МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ – ОМИЛИ РУШДИ СОҲА

Эълон шудани сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати таъмини пешрафти ин соҳаҳо нақши муассир гузошт. Дар ин замина таваҷҷуҳ барои рушди соҳаи сайёҳӣ низ ҳам аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ҳам соҳибкорони хусусӣ афзоиш ёфт.

Ин ташаббус, яъне эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар меҳвари он аслан мусоидат ба рушди соҳаҳо қарор дошт, дар маҷмуъ оқилона ва судманд буд.

Зеро маҳз дар доираи ин тадбир яқ қатор иқдому ибтикороте роҳандозӣ гардиданд, ки воқеан ҷиҳати пешрафти соҳаҳои болозикр имконияти муҳиму муфид фароҳам оварданд. Аз ҷумла, маҳз дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда шумораи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардид. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба мамлакат омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.

Ин ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар торафт афзоиш дорад, хушҳолкунанда аст. Аммо бо ин ҳама имконият ва мавзеъҳои истироҳативу сайёҳие, ки мо дорем, қабул намудани ҳамагӣ 1 миллион сайёҳ давоми сол омори басанда нест. Зеро агар имкониятҳои сайёҳӣ ба таври зарурӣ истифода шаванд, имкон ҳаст, ки сайёҳони зиёдтар ҷалб ва қабул гарданд. Ба дурустӣ, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аммо мусоидат ба рушди сайёҳӣ ин танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, ки ин нуктаро то ҳол аксарият дарк накардаанд. Таҷрибаи мамлакатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта нишон медиҳад, ки дар самти тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ саҳми шаҳрвандони дохилӣ муассир аст. Зеро яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон ин ба таври шоиста муаррифӣ намудани мавзеъҳои кишвар аз ҷониби худи шаҳрвандон унвон мешавад. Асри 21 асри иттилоот аст ва имрӯз бо рушди илму техника дастрасӣ ба иттилоъ торафт осон мешавад. Зеро воситаҳои гуногуни иртиботиву иттилоотӣ рӯйи кор омада, теъдоди истифодабарандагони интернет зиёд мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи We Are Social дар оғози соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра дастрасӣ ба интернет доштанд ва аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ аз марзи 3,8 миллиард гузаштааст. Яъне, қариб 60 фоизи аҳолии кураи замин аллакай онлайн ҳастанд. Маълум аст, ки имрӯз шабакаи иҷтимоӣ на танҳо воситаи иртиботу муошират, балки манбаи муҳими дастрасӣ ба иттилот шудааст. Гузашта аз ин, феълан барои тарғибот маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи дастрас мебошанд. Барои мисол як харсанги оддиро, ки кадом як корбари чехӣ дар ютуб дар борааш навор дарҷ кардааст, 1 миллион нафар тамошо кардаанд. Дар бахши тасвирҳои интернет низ ҳазорҳо суратро бо шарҳҳояш дар бораи ин харсанг дучор шудем. Ин ҷо гап дар сари тасвирҳои хатмонанди рӯи харсанг меравад, ки онро ба асрҳои қадим марбут медонанд. Ҳарчанд ин даъворо хатшиносону муаррихон беасос донистаанд, ин навор дар шабакаи интернет радду бадали зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба туфайли ҳатто як маълумоти аз ҷиҳати илмӣ беасос ҳазорҳо нафар дар бораи як гӯшаи кишвари Чех маълумот ба даст оварданд.

Албатта, дар ин кор интернет хидмати шоистаро ба анҷом расонид. Аммо хидмати шоистатарро як корбари шабакаи иҷтимоии интернетӣ, аниқтараш, як шаҳрванди оддӣ тавонист ба сомон расонад, ки ба қавле аз ҳеҷ чиз як чизро таҳия кардаву диққати истифодабарандагони сершумор аз ақсои оламро доири ин мавзӯъ ҷалб кунад. Вале чаро мо дар бораи ёдгориҳои воқеан қадимӣ ва ё мавзеъву ёдгориҳои дигари таърихӣ, ки метавонанд, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб кунанд, дар бораашон ба ҷаҳониён наметавонем, маълумоте пешниҳод намоем. Мутаассифона, дар бораи бештари чунин мавзеъҳо дар шабакаи иҷтимоӣ маълумоти казоӣ нестанд. Масалан, тибқи иттилои сомонаи таҳқиқотии "Social Media Today" мувофиқи таҳлилҳо дар соли 2020 дар як дақиқа: истифодабарандагони Facebook 147,000 аксро дар ин платформа бор мекунанд ва 150,000 постҳоро мубодила мекунанд, 319 корбари нав дар Twittӯқ ва 2704 дар TikTok саҳифа боз мекунад, истифодабарандагони Instagқam 347222 қисса (история) менависанд, эҷодкорон дар видеохостинги YoғTғӣӯ 500 соатвидеоро бор мекунанд, 208,333 корбар дар ҷаласаҳои Zoom иштирок мекунанд. Ин омор танҳо қатрае аз баҳре аст, ки бозгӯи ҳолати то кадом андоза пайванду вобаста гаштани мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Барои ҳамин ҳам дар шароити муосир нақши истифодабарандагони интернет ҷиҳати муаррифии кишвар ва ҷалби сайёҳон бузург мебошад.

Агар аз наздик 3 миллион корбари интернет дар Тоҷикистон ақалан 50 фоизи истифодабарандагон бо расм ва навори кӯтоҳмуддат мавзеъҳои тамошобоб, истироҳатӣ, фароғатӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва маконҳои сайёҳиро муаррифӣ намуда, дар интернет паҳну пахш кунанд, аллакай дар базаи интернет беш аз 1 миллион мавод пайдо мешавад, ки ҳам ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи мамлакат мусоидат мекунад ва ҳам ҷиҳати ҷалби сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ҷо фақат зарур аст, ки истифодаи самаранок ва манфиатноки шабакаҳои иҷтимоиро азхуд намуда, бо эҳсоси волои ватандӯстӣ ҷиҳати муаррифии Ватан саҳмгузор буд. Гузашта аз ин, амалӣ намудани як қатор тадбирҳои дигар баҳри таъмини пешрафти соҳаи сайёҳӣ ба манфиат хоҳад буд: ташкили “пресстур”‐ҳо, ки бо ҷалби рӯзноманигорон ҷиҳати инъикоси мавзеъҳои сайёҳӣ мусоидат мекунад, таъсиси озмуну ҷоизаҳои сирф соҳавӣ, ки махсус барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат нигаронида мешавад, таҳия ва пахши роликҳои тарғиботӣ бо забонҳои хориҷӣ, ки дар он маконҳои зебои Тоҷикистон бо дараҷаи баланди касбӣ тасвир мешаванд, ташкили гурӯҳҳои масуси корӣ дар назди Кумитаи сайёҳӣ, ки баҳри пур намудани интернет бо маводи тарғиботии сайёҳӣ машғул мешаванд ва ғайра.

Дар маҷмуъ, дурусту мақсаднок истифода бурдани мавзеъҳои сайёҳӣ, маданияти баланди пешвозу хизматрасонии босифат, муоширату муомилаи шоиста бо сайёҳон ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳӣ ба дараҷаи зарурӣ баҳри ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон заминаи хубе фароҳам меоварад.

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

рӯзноманигор, махсус барои “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh