РИСОЛАТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Санъати ҳунарофарии мардумӣ аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, ҳамчун ҳунарҳои халқӣ инкишоф ёфтааст ва аҳамияти худро то имрӯз аз даст надодааст. Маҳсулоти эҷодии ҳунармандон дар асоси тафаккури озоди онҳо эҷод мешавад ва баҳри файз бахшидан ба муҳити атроф нигаронида шудааст.

БО ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад, зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад. Дар ҳар гӯшаву канори вилоятамон баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ тавваҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бинобар ин чанд сол инҷониб баргузор гардидани озмунҳо вобаста ба ҳунармандӣ нақши муҳим мебозанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин озмунҳо тарғиби анъанаҳои миллии либосдӯзиву фарҳанги либоспӯшӣ ва эътирофи саҳми занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани озмунҳои вилоятии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» ва Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» қарорҳои Раиси вилоят ба тасвиб расида буданд. Бахшида ба ин чорабиниҳо дар тарабхонаи «Мирзоҳабиб»‐и маркази вилоят ҷамъомади фарҳангӣ доир гардида, озмунҳои мазкур аз рӯи номинатсияҳои гуногун баргузор ва ҷамъбаст шуданд.

Озмунҳои номбурда бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи хӯришҳои миллӣ, гиромидошти ҳайсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ бахшида ба солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буданд. Баъд аз баҳогузории ҳар як мизе, ки бо завқи баланд оро дода шуда буданд ва муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ аз онҳо дидан намуд, маълум гардид, ки занону бонувони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят бо омодагии ҳамаҷониба ба озмун омадаанд. Озмунҳои номбурда аз рӯи номинатсияҳои гуногун пешниҳод гардида, бо баҳогузории аъзои ҳакамон ҷамъбаст шуданд.

Дар бахши «Маҳорати омодакунии хуришҳои миллӣ, муосир ва сифати он» ҷойи якум ба Дилфуза Қодирова аз шаҳри Исфара, ҷойи дуюм ба Маъмура Ҷалолова аз шаҳри Панҷакент, ҷойи сеюм ба Умеда Юлчиева аз ноҳияи Спитамен, дар бахши «Огоҳӣ ва тарзи омода кардани намудҳои гуногуни «Хуришҳои миллӣ ва муосир» ҷойи аввал ба Гулчеҳра Иброҳимова аз шаҳри Гулистон, ҷойи дуюм ба Шафоат Раҷабова аз шаҳри Бӯстон, ҷойи сеюм ба Марҷона Мирзоқулова аз ноҳияи Ашт, дар бахши «Иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи вилоятӣ» ҷойи аввал ба Дилбар Муъминова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм ба Хуршед Раҳмонов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷойи сеюм ба Шарифа Салимова аз ноҳияи Деваштич, дар бахши «Сатҳ ва сифати муаррифӣ намудани маҳсулоти тайёр» ҷойи аввал ба Ҷумъагул Назарова аз шаҳри Истиқлол, ҷойи дуюм ба Ҳафиза Парпиева аз шаҳри Конибодом, ҷойи сеюм ба Фирӯза Тӯхтаева аз шаҳри Гулистон, дар бахши «Сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби «Хуришҳои миллӣ ва муосир» ҷойи аввал ба Фарангис Неъматова аз шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ба Сайёра Муллоева аз ноҳияи Шаҳристон, ҷойи сеюм ба Ҷаҳоноро Шукурова аз шаҳри Панҷакент, дар бахши навоварӣ, дар номинатсияи «Сарфакорӣ ва ташаббускорӣ аз ҷониби иштирокчиён» ҷойи аввал ба Шаҳноза Зокирова аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм ба Маҳбуба Асадова аз ноҳияи Зафаробод, ҷойи сеюм ба Фотима Бобоева аз ноҳияи Мастчоҳ дода шуданд.

Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» бошад, баҳри ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои миллӣ, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди саноати сабук, арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, духтарону ҷавонон нигаронида шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар вилоят даҳҳо тарроҳони эҷодкору дӯзандагони навовар рӯи кор меоянд. Дар озмуни мазкур низ иштирокдорон аз рӯи номинатсияҳо баҳогузорӣ карда шуданд.

Дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакон ва наврасон» ҷойи якум ба Гулмира Исҳоқова аз шаҳри Конибодом, ҷойи дуюм ба Заррина Холмирзоева аз ноҳияи Зафаробод, ҷойи сеюм ба Маърифат Раҳматова аз ноҳияи Шаҳристон, дар номинатсияи «Беҳтарин либос барои персонаҷҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ» ҷойи якум ба Садоқат Сатторова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷойи дуюм ба Насиба Искандарова аз шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюм ба Саломат Азизова аз ноҳияи Мастчоҳ, дар «Беҳтарин либоси рӯзмарраи духтарон, бонувон, писарону мардон» ҷойи якум ба Шаҳноза Ахмедова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм ба Малика Юлдошзода аз ноҳияи Деваштич, ҷойи сеюм ба Хуршеда Ҳазратқулова аз шаҳри Истиқлол, дар бахши «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона» ҷойи якум ба Ситора Сироҷова аз шаҳри Панҷакент, ҷойи дуюм ба Мадина Анварова аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Рахшона Ҳакимҷонова аз ноҳияи Ашт, дар номинатсияи «Беҳтарин либоси расмӣ (протоколӣ)» ҷойи якум ба Фотима Неъматова аз ноҳияи Спитамен, ҷойи дуюм ба Наргис Абдувалиева аз шаҳри Бӯстон, ҷойи сеюм ба Оиша Сатторова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бахши «Беҳтарин либоси арӯсии миллӣ ва муосир» ҷойи якум ба Матлуба Ниёзова аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм ба Таҳмина Аюбзода аз шаҳри Исфара, ҷойи сеюм ба Қумринисо Содиқова аз шаҳри Гулистон муносиб дониста шуд. Омӯхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд, муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрӯзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh