ВОХӮРИИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Вазири маориф Абдуқодир Тошқулов, директори Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ, директори шуъбаи шартномаи ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Комилҷон Рашидов, Вазири тандурустӣ Абдуҳаким Ҳоҷибоев ва дигар ҳамроҳонашон аз Маҷмааи давлатии Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд. Меҳмонони олиқадрро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамроҳӣ карданд.

Директори Маҷмааи давлатии Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии Қалъаи Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, корманди осорхона Иноят Мирзоева аз таърихи бою қадима ва фарҳанги волои халқи тоҷик маълумот дод.          

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳаким Ҳоҷибоев дар суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзи дувуми сафар дар сарзамини тоҷикон дар сатҳи олӣ ҷараён дорад.

- Дар вохӯрии бошукӯҳ ва пурмуҳтаво дар маркази кишвари тоҷикон - шаҳри Душанбе Сарони ду кишвар ширкат варзиданд, таъкид гардид, ки мулоқоти навбатӣ таърихӣ аст, зеро туфайли дӯстиву бародарии Сарони ду кишвар ҳоло имконият ва шароити мусоид барои ҳамкории минбаъда дар ҳама самти хоҷагии халқ ба назар мерасад. Дар соҳаи тандурустӣ низ заминаи нави ҳамкорӣ ба вуқӯъ пайваст, зеро дар вилояти Хатлон ба истифода додани иншооти муосир - Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконият фароҳам овард, ки мутахассисони ду кишвар минбаъд метавонанд дар паҳлӯи ҳамдигар табодули таҷриба кунанд, - таъкид кард Абдуҳаким Ҳоҷибоев.

Номбурда гуфт, ки дар рафти вохӯрӣ бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тасмим гирифтанд, равобити худро дар самти соҳаи тандурустӣ ҷоннок карда, рӯзҳои наздик мутахассисони соҳаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар дар фаъолият ва кӯмаки минбаъда ҳамоҳанг гардида, ҳатто дар самти гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии душвор мусоидат хоҳанд кард. 

Ҳамчунин, директори Институти байналхалқии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Носиров гуфт, ки давоми чор соли охир туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарони ду кишвар муносибатҳои тоҷикону ӯзбекон бомаром дигар гардид. Тамоми масъалаҳое, ки солҳои зиёд садди роҳ буданд, дар як муддати кӯтоҳ ҳал гардиданд.

- Ҳафтаи гузашта ҳайати кормандони мо дар шаҳри Душанбе нӯҳ вохӯрӣ доир карда, дар ин самт бо шарикони худ 5 ҳуҷҷатро ба имзо расониданд. Ҳамчунин, конфронси бошукӯҳ ба хотири дарёфт ва рушди муносибатҳои нави ҳамкории тарафайн доир шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯрии навбатӣ дар таърихи халқу кишвар дигаргунии куллӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст, зеро дар рафти вохӯрӣ 35 созишнома ба имзо расид, ки он ҳамаи самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, - гуфт Анвар Носиров.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки сармоягузорони мо нақша доранд, ки минбаъд дар самти омода кардани лоиҳаҳои маҳсулоти ширкатҳои «Артел - Авесто», таҷҳизоти техникӣ, истеҳсоли Атласи Хуҷанд, барқарор ва пешрафти абрешим, дар умум барои рушди хоҷагии халқ, саноат ва кишоварзӣ лоиҳаҳои мухталиф ба роҳ монда хоҳанд шуд. Ин боиси бо ҷойи корӣ таъмин гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Баробари ин Вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов гуфт, ки дар самти соҳаи маориф ва илм низ дигаргунии мухталиф рӯи кор хоҳад омад.

- Ҳоло шаҳрвандони мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилро ба роҳ мондаанд, ки ин амал боиси пешравиву дастгирист. Ҳамчунин, барои шаҳрвандони тоҷикистонӣ низ, ки дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил карда истодаанд, ба ҷуз соҳаи омӯзгорӣ ихтисосҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Дар самти илм таҳияи маводҳои илмӣ васеъ ба роҳ монда шудааст, боварӣ дорем, ки пас аз вохӯрии Роҳбарони ду кишвар боз дигаргунӣ дар самти илмомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар панҷ донишгоҳ бо забони тоҷикӣ илм меандӯзанд ва барои баланд кардани сатҳи донишандӯзӣ мутахассисони соҳаро омода карда истодаем, - гуфт Абдуқодир Тошқулов.  

Ҳайати бонуфузи меҳмонон дар Китоби қайдҳо таассурот ва соядасти худро гузоштанд. Аз ҷониби Осорхонаи вилоятӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh