РАМЗИ ОСУДАГИВУ СОЗАНДАГӢ

Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои халқу миллат ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ баҳри беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум, баланд гардидани нуфузу эътибори байналхалқии Тоҷикистон ва созандагиву бунёдкорӣ мусоидат намуд. Он рамзи саодати миллат, соҳибихтиёрии миллӣ ва нишонаи пойдориву бақост.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Истиқлолият ба таҳкими давлатдории миллӣ, эътибори байналмилалии кишвар, хештаншиносӣ корҳои созандагию ободонӣ такони бузург бахшид. Вилояти Суғд низ чун қисми ҷудонашавандаи мамлакат ободу зебо гардида, симои худро дар тӯли 30 сол куллан дигар намуд.

Дар ин ҷода дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург буда, мардуми вилоят ҷавобан ба чунин таваҷҷуҳ ва эътибори хоса бо азму талоши комил ва садоқатмандӣ баҳри рушду таҳкими заминаҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми шоиста мегузоранд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди вилоят чун тамоми сокинони Ватани азизамон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Баҳри таҷлили бошукӯҳи 30‐солагии Истиқлоли давлатӣ сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов иброз дошт, ки дар тамоми шаҳру навоҳӣ чорабиниҳо аз қабили намоишҳои театрикунонидашуда, мизҳои мудаввар, мубодилаи афкор, конфронсу семинарҳо, фестивалу озмунҳо, вохӯриву суҳбатҳо, намоиши китобҳо, баромади дастаи ҳаваскорони санъат, ҳунармандони касбӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, шанбегиҳо, таъмир, бунёд ва азнавсозии осорхонаҳо ва якқатор корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳамчунин, дар арафаи ҷашни бузург гузаронидани роҳпаймоӣ ва чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” дар назар аст.

Халқи тоҷик бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст ва чун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хосаи худро дорост. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва равшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад. Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи вилоят баҳри истиқболи ҷашни бузурги миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин, тибқи амри Президенти мамлакат ба ифтихори ҷашни миллӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», маҳфилҳои адабӣ‐фарҳангӣ таҳти унвонҳои “Истиқлолият дастоварди бузурги миллат”, “Тоҷикистон истиқлолат поянда бод”, “Истиқлолият рамзи саодат ва нишонаи пойдории миллат”, “Истиқлолият неъмати бебаҳост” ва ғайра дар муассисаҳои таълимии шаҳраку деҳоти вилоят идома дорад.

Инчунин, дар китобхонаҳо доир ба тарғиби дастовардҳои шоистаи 30 соли соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб гӯшаҳо, намоиши китобҳо, конфронсу семинарҳои адабӣ маърифатӣ ташкил ва ҷараён дорад, иброз дошт Бахтиёр Қосимов. Дар таърихномаи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандонаи ба нафъи халқу Ватан равонашуда башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh