АЙНӢ. Тақсими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “ТОҶИКОН”

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 уми декабри соли 2019 таъкид дошта буданд, ки: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон мегардонад, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.

Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”. Инак, ҷиҳати таъмини иҷрои ин супориши Пешвои миллат чоп кардани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Роҳбари давлат туҳфа намудани он ба ҳар як оилаи кишвар идома дорад.

Тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар хонаводаи кишвар, пеш аз ҳама, мусоидат дар маърифати таърихӣ ва ташаккули худшиносии миллии ҷомеа ба шумор меравад, зеро миёни тамоми осоре, ки роҷеъ ба таърихи тоҷикон ба қалам омадаанд, ҷомеътарин китоб, бешак, “Тоҷикон” ба шумор меравад. Тақсимоти китоби «Тоҷикон»‐и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи ноҳияи Айнӣ шурӯъ гашта, намояндагони дастгоҳи Президенти кишвар ба аҳолии 84 ҳазорнафараи ноҳия, ки дар умум 19 ҳазору 200 адад хоҷагиро ташкил медиҳанд, расониданд. Ёдовар мешавем, ки ин туҳфаи барои халқу миллати тоҷик бисёр гаронбаҳо дар арафаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»‐и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд аз нав нашр гардида, ҳамчун туҳфаи идона аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи сокини кишвар тақдим мегардад. Бегумон, ба хонаводаи аҳолии кишвар расидани китоби “Тоҷикон” ин, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки тамоми наслҳои аҳолии мамлакат таърихи пурифтихори халқи тоҷик, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан талқину тарғиб намояд. Муҳимтар аз ҳама китоби “Тоҷикон” тавассути ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат имрӯз дар хонаи чашми ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҷой хоҳад гирифт.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh