ПАЁМИ САБЗИ ТЕАТР

Маҷаллаи «Паёми Суғд» мунтазам ба меҳононсарои хеш аҳли илму фарҳанг ва адабу ҳунарро даъват намуда, марбути соҳоти мухталиф суҳбатҳои ҷолиб баргузор менамояд.

Ин навбат меҳмони меҳмонсарои маҷаллаи «Паёми Суғд» саркоргардони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Сӯҳроб Шехов буд.

Зимни суҳбат ки бо маҳфилороии Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш ҷараён гирифт роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, намошномаҳои нави ин даргоҳи ҳунар, нақшаҳои минбаъдаи ҳайати ҳунармандон андешаҳо баён шуда, рӯзноманигорон бо Сӯҳроб Шехов мушкилӣ ва муаммои соҳаро баррасӣ намуданд.

Қайд шуд, ки театр ягона санъатест, ки дар худ чандин санъати дигарро муттаҳид мекунад. Дар ин ҷо ҳунар, мусиқӣ, санъати либос ҳаст, маҳорати сухан гуфтан ҳаст. Театр санъати зинда аст. Эҳсос кардани нафаси ҳунарманд кайфияти дигар дорад. Ба чашми ҳунарманд нигаристан ва дар симои ӯ дарду шодии хешро дарёфтан тамоман таъсири дигар дорад. Сӯҳроб Шехов давоми фаъолияти эҷодии худ чандин намоишномаҳои ҷолиби диққатро таҳия намудааст, ки «Бахт»и Л.Разумовская, Гарданбанд ва номзад»и Ш.Солеҳ, «Зебаки ширинкор»и Ш.Қиёмов, «Мотами сафед»‐и Бен Алфред Моузли, «Ҳоли падар хуб аст»и М.Куновская, «Блиндаж»и В. Ткачёв, «Ба ҳаммааш муҳаббат айбдор аст»‐и Олим Салимов, «Табиби паррон»‐и Молер, "Булбули Хуҷанд"‐и Толиб Карими Озарахш аз ин шуморанд.

Мавсуф дар мактаби миёнаи №3 шаҳри Конибодом таҳсил карда, аз синни 14‐солагӣ дар студияи навраси Театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом таҳсил намуда, баъди хатми мактаби миёнаи шаҳри Конибодом, соли 2005 барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2006 тариқи квота ба шуъбаи коргардони театрии факултаи театри Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Челябински Федератсияи Русия шомил мешавад ва то соли 2011 таҳсилро бомуваффақият идома медиҳад. Соли 2012 дар фестивали «Нигоҳи нав» барои намоишномаи «Бахт» аз рӯи асари Л.Разумовская сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» гаштааст.

Соли 2017 саркоргардони Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон таъин шуда, аз моҳи декабри ҳамин сол саркоргардони Театри давлатии мазҳака мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мебошад. Гуфтанист, ки намоишномаи " Булбули Хуҷанд"Театри мазҳака‐мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашнвораи байналмилалии "Параллельные миры" миёни кишварҳои Италия, Латвия, Украина, Чехия, Россия ва Беларус сазовори диплом " Барои эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" ва Ҷоизаи " Беҳтарин ороиши мусиқӣ" гардид. Намоишнома аз рӯи асари Толиб Карими Озарахш дар коргардонии саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов омода ва пешниҳоди тамошобинон шудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh