҷо бошад. Ба қавли нависандаи «Ёдгори умр» «… гӯё ҳоло ҳам аз дуриҳои дур савти таронаҳои рангини «Бисту се адиба» ба гӯш мерасанду «Шоираҳои боистеъдод» аш шеъргӯӣ мекунанд.

Ва ӯ умри абад меёбад, умре, ки дар саҳифаҳо, китобҳо, навиштаҳояш дарҷ ёфтаанду аз рӯзгору эҷоди Тоҷӣ Усмон ҳикоят мекунанд…».

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh