МУҲАББАТ БА СОАТИ ОВОЗАДОРИ ХУҶАНД

Дар қаламрави вилоят, алалхусус, шаҳри Хуҷанд корҳои азнавсозиву бунёдкорӣ, аз ҷумла, бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, бунёди ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ба назар мерасанд.

Ин ҳама меваи Истиқлолият буда, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари халқи тоҷик мебошанд. Чанд сол инҷониб сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба вилояти Суғд, алалхусус ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз пешравиву дастовардҳои мардуми суғдзамин шиносоӣ пайдо мекунанд. Агар ба таърихи на он қадар дур назар афканем, хуб дарк мекунем, ки пас аз расидан ба Истиқлолият то кадом андоза кишвари мо рӯ ба тараққиву бунёдкорӣ ниҳодааст.

Солҳои 1970 дар шаҳри Хуҷанд шумори биноҳои истиқоматии баландошёна ду ё се адад буданд, ки дар ин бобат хотираҳои худро Шаҳрванди фахрии шаҳр Юсуфҷон Қурбонов (собиқ раиси кумиҷроияи шаҳри Ленинобод дар солҳои 1985 1988) як ба як варақгардон кард. Солҳои 70 – ум дар шаҳри Хуҷанд биноҳои баландошёна қариб ба чашм намерасиданд. Ҳанӯз соли 1973 аз ҷониби Трест КПДС бинои комитети партиявии вилояти Ленинобод (ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд) аз маблағи партия сохта шуда буд. Лоиҳа ва нақши асосии сохтмони бино ба муҳандиси сохтмони вилоятии партиявӣ Клямин Румин Илйич тааллуқ дошт. Дар лоиҳа насби соати калон оварда ва лоиҳаи он аз бинои Кремли шаҳри Москваи Федератсияи Россия гирифта шуда буд.

Бино дар нуқтаи баландтарини шаҳр ҷойгир буду соати он, ҳатто аз хонаҳои истиқоматии одамон намоён мешуд, гуфт ӯ. Зарурияти насби соат дар ҳама давру замон барои инсони бомаданият зарур аст. Дар гузашта ва имрӯз нафаре, ки дар даст соат дошту доранд, инсони бомаданият ҳисобида мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурияти насби соати калон инъикосгари маданияти баланди шаҳрдориро нишон медод. Вақте сохтмони бино ба охир расиду соат насб гардид, сокинон вақти дақиқро аз он месанҷиданд.

Нафаре, ки субҳ ба коргоҳ мерафт, албатта, ба ақрабаки он менигарист, зеро ба дурустии он шубҳа надошт. Вақте ҷавон будам, ҳар субҳ вақти ба коргоҳ рафтанам, дар троллейбус назди тиреза менишастам ва ё ҷойи мувофиқро меҷустам, то нигоҳ карданам ба берун осон гардад. Ин амал ҳанӯз аз даврони хурдиам одат шуда буд, зеро соати бобоиам, ки дар пешайвони девор овехта шуда буд, як як, ба гуфти бобоям, ғанабаш мебурд. Аз ин ҳисоб барои вақти аниқро фаҳмидан ба соати калони ҳукуматӣ менигаристам. Соати он ҳамеша вақти аниқро нишон медод, нақл кард пирамарди 80 сола Аҳмадбой Каримов.

Бино ба гуфти ӯ, аз дури дур метавонистанд кори онро мушоҳида карда, сӯи мактабу коргоҳ равона шаванд. Он солҳо мавҷудияти соат барои сокинон хеле зарур дониста мешуд ва ҳар нафар бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихормандӣ ба он менигарист. Сохтмони бинои баланд ва соати насбгардида ба ҳусни шаҳр диди наверо зам карда буд. Имрӯзҳо аз соати марказӣ аксар, аз ҷумла донишҷӯёни макотиби олӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ истифода мебаранд. Нисбат ба вақти дақиқи ин соат боварии калон дорам. Вақте субҳ ба донишгоҳ равона мешавам, чашмонам беихтиёр сӯи соат меафтанд, дарҳол соати дар дастам бударо месанҷам. Чанд муддат соат аз кор монда буд ва он маро парешон кард. Вақте он дубора кор кард, маро хурсандӣ фаро гирифт, гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Омина Воҳидова. Ҳар субҳу шом нафарони зиёде дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ тарафи соати марказӣ нигоҳ мекунанд. Вақте сабаб пурсидам, яке гуфт, ки одат шудааст, дигаре дар даст соат надорад ва мехоҳад, вақти дақиқро дониста бошад ва сеюмин посух дод, ки ҳар субҳ ва шом аз он истифода мебарад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои сокинон мавҷудияти соати калон зарур аст.

Имрӯз ба маркази вилоят, ки яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ маҳсуб меёбад, меҳмонону сайёҳони зиёде ташриф меоранд, аз ин лиҳоз будани соат худ таҷассумгари маданияти баланд ва ифодакунандаи фарҳангпарвариву хештаншиносии мардум маҳсуб меёбад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh