ҲАМОИШИ МУҲАББАТВАРЗОНИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

Бори аввал дар озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» ширкат варзидам. Ин озмун дар доираи гиромидошти рӯҳу корномаи арбобон ва чеҳраҳои барозандаи сиёсат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикӣ дар қаламравҳои мухталифи Тоҷикистон шуҳрати хоса дорад.Озмунҳои гиромидошти ҷурналист ва шоири шинохта Ғоиб Сафарзода дар ноҳияи Восеъ, сиёсатмадори маъруф Нусратуллоҳи Махсум дар Рашт, аллома Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд баргузор гардида ва то ҳол фаромӯш нашудаанд.

Озмунҳои “Пайрави Пешво”, “Тоҷикистон – хонаи маъвои мо”, “Беҳтарин шеъри бачагона” ва ғайра низ дар роҳи татбиқи сиёсати кишвар дар замони имрӯз, ормонҳои давлатсоз ва фарҳангоини Пешвои миллат, муаррифии ҷавонони комгору болаёқати кишвар, тарғиби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон ва ғайра низ хеле хотирмону пуршаҳомат буданд.

Натиҷаи кори ин озмунҳо дар бисёр мақолаҳо ва ҳатто дар китобҳои ҷудогона арзёбӣ шудаанд (“Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон”. – Хуҷанд, Хуросон, 2019). Ин чораҷӯии баландахтар ниятҳои поку созандаи чораварзони онро нек нишон медиҳад. Ин як озмуни бисёрбашукӯҳ мебошад,ки дар сатҳи бисёр назаррас гузашт ва ҳам хеле олӣ ҷамъбаст ёфт. Дастандаркорони нашрияи “Ҷумҳурият” дар ҳамкорӣ бо ҳайати раҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав аҷаб тарҳе ороста ва чорае рангин андешида будаанд, ки сазовори зикри хоса аст.

Ба озмун беш аз дусад мақолаи соҳибназарони тоҷик ирсол шуда ва беш аз сад адади он дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расида, ки кулли онон арзиши расову назаррас доштанд. Аз инҳо 20 муаллиф ҷойҳои аввалро дарёфта ва ҳам соҳиби туҳфаҳои ҳавасмандӣ шуданд. Банда хушнудам, ки дар ин озмун бо нигориш ва ирсоли мақолае аз боби як саҳифаи нисбатан ҷолиби фаъолмандии устод Мирзо Турсунзода дар солҳои 30‐40‐уми садаи бист саодате дарёфтам: хушдилам, ки ба сатҳу савияву сифати мақола дастандаркорон ва аҳли назар баҳои арзандаву шоиста доданд ва бандаро сазовори ҷойи дувум донистанд. Ҳамкорам Сурайё Ҳакимова низ барои мақолааш ҳавасманд гардид. Шукру сипос барои чунин арзёбӣ!... Аз озмун баҳраи хуб бардоштам ва дар ин чораҷӯии дурӯза бо даҳҳо чеҳраҳои илмиву адабиву матбуотии дохиливу хориҷӣ бархӯрдам, бо симоҳои нави куҳану ҷавон ошно шудам. Дидор ва суҳбат бо аҳли сиёсат, адаб, илм, фарҳанг ва матбуот – Убайдулло Раҷабов, Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло, Масрур Абдуллозода, Шаҳрияи Атҳамзод, Амина Шарофитдинова, Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, Ҷонибеки Асрориён ва дигарон нуктаҳои хубе доштанд.

Ба василаи ин озмун имкон фароҳам омад, ки бори аввал ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода биравам ва аз ин ду қаламрави барои арсаи Тоҷикистон хеле муҳим дидан намоям. Ҳисори шодмони куҳнадидамро дар чашмонам таҷдид кардам. Чашмонамро аз дидори Ҳисор шустам. Он қалъаи таърихиро ба серӣ тамошо кардам ва рӯйдодҳои таърихро дар чашмандозам аз нав гирдгардондам. Дидор аз шаҳри Ҳисор ва сайри қалъаи овозадори Ҳисор маро бори дигар ба ёди таърих бурд, бори дигар шуҷоату матонати фарзандони тоҷик дар ҳифзи марзу бум ва таъриху фарҳанги оламгири мо диққати маро маҳв кард. Воқеан ҳар “дару девор, сангу хоки ин макон аз таърихи водии паҳновари Ҳисор, ки дар гузашта Шумон ном дошт, қисса мекард”. Дидам, ки дар ин фурсати чандсолаи истиқлол ба шарофати таҷлили 3000‐солагиаш Ҳисори шодмон шодмонтар шуда ва ин қаламрави бесобиқаи таърих хеле дигаргун гардида ва ба чашмҳои аҳли имрӯз хеле хуш нишаста ва неру бахшидааст.

Муҳаббати мардуми ин се қаламрави пайванд ба ормонҳои устод Мирзо Турсунзода – Шаҳринав, Ҳисор ва Турсунзода (Регар) ҳам зиёд буд. Маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав, дидор аз таърихҷойҳо, хоса Қалъаи Ҳисор, барномаҳои томравои фарҳангӣ дар “Шоми дӯстӣ” (Ҳисор), ҷамъбасти озмун дар толори “Дӯстӣ”‐и шаҳри Турсунзода ва нишасте дар анҷоми озмун – ҳамагӣ дар ёдмонданӣ сурат ёфтанд. Воқеан рӯҳан тоза шудем ва барои вусъати кори худ дар оянда неруе тоза дарёфтем. Ин маросими ҷамъбаст ба ёдмони 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти 110‐умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода воқеан ҳам аз чораҷӯиҳои пурнури адабӣ буд ва “ба ҷашни ваҳдату ҳамдиливу ҳамгироӣ табдил ёфт. Ҳама аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббати бепоёни Меҳан, ки ормони ҳамешагии шоири сулҳҷӯву озодихоҳ, ваҳдатоин ва ватансаро буд, ёдрас шудаву номаш ба некӣ зикр мекарданд, ...”оламе дар хонаи тоҷик”, дар диёри шоир, дар меҳмондории устод Мирзо Турсунзода буд”.

Нашрияи рақами аввали Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” ифодагари майлу ормонҳои сифатан нави мардуми тоҷик аст, ки дар марҳалаи нав ва сатҳи комилан муносиб ормонҳои ҳастиҷӯйии милливу истиқлолталабиро идома медиҳад.

Субҳони АЪЗАМЗОД,

 номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh