БОЯД, КИ ХЕШРО БА ТАМАДДУН ОШНО СОЗӢ

Дар ҳар маврид, рафти кору фаъолияти касбиам ба асари мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» муроҷиат менамоям ва бо хондани ин рисолаи тамаддунасосу пурмуҳтаво бароям ҳидоят ва рисолату асолати бемисле мебардорам. Таърих довари ҳақиқат ва воқеият аст, гуфт дар суҳбати тахассусӣ Мирзоева Мавҷуда Умаровна – директори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ашт.

Азбаски ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултети таърих дар соли дуҳазору сенздаҳ мебошад, ҷанбаҳои тамаддуни аҷдодии тоҷиконро хубу равшан тафсир мекунад. Чанд сол ба ҳайси омӯзгор кор кард, соли дуҳазору дувоздаҳ ходими илмии осорхона буд ва аз соли дуҳазору сенздаҳ инҷониб дар вазифаи директори осорхонаи мазкур кору фаъолият карда меояд. Мавриди зикр аст, ки Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ашт соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду се таъсис шудааст, ки дар тарғибу ташвиқ ва тавзеҳу тафсири осорҳои таърихӣ – тамаддуни гузаштаву имрӯзаи ин сарзамини тоҷикон саҳми арзанда дорад. Осорхона аз шаш ҳуҷраи таърихӣ ва тамошобоб иборат аст.

Миқдори нигораҳо 2380 ададро ташкил менамояд. Ҳар як ҳуҷра ба худ хос мазмун, моҳият ва рисолат дорад. Агар ҳуҷраи якум дар бораи мафҳумҳои ҷуғрофии ноҳияи Ашт, вилояти Суғд ва кишвари азизамон – Тоҷикистон маълумот диҳад, ҳуҷраи дуюм аз ёдгориҳои таърихӣ, маводи тамаддунсозӣ, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ аз маҳаллу мавзеъҳои Тӯдаи Калон, Тӯдаи Хурд, Қалъаи Афросиёб, Қалъаи Шах, Мавзеи Бахмалтеппа ёфт шудаанд, нақл мекунанд ва онҳо хуб нигоҳ дошта мешаванд. Таърихи ноҳияи Ашт аз қаъри тамаддуни қадимтарини инсонӣ сарчашма мегирад, сухани худро идома медиҳад Мавҷуда Умаровна.

– Дар сарчашмаҳои таърихӣ навиштаҳои сайёҳон ва дигар маълумотҳо сабт ёфтаанд, ки мамлакати ба киштукор машғули Давон дар Водии Фарғона воқеъ гаштааст. Қисми шимолу ғарбии ин шаҳри қадима ба сардомани Ашт ва Хуҷанд қисман мувофиқ меояд. Лекин ҳаёт дар ин ҷо пеш аз давлати Давон вуҷуд дошт. Инро кофтуковҳои археологии солҳои охир дар сарзамини мазкур тасдиқ менамоянд. Даҳҳо бозёфтҳои давраи қадими биринҷӣ ёфтшуда ба ин далолат медиҳанд. Бозёфтҳои Қуруми Даҳана аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ба асрҳои IV ва VII тааллуқ доранд. Бозёфтҳои таърихӣ аз Тӯдаи Хурд, Тӯдаи Калони Ашт, Қалъаи Афросиёб, Қалъаи кӯҳи ӯрда, Қалъаи Шахак ва қабрҳои Қуруми Муғхона ва қабристони Дашти Ашт, Дашти Шӯробак, Мазори Хоҷаи Ягона дар бораи тӯлонӣ будани давраи биринҷии қадим ва оҳанини асримиёнагӣ дар сарзамини Ашт башорат медиҳанд. Ҳамаи мавзеъҳо ва ҷойҳои таърихии ноҳия бо расму маълумотҳои муътамад шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Осори нисбатан наздики таърихи ноҳия ин мавзеи Тӯдаи Калони Ашт мебошад, изҳор дошт ҳамсуҳбатам Мавҷуда Мирзоева. Масоҳаташ сад бар шасту панҷ метри мураббаъ аз тарафи ғарб ба шарқ тӯл кашидааст. Қисме аз он иншооти дар ин ҷо пайдошуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тӯдаи Калон осори аҷдодонамон буда, ба асрҳои пеш аз мелод тааллуқ дорад. Тахмин меравад: шояд мардуми чорвопарвари мелодӣ ки дар наздикиҳои қалъа ҳаёт ба сар мебурданд, бо бошандагони ин қалъа рафтуомад ва алоқа доштаанд.

Ҳамсуҳбатам фикрашро идома медиҳад: дар наздикиҳои Бободархон – дар сари роҳи тарафи Понғоз як қалъаи дигаре мавҷуд аст, ки бо номи Қалъаи Шах. Таърихшиносону бостоншиносон дар он фикр ҳастанд, ки Шахи ин қалъа бо Қалъаи Кӯҳи ӯрда дар як замон сохта шудааст. Ҳуҷраи сеюм доир ба замони нисбатан наздики таърихӣ, яъне ба шахсиятҳое, ки барои барқарор кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ашт мубориза бурдаанд, бахшида шудааст ва он бо забони факту рақамҳо ҳикоят мекунад. Дар ин ҳуҷра олоту анҷомҳо ва асбобҳои ҳамон давра аз таърих қисса мекунанд. Коллексияи сиккаҳои металлии солҳои 1879 то 1996 хеле мафҳумҳо доранд. Дар як гӯша тарҳи мақбараи шоири ғазалсарои асри ХVII Одинамуҳаммад Маъдани Понғозӣ ҳар тамошобинро ба хаёлҳо ва хотираҳои дури эҳсос мебарад. Акнун дар бораи дигар ҳуҷраҳо қисман маълумот медодед, хоҳиш менамоям дар идомаи суҳбат аз Мавҷуда Умаровна.

Ӯ мегӯяд: Дар ҳуҷраи чоруми осорхона Шумо метавонед бо шакл ва сохту нигаҳдории хонаи миллии тоҷикӣ шинос шавед. Дар хонаи миллӣ сару либоси арӯсӣ, асбобу ашёҳои рӯзгор, гаҳвораи тифл, фаранҷӣ, сӯзаниҳо, танӯру оташдон, сандуқу сандуқчаҳо ва дигар маводҳои зарурӣ нигаҳдорӣ шудаанд. Ва ҳуҷраи панҷум бо панораммаи корномаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов, ҳуҷҷатҳо ва дастнависҳову аксҳои ӯ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳуҷраи шашум саноати ноҳияро муаррифӣ мекунад. Ва ниҳоят, ҳуҷраи ҳафтум берун аз бинои осорхона, он Хона – осорхонаи Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Маҳмудҷон Воҳидов маҳсуб меёбад.

Боз чиҳо гуфтан мехоҳед? – чунин суол медиҳам ба Мавҷуда Мирзоева. Ӯ каме ба андеша рафту баъд дафтари қайдҳояшро гирифта, аз гуфторҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе овард, ки ман онро айнан навишта гирифтам: «Ҳар як фарди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша ин неъмати гаронбаҳо ва муқаддас, яъне ваҳдати миллиро пос дорад, ба қадри он расад ва барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш намояд, то ки онҳо низ дар оянда ин гавҳари пурқиматро ҳифзу эҳтиёт карда тавонанд». Ва дар охир Мавҷуда Умаровна – Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯтоҳ зикр намуд: Ин гуфтор барои мо, кормандони фарҳангу маънавиёт ҳидояти нусратбор аст, осорхона ҳам тарбиятгар, ҳам мактаби ҳаётшиносӣ ва ҳам роҳнамои худшиносист.

Инъомҷон ҚӮЧҚОРОВ, рӯзноманигор.

Махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh