САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва ғамхориро дар ҳаққи онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва қарорҳоро доир ба ин масъала қабул намуда, сохтори махсуси ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, фаъолияти бахш ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар ниҳодҳои марказиву маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба роҳ мондааст.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои ҳунарӣ, баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ва дастгирии онҳо дар қаламрави кишвар озмуни “Мо бо шумоем” баргузор гардид.

Алҳол дар кишвар беш аз 71 ҳазор нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхории давлат қарор доранд. Баробари ин дар қаламрави мамлакат даҳҳо мактаб интернат фаъолият доранд, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таъминоти онҳо пурра аз ҳисоби буҷети давлат роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои ҳунарӣ, баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ва дастгирии онҳо дар қаламрави кишвар озмуни “Мо бо шумоем” баргузор гардид. Доираи ин озмун васеъ буда, танҳо дар вилояти Суғд беш аз 500 нафар кӯдакону навравсони болаёқат аз синни 6 то 18 – сола ширкат варзиданд, ки ҳар кадоме бо истеъдоду маҳорати хосаи худ аҳли ҳакамонро мафтун намуданд. Ба даври вилоятӣ 48 нафар ғолиб роҳхат гирифта, беҳтаринҳо муайян шуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар маросими ҷамъбасти озмуни вилоятии “Мо бо шумоем” иброз дошт, ки муҳим ғалаба нест, муҳим таваҷҷуҳ ва нигоҳи баробари аҳли ҷомеа нисбати ин қишр аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву бунёдкор барои беҳтаргардонии вазъи таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасон, тақвияти тафаккури зеҳнӣ ва ниҳоят дастгирии соҳибистеъдодҳо аз ҳамаи воситаву имкониятҳо истифода мебарад. Итминон дорем, ки аз миёни иштирокдорон фардҳои нобиға ва ҳунармандони асил, ки миллати моро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд, ба камол мерасанд.

Ҳамасола барои беҳтарнамоии шароити таҳсилу зиндагии ятимону бепарасторон аз буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад. Алҳол дар ҳудуди вилоят наздик 40 Хонаи кӯдакон ва Мактаб интернат мавҷуданд, ки дар ин муассисаҳо кӯдакон ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд, гуфт Зуфар Исмоилзода. Ҳамчунин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ гуфт, ки қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус, ҷавонону наврасон дар мақоми аввал қарор доранд ва баргузории ин озмун бори дигар инро собит месозад. Иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста дастгирӣ ва ҳамовозӣ пайдо кардааст ва дар оянда идома хоҳад ёфт.

Ҳайати бонуфузи ҳакамон ба иштирокдорон аз рӯи се номинатсия баҳогузорӣ карданд. Аз рӯи номинатсияи “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър” Муҳаммадиқбол Иқболов, аз рӯи номинатсияи “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” Шерзод Ҳасанов ва аз рӯи номинатсияи “Маҳорати сурурдхонӣ” Нигора Усмонова бо Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида шуданд. Боиси қайд аст, ки ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва дар пойтахти кишвар санъати волои хешро муаррифӣ карданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh