ЧУ ХОҲӢ, КИ РАНҶИ ТАН ОЯД БА САР

Ёддоште аз заҳмати рӯзноманигор Исроилҷон Исмоилов дар авроқи “Ҳақиқати Суғд”

Мақоли машҳури халқӣ «Қадри зарро заргар бидонад, ки чист?» давоми асрҳо инҷониб дар мазраи дилҳо ва риштаи ақлҳову идрокҳо гул мекунаду қавӣ аст. Дар ин росто, агар бигӯям, ки «қадри ҳамкасб, ёру дӯст ва рафиқи шафиқро ҳамкору ҳамнафаси арҷгузор, вафодор ва ҳамдил медонад, ки ӯ чӣ гуна шахсест андар равзанаи ҳаёту рӯзгор» шояд хато накунам. Ба наздикӣ муовини сармуҳаррири рӯзномаамон Сурайё Ҳакимова гуфт: «Устод Карим Шариф изҳор намуданд, ки соли равон бисёре аз кормандони собиқи «Ҳақиқати Ленинобод»(ҳоло Ҳақиқати Суғд)онҳое ин ҷаҳонро тарк кардаанд, ба синни калон – навад, наваду панҷ ва саду аз он боло мерасанду расидаанд, онҳоро ба ёдҳо ва хотирҳо овардан, ба гумонам, бад намешавад»зикр карданд. Аз он ҷумла устод Исроилҷон Исмоилов ба ҳамин қарибӣ 90‐сола мешаванд, чӣ мешуд, ки Шумо бо он кас бисёр солҳо кор кардаед, як меҳрномае бинависед. Хуб гуфтаму бо як ҳавсалаи калон қалам ба даст гирифтам.

Рӯзноманигори варзида, барандаи Ҷоизаи ҷурналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ, шахси хайрхоҳу дилогоҳ ва қадршинос Карим Шариф (ман эшонро аз аввал бо ҳурмати хоса Каримбой гуфтаам) бо нишони меҳру садоқати ҳамкориву ҳамкасбӣ устоди ҳамаи мо, рӯзноманигорони «Ҳақиқат» Исроилҷон Исмоиловро, ба ёд оварда, гуфтораш маро талқин намуд, дар ҳошияи ҳамон мақоли машҳури мардумӣ, ки онро бо ифодаи дигар ба ҷурналисти ҳақшинос Карим Шариф нисбат медиҳам, ҳамеша тансиҳату хонаобод бошад. Воқеан амали хайр «лаъл то дар санг бошад, оташи афсурда аст».

 Устод Исроилҷон Исмоилов ҳамсоли рӯзномаи бонуфузи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» буда, дар як вақт писархонди ин даргоҳи муқаддас эътироф ҳам гаштааст. Зодаи шаҳри Канди бостон, парвардаи Хуҷанди дилситон. Дар оилаи деҳқон дар яке аз маҳаллаҳои сернуфуси ноҳияи Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактабро дар деҳааш хонда, баъдан таҳсилашро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ленинобод – Хуҷанди имрӯза идома дода, соҳиби Номаи камол гаштааст. Соли ҳазору нӯҳсаду шасту нӯҳ Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров), шуъбаи забон ва адабиёти тоҷикро бомуваффақият хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии Исроилҷон Исмоилов ҳанӯз аз соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу се ба ҳайси ёрдамчии мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» оғоз гардида, соли ҳазору нӯҳсаду шасту ҳашт баъди барҳам дода шудани рӯзномаи вилоятӣ ба рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи Ленинӣ» (нашрияи ноҳияи Хуҷанд) ба кор гузаштааст. Соли ҳазору нӯҳсаду шасту ҳашт аз нав ба идораи рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Ленинобод» (нашрияи шаҳри Ленинобод) фаъолияти касбиашро идома дод. Бисту шашуми июни соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтод, баъди хатми донишгоҳ ман дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи Ленинӣ» (ҳоло ҳафтаномаи «Хуҷанд»‐нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба фаъолият сар кардам. Ана дар ҳамин айём шиносоиям бо Исроилҷон Исмоилов ба вуқӯъ пайваст, роҳи устодӣ – мураббигии ин марди заҳматкаш бароям ҳамчу офтоб падид омад. Ба ман кор ёд дод, тарзу тариқи – ба истилоҳи газетачиҳо – макету макетсозӣ, ҷо ба ҷогузории маводро дар саҳифаҳои рӯзнома, аз мактаби мусаҳҳеҳӣ огаҳам сохт, ки дар тамоми ҳаётам аз ин марди накӯниҳод миннатпазир будаму ҳастам. Чаро ки он солҳо дар хусуси газетасозӣ ин қадар тасаввуроти фарох надоштаму ба гуфтаи оқиле «Шакли гардун гиреҳу сурати ахтар гиреҳ аст, Корам аз анҷуману афлок гиреҳ дар гиреҳ аст»‐ро мемонд. Дар паҳлуи чунин инсонҳои дилёбу дилогоҳ ва хайрхоҳ Усмонҷон Тоҷибоев, Аюбҷон Умаров, Комилҷон Пӯлодов, Исроилҷон Исмоилов, Қурбон Алӣ, Озод Аминзода, Исмоилхон Бобоҷонов, Эргаш Муҳсинзода, Ҳафизахон Наимова бо дили софу меҳру муҳаббати беолоиш кор кардам, баҳра бурдам ва ҳеҷ кам ҳам нашудаам. Бино ба гуфти шоири бузург Ғании Кашмирӣ: «Навбаҳор аст чаман равнақи дигаргун ёфт, Шохи анҷум ба ҷаҳон давлати рӯзафзун ёфт».

Ҳамин тавр, Исроилҷон Исмоилов пас аз он, ки вилоят дубора эҳё шуд, рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» аз нав ташкил гардид, фаъолияташро густариш дод. Исроилҷон Исмоилови дар муошират беҳамтои хоксору фурӯтан ва солорсухан дар ин рӯзномаи муаззаму мукаррам ба вазифаи барандаи шумора, муовини котиби масъул, аз соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду сеюм мудири шуъба ифои вазифа кард. Хубу бомуваффақият кору заҳмат бурд, тамоми мушкилоти касбу ҳунари сухангустариро бар зимма гирифт, ба ифодаи Усмонҷон Тоҷибоев, ки солҳои пеш аз вафоташон, зикр менамуданд, «Исроилҷони ҷафокаш, бурдбор ва иродатманд ҳаргиз ба касбаш, ба вазифааш хиёнат намекунад, доимо дар диламон маъво дорад»бархақ инсону дилёб барои ман мемонад». Ҳамроҳ бо Исроилҷон Исмоилов дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (аз соли 1971 то 2001) кор кардам, бешу ками касбиву кориро бартараф намудем. Солҳои ҳазору нӯҳсаду наваду ҳафт нависанда Дадоҷон Раҷабӣ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамсафу дӯсту бародари худ Исроилҷон Исмоиловро ба вазифаи котиби масъули рӯзнома таъин намуд. Бо муваффақият кор кард, дастовардҳои касбиашро густариш дод, қавӣ гардонд, афзун намуд. Лаҳзаҳоро ба хотир овардан барои каси дилогоҳ аҷаб фараҳбахшу дилписанду дилрабоянд, ‐гуфтанд. Ба ёд меоварам, он даврони мушкилу қиёснопазири солҳои навадуми асри гузаштаро. Ҳакиме фармуда:«Сафар чи гуна кунӣ аз диёри хотирҳо, Ки домони ту бигирад ғубори хотирҳо». Ҳамон айём, ки кормандони идораи рӯзнома он қадар заҳмати пурбор мекашиданду доштанд, ки ҳар шумораи рӯзнома бехато, хонданӣ ва нишонрас аз ҷиҳати касбӣ нашр шавад, ҳама масъулу ҳама вазифашинос буданд. Рӯзе акои Исроилҷони дидадаро ва дӯстпарвар ба мани он вақт сармуҳаррир изҳор намуда, ки «акнун дар ин соли ҳазору нӯҳсаду наваду якум синнам ба нафақа шастсолагӣ расид, ҷавоб диҳед, ба корҳои эҷодӣ машғул шавам». Гуфтам, ки «акои азиз, Шумо барои ман устод ҳастед, то фурсати тақдир ҳамроҳ кор мекунем, нишоту шарбати ҳамкасбиро бо ҳам мебинем».

Устоди азизам ростӣ, ки суханамро ба инобат гирифтанд ва бо ҳам то соли дуҳазору як бародарвор, бо дили гарм кору фаъолият намудем. Исроилҷон Исмоилов аз соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу нӯҳ узви Иттифоқи ҷурналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз соли ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ӯ муаллифи якчанд китоби тарҷумаҳолӣ, бадеӣ ва очерку мақолаҳои публитсистӣ буд, ки имрӯз ҳар яки онҳо барои ҳамкасбони ҷавонаш тадрисгоҳанд, таълим медиҳанд. Бояд рӯирост ин сатрҳо нависам, ки ҳамеша суҳбатҳои устод Исроилҷон Исмоилов дар бораи одаму одамгарӣ, дӯсту рафиқи ҳамдигар будан, росткориву ростқавлӣ буд. Азбаски ӯро модари мушфиқаш ба роҳи камолот ҳидоят намудааст, маънои инсон будан, одамияту ҳамият доштанро дошт. Вақте Исроилҷон Исмоилов ба фазои касбии ҷурналистони баркамол пайваст, гӯё ҳар сухани устодонаш барояш раҳнамою дидгоҳи рӯзгораш гардида буданд. Бо муҳаббат аз зиндагиву рӯзгори одияш, хоксоронаи модараш ва бародараш ёдовар мешуд.

Дар маркази шаҳри Хуҷанд хонаи хуби истиқоматӣ насиби меҳнату заҳмати ҳалолаш шуд, ки аз он хеле ва хеле шоду мамнун буд. Устоди арҷманди мо Исроилҷон Исмоилов дар ҳамин шаҳри қадим – Хуҷанди хубҷамъ, бахти ҳаётии худро дарёфт, соҳиби оилаи хушрӯз ва ду духтари дилафрӯз шуд. Гумон мекунам, ёд надошт, ки чунин дари бахт ба рӯяш во мешавад, дилпурам то ба имрӯз, ин бахту саодат ҳосили дили гарму софу беолоиш ва хислати хуби инсонпарваронаи ӯст. Мегуфт, агар дӯсту рафиқатро дӯст дорӣ, махсусан, ба ҳамкору ҳамкасбат чун додару хоҳар муносибат намоӣ, ҳаёт ба инсон ҳеҷ гоҳ хиёнат накардааст, одами меҳрпарваррро фиреб надодааст. Чаро ки инсон ба ҳаёт як бор меояд, барои кори нек тавлид мешавад. Ва худи Исроилҷон Исмоилов бо тамоми қудраташ, қуввааш саъй кард, ки тамоми орзуҳояш амалӣ бишаванд.

Аз амалӣ шудани орзуву ормонҳои зиндагиаш ҳамчун гули садбарги тар мешукуфт, фараҳманд мешуд, руҳи тоза мегирифт, ба ҳаёт – чӣ дар хонадону чӣ дар коргоҳ‐меҳраш, муҳаббаташ, ҷисму ҷонаш шарарбор мешуд. Бо накӯӣ аз ҳамкорони бузургсолаш, махсусан устоди арҷмандаш Ҳоҷӣ Содиқ ёд мекард, ба ҳамкорони ҷавонаш комёбиҳо мехост, ҳаргиз аз умри рафта шикояте намекард, ҳамеша қаноатмандӣ изҳор медошт. Фақат мегуфт, ки аз дунёи бачагиаш серӣ надоштааст. Хаёл мекард, ки боз аз сари нав ҷавон шаваду дар бағали даврони кӯдакӣ ҷавлон бизанад. Ва тақдир чунин будаву ҳаст: дареғо, ҳамчунон аз навиштаҳояш бӯи ҳаёти ширин, рангорангии дунёи пурасрор ва суханҳои дилбаронаву меҳрпарваронаи ҳамкасбиаш банохост ба анҷом расиданд, умри пурбаракаташ ҳам ба сони як заррачаи ноаён ба поён расид.

Вале ман ҳамчун як шогирди вафопарвар ба устод Исроилҷон Исмоилов чунин суханон навиштаму ёдаш ба хайр мегӯяму ба ишораи оқиле «Гул кард хат аз лаъли тую шуд суханам сабз» иктифо мекунам. Ва ниҳоят, ному ёди неки ин фидокори соҳаи матбуот ва қаламу сухан, устоди мумтоз Исроилҷон Исмоилов, эҷодкори хушсалиқа ва инсони шариф ҳамеша бо мо хоҳад буд. Дар ҳошияи ин навиштаҳо рӯзноманигори варзида, ки солҳои сол дар раёсати котиботи редаксия бо Исроилҷон Исмоилов паҳлу ба паҳлу истода фаъолият кардааст, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд» Маҳмудҷон Ҳусейнзода фикри худро чунин баён намуд: Устоди мо Исроилҷон Исмоилов дар он айёме «Ҳақиқати Ленинобод» (нахуст «Колхозчӣ») аз 25‐уми марти соли 1930 дар майдони тарғибу ташвиқи ҳаёти ҷомеа омад, расо пас аз як солу панҷ моҳ таваллуд шудаанд – яъне бисту панҷуми августи соли 1931, бо ин факт мегӯям, ки эшон дар ҳақиқат фарзанди бовафои ҳамин рӯзнома шинохта шудаанд. Орифе фармуда: «Ҳар ҷо бувад равшандиле, озори ҷон набошад». Рӯзномаи мо наваду яксола шуду рӯзноманигор Исроилҷон Исмоилов ба синни навад мерасад. Руҳаш шод бод!

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

собиқадори матбуот

Дар акс: дар қатори аввал (чорум аз рост) Исроилҷон Исмоилов,
тантанаи “Ҳақиқати Ленинобод” (1980). Сурат аз бойгонии “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh