ЁРУ БАРОДАР АЗ АЗАЛ ӮЗБЕКУ ТОҶИК

Дар пештоқи Қасри миллат навишта шудани некгуфтаҳои шоири халқи тоҷик «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» ва пазироии гарму самимии мардуми пойтахту сокинони вилояти Суғд Сарони ду давлатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маро водор намуд, ки замири дили хешро иброз намоям.

Бори аввал ба ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шудани он кас бо ордени фахрии «Зарринтоҷ», ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва НБО «Қайроққум», вохӯрӣ бо фаъолони вилояту ноҳия дар қасри овозадору таърихии «Арбоб»‐и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро аз оинаи нилгун дида, бори дигар бовар кардам, ки дар ҳақиқат бахти мардум дар дӯстию ҳамдигарӣ будааст.

Бахусус, суханронии пурмуҳтавои профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус, ҷавондухтари деваштичӣ Наврӯза Мамирова ва қироати шеъри баландмазмуни ӯ маро тасхир кард:

Тоҷигим ӯзбекка монанд, ӯзбегим тоҷикмисол,

Халқи ду бир эътиборан дӯстлиги келтирди шон.

Тӯйи бир, одати бирдир аз қадим ҳам, эй рафиқ,

Ҳеҷ хато не гарчи гӯям ҳарду пайванди замон.

Аллаҳои модарон як, бир эрур ёр‐ёри ҳам,

Ин ду ҳамсоя аҷаб соз ӯртада йӯқдир гумон.

Пешво Эмомалӣ шуда маҳбуби мо,

Шавкати ду халқ хонад эҳтироми Мирзиё.

Бале, дӯстии халқҳо музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорӣ аст. Қувваи тавоно ва файзу баракати дӯстию бародарӣ бар хусумату низоъ, ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳо ғолиб омада, сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин сабаб, дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. Ин ҳисси азалии инсон ҳамеша, дар ҳар асру замон ҷавон хоҳад монд. Шоире гуфтааст: «Хушбахттарин инсон он аст, ки лоақал бо сояи дӯсти ҷонӣ вохӯрад», яъне дар пушту паноҳи дӯсти ҷонии худ бошад. Барҳақ, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои амиқ ва анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии нек, дастгирии тарафайн ва кӯмаки якдигарро дорад.

Дар давраи тӯлонии таърихӣ байни гузаштагони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ ба амал омад. Натиҷаи ин арзишҳои таърихӣ қаробати рӯҳию равонӣ дар зеҳни бисёре аз наслҳои мо амиқ реша давондани арзишҳои муштараки ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад» аҳамияти бештареро касб кардааст. Ҳанӯз наздик шаш садсола қабл Алишери Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ робитаи дӯстӣ дошта, ба ҳамдигар шеърҳои ширу шакар менавиштанд.

Нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони ӯзбекӣ эҷод мекард. Устод Айнӣ асосан аз «Бадоеъ‐ул‐вақоеъ» и Восифӣ илҳом гирифта, эҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст. Аз навишта ва хотираҳои устод Айнӣ бармеояд, ки эҷодиёти нависанда дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон низ манзури ҳаводорони бешумор мегардид ва Айнӣ аз он подоши хуб ҳам мегирифт. Бале, дӯстии ин ду халқи покдил ҷовидонӣ аст.

Баъдан, кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя, густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат моро ҳидоятгар ба сӯи фардои дурахшон ва тарабангез хоҳад буд, зеро лаззат ва аҳамияти дӯстиро бештар аз ҳазор сол пеш Рӯдакии бузургвор хеле хуб баён кардааст: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар, Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh