УРДУГОҲҲО БА ҚАБУЛ ОМОДААНД

Баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи он бояд то санаи 20‐уми майи соли 2021 корҳои сохтмонию таъмирӣ, муҷаҳҳазгардонии биною майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонида шуда, аз омодагии онҳо барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон маълумот пешниҳод намоянд.

Дар ин раванд қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” бо мақсади дар сатҳи баланд ва зарурӣ омода кардани иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ташкили истироҳати кӯдакон дар мавсими тобистони соли 2021 ба тасвиб расид. Тибқи он, дар вилоят Ситоди вилоятии “Тобистон‐2021” ташкил гардид. Бояд зикр кард, ки то имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят омодагӣ ба истироҳати тобистонаи кӯдакон бомаром ҷараён гирифта, рӯзҳои наздик қисме аз онҳо ба фаъолият оғоз намуда, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳатгоҳҳо тамоми шароиту имкониятро фароҳам оварданд.

Воқеан дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят низ ситод ташкил гардид, ки дар он оид ба омода намудани истироҳатгоҳҳои тобистона вазифагузорӣ карда шудаанд. Чӣ хеле, ки роҳбари ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода изҳор намуд, аз 1‐уми апрели соли равон қарори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят оид ба таъсиси ситоди доимоамалкунанда барои гузаронидани истироҳати кӯдакон ва наврасон ба тасвиб расид. ‐Имсол дар вилоят, тибқи маълумоти пешакӣ, 15 адад лагери беруназшаҳрӣ амал менамояд, изҳор намуд ӯ. Ҳамзамон, изҳор кард, ки дар назди дабистонҳо низ истироҳатгоҳҳои дохилимактабӣ барои толибилмон оғӯши худро боз менамояд. Дар дохили дабистонҳо имсол ташкил намудани 524 адад лагерҳои наздимактабӣ пешбинӣ шудааст. Лагерҳои истироҳатӣмеҳнатӣ имсол 68 ҳазор хонандагонро ба оғӯш мегирад ва 3 ҳазору 700 истироҳатгоҳи меҳнатӣ амал менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар миқёси вилоят имсол 81 адад истироҳатгоҳи варзишӣ фаъолият менамояд, ки онҳо дар назди мактабҳои варзишӣ амал мекунанд. Дар 81 истироҳатгоҳи варзишӣ имсол 2 ҳазору 400 нафар хонанда барои истироҳат фаро гирифта мешаванд. Айни замон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ зиёда аз 2 ҳазору 800 нафар хонанда барои дамгирӣ фаро гирифта шудаанд. ‐Имрӯз истироҳатгоҳи “Шоҳин”, воқеъ дар шаҳри Гулистон дари худро барои қабули хонандагон боз кардааст. Дар истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “20‐солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” аз санаи 18уми июни соли 2021 басти аввали истироҳат шурӯъ гардид.

Дар он 150 нафар муҳассилин барои истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Ба ин истироҳатгоҳ аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, Бохтар, Кӯлоб, Хатлон ва 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои гузаронидани таътили тобистона кӯдакону наврасон омадаанд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳайё шудааст. Хонандагон дар оғӯши манзараҳои дилфиреби ин истироҳатгоҳ ҳам истироҳат мекунанд ва ҳам ба мутолиа машғул мегарданд. Дар маҳфилҳои гуногун ширкат меварзанд, изҳор дошт муовини директори истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи “20солагии Истиқлолият” Алихон Умаров зимни суҳбат.

Ҳамзамон, муассисаи солимгардонии “Суғд”‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аз 21 уми июн дар як баст ба фаъолият оғоз намуд, ки 250 нафар истироҳаткунандагонро ба оғӯш гирифтааст. Дар ҳақиқат имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои марбута баҳри он мекӯшанд, ки истироҳати мактабиён хушу гуворо гузарад. Зеро кӯдакон ояндаи моянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh