Таҷдиду навсозии Қалъаи Хуҷанд идома дорад

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ дар маркази вилоят таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ҷараён дорад.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд таъкид шуд, корҳои сохтмониву барқарорсозӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳудуди қалъа, ки  яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии шаҳри бостонии Хуҷанд маҳсуб меёбад, эҳё гардида истодааст.

Мусаллам аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

Тибқи нақша корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон идома дошта, дар ҳудуди қалъа бо риояи санъати меъмории миллӣ чойхона ва маҳаллаву хонаҳои қадимӣ сохта шуда истодааст.

Роҳбари вилоят бо рассомону ороишгарон, меъморону таърихнигорон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат карда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, ба роҳ мондани ҳафриёти археологӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар вақти таҷдиду барқарорсозӣ маслиҳату тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh