ОҲАН ГУЛ ШАВАД АЗ ОТАШИ МЕҲР

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13‐уми декабри соли 2018, оид ба баргузории ид, намоиш, фестивал ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021, супориши Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бахшида ба солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Қарори Раиси вилоят дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Мисгарию оҳангарӣ» ба тасвиб расидааст.

Даври вилоятии озмуни мазкур дар Маҷмааи таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки ҳунармандон – ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардид. Оҳангарону мисгарон ин навбат низ маҳсули дастони худро пешкаши ҳайати ҳакамону иштирокдорон гардониданд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳадафи баргузории озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии «Мисгарию оҳангарӣ»‐ро дар тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстии мардум арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баҳри оммавӣ гардонидани усули беҳтарини ҳунарҳои мисгарию оҳангарӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзиш ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ин намуди ҳунарҳо мусоидатгар аст. Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Асадуллозода дар бораи эҳёи ҳунарҳои қадима ва рушди он дар замони муосир сухан ронд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари қадимаи «мисгарӣ» дар озмуни «Мисгарию оҳангарӣ» ҷои аввал насиби кордсози шаҳри Истаравшан Иброҳим Мирзоев, ҷои дуюм насиби карнайсози шаҳри Истаравшан Абдурасул Мансуров ва ҷои сеюм насиби ҳунарманди ноҳияи Ашт Бахтиёр Абдухалилов гардид. Мақоми аввалро дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии оҳангарӣ ҳунарманди конибодомӣ Абдуманнон Ҳомидов соҳиб шуда, ҷойи дуюм насиби оҳангари шаҳри Панҷакент Аҳмад Умаров ва ҷойи сеюм насиби ҳунарманд Илҳом Мадумаров гардид.

Ғолибон ҳамчунин бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1,2 ва 3 ҳазор сомонӣ тақдиронида шуданд. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ Бӯстон Ҳоҷиматов, Амир Шамсиев, Абдураҳмон Орифов, Ғайбулло Исломов, раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо Сипосномаи Раиси вилоят мукофотонида шуданд. Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, ба наздикӣ озими пойтахт хоҳанд шуд.

Шоира КАРИМЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh