МАЪНИИ СОФ, КИ ДАР ҚОЛАБИ АЛФОЗИ ХУШ АСТ

Мегӯянд: оина гӯё кафи равшангар аст. Ба ин маънӣ бо иродаи дигар менигарем-ҳаёт риштаҳои дӯстиву рафоқату одамиятро дар вуҷуди ҳар инсон бо рафти солҳо мустаҳкам месозад, ки гумон аст касеро ба ҳайрат гузорад. Дар ин росто, бо камоли меҳр менависам, ки бо инсони некдил Абдуҳаким Шарифов ҳанӯз соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду сеюм, ғоибона, аз суҳбати ҳамкасбу рафиқи бегумонам Ҳомидҷон Шарифов-акои Абдуҳаким дар шаҳри Тошканд гӯё шинос шудаам. Он айём дар Мактаби Олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил мекардаму журналист Ҳомидҷон Шарифов дар васоити ахбори умуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти густурда дошт.

Дар вақти фориғ аз кор барои дидорбиниам меомаду моҳардуямон дар чойхонаи машҳури канори Анҳори ин шаҳри азим суҳбати дӯстонаро дар сари як пиёла чойи кабуд мегузаронидем. Ҳамон замон ӯ гуфта буд, ки бародараш Абдуҳаким дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ба сифати муаллим кор мекунад… Ва тақдирро месазад, мукаррам донист. Солҳои ҳазору нӯҳсаду наваду шаш‐наваду ҳашт ман дар вазифаи мудири Маркази матбуоти Раиси вилоят кору фаъолият доштаму ҳамин вақт Абдуҳаким Шарифов ба ҳайси мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ‐фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ‐сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии (ҳоло шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа)‐и дастгоҳи Раиси вилоят таъйин шуда, кори пурмасъулияту муҳиму доманфарохро бо иродаи устувор пеш мебурд. Бо тақозои иҷрои вазифа мо бо ҳамдигар аз наздик шинос шудем.

Инсони ҳалиму хушмуомила ва дар муошират накӯниҳодро ҳамчун дӯсту рафиқ донистам ва эҳсос намудам, ки ҳамон айём бародари ҷониаш Ҳомидҷон Шарифов (руҳаш шоду маъвои охираташ обод ва хотироташ нек бошад!) дар хусуси укааш чӣ хушгуфтанҳо дошта буд. Ва ба гуфтори ҳакиме «Ҳаст оинаи софе, ки дар дасти инсони пок аст» бори дигар эҳтиром овардаам. Кунун биёед, бо зиндагиномаи ин марди накӯхисол аз наздиктар шинос мешавем, ки чӣ кору пайкоре дар ҷомеа кардаасту дорад: аввалан, Абдуҳаким Шарифов зодаи деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Хуҷанд (феълан ноҳияи Б.Ғафуров) буда, бисту нӯҳуми майи соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу як чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи мактаби ҳаштсолаи рақами 37‐и деҳа ва Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод дар солҳои ҳазору нӯҳсаду шасту панҷшасту нӯҳ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)‐солҳои ҳазору нӯҳсаду шасту нӯҳ‐ҳафтоду чорум. Хушбахт ва ифтихорманд аст, ки ӯ аз сентябр‐декабри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду панҷ шунавандаи факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов буд. Ҳамчунин моҳҳои март‐майи соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт коромӯзи кафедраи педагогикаи мактаби олӣ‐Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Москва ба номи В.И.Ленин буда, маҳорати касбиашро густариш бахшидааст. Таҳсил дар аспирантураи солонаи ҳамин донишкада, аз октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт то октябри соли ҳаштоду ҳашт ҷараён гирифтааст.

Дар замони муосир Абдуҳаким Шарифов аз 30‐юми апрели соли дуҳазору шаш то дуюми майи соли дуҳазору шашум шунавандаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ин ҳама раванди таҳсилу такмилу сайқали донишу маҳорат ва малакаи касбӣ ба истеъдод ва азму суботи ин фарзанди диёр, кору пайкору иҷрои вазифа гӯё ки донаҳои сара зам намудаанд. Ва ин донаҳои сараву пухта дар мазраи дили поку саргаҳи иродаи некаш сабз шудаву сарсабзӣ дошта. Дар ин масир оқиле гуфта «Об бувад маънии равшан, хуб агар баста шавад гавҳар аст». Хуб, кунун донишҳои назариявии худро дар амал чӣ гуна татбиқ намуд ва чӣ дастовардеро соҳиб шуд? Ана, ӯ пас аз хатми донишгоҳ расо чор сол‐аз сентябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду чор то сентябри соли ҳафтоду ҳафт ба сифати ассистенти кафедраи таърихи нав ва навтарини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон истеъдод ва дониши худро санҷид, муваффақият ба даст овард.

Бо тақозои вақт ба шаҳри Хуҷанд аз пойтахти кишвар бо кӯлбори ғании маърифат омад ва ба ҳайси ходими калони илмии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоят давом аз сентябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду ҳафт то ноябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду нӯҳ кору фаъолияташро пеш бурд. Чунонки мегӯянд: Донам, насими Овчиқалъача ба Хуҷанд вазидааст. Минбаъд тақдири кору пайкорашро Абдуҳаким Шарифов ба Донишкадаи омӯзгории шаҳр (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров) бипайваст. Дар ин боргоҳу маъвои хираду маърифат дар давоми солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду ҳашт то октябри соли ҳаштоду нӯҳ дар вазифаи муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ (аз октябри ҳамон сол дотсенти муштараквазифа дар ҳамин кафедра) пурсамар ва бо камоли масъулиятшиносӣ заҳмат намуд. «Рӯзгоре маънии нағзаш фаҳмидан инсонист»‐гуфтаанд аҳли маърифат.

Абдуҳаким Шарифов дар донишкада қобилияту маҳорати ташкилотчӣ ва корбарии хоси худро муаррифӣ карда тавонист ва ӯ давоми даҳ соли расо‐аз октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду нӯҳ то июни соли наваду ҳаштум дар вазифаи раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар меҳвари масъулият, одамият, шаффофият ва меҳрубониву ҳамдигарфаҳмӣ кору пайкор дошта, мавқеи ин ниҳоди иҷтимоиро устувор нигоҳ дошта тавонист ва гуфтори оқиле «қисса дар муддат дорад сомоне» исботи худро ёфт.

Абдуҳаким Шарифов, ин марди шарифу инсони хайрхоҳ ва масъулиятшинос, рисолати зиёӣ будани хешро дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мукаррам башорат намуд: дар ҳар вазифае, ки кор кард, мавқеи инсонӣ, корбарӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳоро устувор нигоҳ дошт ва байни аҳли фаъолият нуфузу обрӯ пазируфт. Дар вазифаи мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ‐фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ‐сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии дастгоҳи Раиси вилоят расо бисту се сол фаъолияти шоиста ва вусъатбор намуд. Солҳои ду ҳазору дувоздаҳ то ду ҳазору понздаҳ ба ҳайси мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ифои вазифа дошт. Дар ҳамин давр муваққатан иҷрокунандаи вазифаи муовини Раиси вилоят дар якчанд алоҳида моҳи солҳои ду ҳазору як, ду ва ду ҳазору сеюм худро ҳамчун шахси кордону сиёсатмадор дар мазраи ҳаёти ҷомеаи муосир зуҳур намуд, ки гуфтори орифе «Сафомеҳрӣ баски дар дилҳои мардум ҷо гирифт» барояш мансубият дошт. Ва боз ба кори таълиму тадриси педагогӣ пайваст‐аз сентябри соли ду ҳазору понздаҳ то сентябри соли ду ҳазору ҳафтдаҳ ба ҳайси дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кард.

Устоди пурдон ва соҳибмаърифат Абдуҳаким Шарифов як соли дигар, аз сентябри соли ду ҳазору ҳафтдаҳ то сентябри соли ду ҳазору ҳаҷдаҳ, дар вазифаи котиби ҳамоҳангсози Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо масъулияти том заҳмат намуд. Азбаски ин марди шариф, пеш аз ҳама, омӯзгор‐муаллим, педагоги варзида, ки дар вуҷудаш меҳру муҳаббати таълиму тадрис саршор аст, боз ба кори маърифатандӯзии ҷавонон пайваст. Аз сентябри соли ду ҳазору ҳаҷдаҳ то ба имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолияти касбӣ дорад. Ин марди донишманд номзади илмҳои педагогӣ аз понздаҳуми марти соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду нӯҳ, дотсент аз соли ҳазору нӯҳсаду наваду дуюм унвони илмиву касбиро мушарраф гардидааст. Муаллифи беш аз яксаду сӣ мақола, тезисҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва муҳаррири китобҳо мебошад. Солҳои ду ҳазору панҷ‐даҳ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Б.Ғафуров интихоб шудааст. Заҳматҳояш бо якчанд ифтихорномаву нишонҳо, медалҳои ҷашнӣ ва унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд. Соли ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ ба гирифтани Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Соҳиби оилаи намунавӣ, чор фарзанд ва чордаҳ набера буда, се писараш ва духтараш дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар мебаранд. Ҳамсараш омӯзгор, дар таълиму тарбияи насли ҷавони замон хизматҳои шоиста намудааст.

-Дар ҳақиқат ба Абдуҳаким Шарифов зиндагии пурбаракате насиб гаштааст,‐мегӯяд Абдуворис Мингбоев‐олими пурдон, ки бо қаҳрамони ин навиштаи ман солҳои тӯлонӣ ҳам дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳам дар макотиби олӣ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, кору заҳмат намудааст. – Ин марди шариф ва саодатпешаи маорифу маърифат бо ташаббусҳои наҷиби худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то орзуҳояш ҷомаи амал бипӯшанд.

-Устод бо лутфу суханони зебову пурмаънӣ ва дилнишин аз донишу маърифат, одобу ахлоқи нек ва одаму одамият изҳори андеша менамояд. Ӯ шахси ҳалиму меҳрубон, заҳматкаш, серталаб, поквиҷдон, тарбиятгари насли наврас ва фарзанду наберагон аст, мегӯяд собиқ ҳамкори Абдуҳаким Шарифов дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Набиҷон Пӯлодов‐Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ва ман низ дар навбати худ аз забони мутафаккире ин суханон навиштам: «Хона дар кӯи бахтёрон кун, дӯстӣ бо латифкорон кун». Ва ё худ «Ҷон фидои ёрони мувофиқ бикунед!».

 Файзулло АТОХОҶАЕВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh