БОНУИ ҲУНАРМАНД АЗ НАВГАРЗАН

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳунарманд тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд солҳои 2019 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Имрӯз ҳунарҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофию кешбофӣ аз нав эҳё гардида, шавқмандони асил ин навъи санъати бемислу монандро ба арши аъло расонидаанд.

Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеву мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» и худ моҳияти ҳунаромӯзиро ба таври зайл баҳо додааст: «Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад.

Ҳамчунин, гузаштагонамон таъкид намудаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол». Дар шаҳри Гулистон низ ҳастанд ҳунармандоне, ки маҳсули дастранҷашон дар намоишгоҳу чорабиниҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муаррифӣ гардидааст. Бонуи ҳунар Робиямо Иномҷонова ҳунарҳои бофандагию дӯзандагӣ ва пазандагиро аз модаркалонаш Тоҷинисо Ҳасанова хуб омӯхтааст. Робиямо зани сариштакор, поктинат ва хеле ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ 20 – уми декабри соли 1957 дар деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт, дар оилаи дуредгар ба дунё омадааст. Соҳиби панҷ фарзанд, се писару ду духтар ва шонздаҳ набера мебошад. Аз соли 1980 то инҷониб дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳри Гулистон зиндагии хубу шоиста дорад. Духтаронаш мисли худаш ҳунарманданду аз дастонашон зар мерезад. Некгуфтаҳои гузаштагонамон «дасти одамизод гул аст» гӯё барои аҳли ин оила гуфта шуда бошанд, зеро сокинони Ҷамоати шаҳраки Навгарзан аз маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ, ки дар хонааш таъсис додааст, бархурдоранд. Ҳунари кешбофиро Робиямо ончунон ривоҷу равнақ додааст, ки ҳатто ҷавондухтарону занони Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт дурӣ ва вазнинии роҳро нигоҳ накарда, омада, ин ҳунарҳоро аз ӯ меомӯзанд. Дар маҳфил бонувон дӯхтан ва бофтани курта, ҷуроб, гарданбанд, камзӯлу нимтанаҳои кӯдакона, тоқиҳои мардонаву занона ва сӯзанидӯзиро меомӯзанд, ки меҳнат ва машаққати зиёдеро талаб дорад.

Намунаҳои зиёди ҳунари сӯзанидӯзӣ, ки дар дӯхтани он тафаккури олами гардон ва маънои зиндагӣ ифода ёфтааст, аз риштаи абрешимӣ дӯхта шуда, он бо мурури замон ранг ва зебоиашро гум намекунад. Дӯхти он завқи баланди дӯзандаро фарогир буда, барои тарбияи зебоипарастии ҳар як бинанда нисбат ба ҳунари ниёгон муҳим арзёбӣ мешавад. Шогирдони Робиямои ҳунарманд Сабина Шоматова, Нигора Мӯъминова, Фотима Насибова, Нигора Ашӯрова имрӯз аллакай нозукиҳои ҳунарҳои аҷдодиро ба хубӣ омӯхтаанд. Ҳоло ҳунари бофандагӣ ва дӯзандагии апаи Роиямо ҳаводорони зиёде дорад. Дар баробари ин, меҳмонони ба ин ҷо омада ба маҳсули дасти ин бонуи чирадаст таваҷҷуҳи зиёд доранд. “Бисёр занону духтарон ба назди ман меоянд. Дар дил шавқу рағбат ба ҳунаромӯзӣ, ки доранд, дар муддати кӯтоҳ бофандагию дӯзандагиро аз худ мекунанд. Ман ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки зани ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва зиндагиашро метавонад, бо нӯги сӯзан саришта кунад.

Албатта, ин ҳунар кори саҳлу содда нест. Аз ҳунарманд фурӯтанию сабру таҳаммулро талаб мекунад. Агар диду зақи зебоипарастӣ надошта бошад, рангҳоро ҷо ба ҷо гузошта наметавонад. Барои ҳамин занону духтарони ҳунарманд бояд ҳам зебоипараст бошанду ҳам пурсабру тоқат. Ҳамин амал модарону бибиҳои моро дар байни дигар миллатҳо машҳур карда буд ва мебояд ин анъанаро идома диҳем”, мегӯяд апаи Робиямо. Тавре Робиямо Иномҷонова зикр намуд, кешбофӣ ҳунари қадима буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан сихҳои махсусро истифода мебаранд. Дусиха, сесиха, чорсиха номгӯи асбобҳое, ки барои ҳунари кешбофӣ заруранд.

Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳис‐тон ҳоло ҳам занони куҳансоле ёфт мешаванд, ки аз сихҳои чӯбини қадимӣ истифода мебаранд. Ҳоло ҷои сихҳои чӯбиро сихҳои симин гирифтаанд. Пашми гӯсфанд барои таҳияи маҳсулоти кешбофӣ ашёи хоми асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ғайр аз пашми гӯсфанд, пашми бузро низ ба кор мебаранд. Дар баробари ин, худи ҳунармандон вазифаи ресандаро иҷро мекунанд. Риштаи ресидаро бо усули табиӣ ранг медиҳанд. Барои бофтани ҷуроб пашми дар фасли баҳор тарошидашуда истифода мешавад. Зеро он мулоим буда, ресиданаш ҳам осон ва ҷуробе, ки аз ин гуна ришта бофта мешавад, босифат аст. Ҷӯробро вобаста ба иқлим дар шаклҳои гуногун, баъзан то зону ва ҳатто аз зону боло мебофанд. Ҷуроби аз зону болоро танҳо аз рӯи фармоиши чӯпонону шикорчиён таҳия мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан ҷуробро яклухт мебофанд. Ҷуроби армуғониро бо иловаи риштаҳои симӣ мебофанд, ки ҳангоми ҷашнҳои оилавӣ, зодрӯз ва тӯй ҳамчун туҳфа ба наздикон тақдим месозанд. Сабаби то имрӯз идома доштани ин ҳунар, пеш аз ҳама, дар фаровон будани ашёи хом, инчунин, талаботи мардуми маҳаллӣ ва таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти мазкур мебошад. Талабот нисбат ба маҳсулоте, ки аз ҳунари кешбофӣ ба даст меояд, зиёд аст. Аз ҳама бештар ҷуробҳои гуногун зиёд ба фурӯш мераванд, зеро онҳо аз маҳсулоти табиӣ ба таври табиӣ бофта шуда, дар фасли сармо пойҳоро гарм нигоҳ медоранд. Ҳунари кешбофӣ, дар баробари дигар анъанаҳои миллиамон муаррифгари фарҳанги қадимаи тоҷикон аст.

Тавре зикр намудем, Робиямо Иномҷонова давоми чанд соли зиндагиаш дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзан беш аз 200 нафар занону духтаронро касби дӯзандагию бофандагӣ омӯхтааст. Барои Робиямо дар ҷодаи пешаи интихобкардааш барори кор хоҳонем. Умед бар он дорем, ки тавассути ҳунари хеш ин бонуи ҳунар то ба қуллаҳои баланди ҳунармандӣ расида, ҳамеша муваффақ бошанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh