ТЕАТР БАРОИ КӮДАКОН

Санаи 31‐уми майи соли равон бо ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова пресс‐конфронс баргузор гардид. Дар пресс‐конфронс директори театри мазкур Ғайрат Қодиров ва саркоргардони театр Фарҳод Ғаффорпур иштирок намуданд.

Театри шаҳри Конибодом бори аввал соҳиби «Шоҳҷоиза»‐и Фестивал‐озмуни ҷумҳуриявии «Парасту2021» барои намоишномаи «Садои қу» гардид. Коргардони намоишнома Хоҷақулӣ, ҳунарманд ва коргардони машҳур аз Туркистон аст, ки айни ҳол дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад. Намоишномаи «Садои қу» аз рӯи асарҳои Чехов, Пушкин, Яшин, Грибоедов ва Шекспир гузошта шудааст.

Ин намоиш нақшҳои зиёдро дар бар гирифта, ҳамаи ин нақшҳоро се ҳунарманди ҷавони театр Ғайрат Қодиров, Фарҳод Ғаффорпур ва Фаррух Ваитов иҷро кардаанд. Ғайрат Қодиров гуфт, ки «Аҳли эҷоди театри давлатии шаҳри Конибодом аз сазовор гардидан ба ин «Шоҳҷоиза» ифтихор ва шодмонии беандоза доранд. «Шоҳҷоиза» ин саҳифаи нав дар таърихи театри мо мебошад ва ин, албатта, як масъулияте аст, ки мо бояд аз уҳдаи он баромада тавонем. Аз ин лиҳоз, театри номбурда тасмим гирифт, Фестивалаксияи Театр барои кӯдаконро дар доираи Фестивал‐аксияи байналмилалии «Бэби Биеннале 0ӯ» ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 1‐4‐уми июн гузаронад. Ҳадафи асосии ташкили Фестивал‐аксия дар кӯдакон тарбия намудани муҳаббат ба театр ва аз наздик шинос кардани тамошобин бо дунёи театр мебошад. Ҳадафи дигари баргузор кардани Фестивал‐аксияи Театр барои кӯдакон сайқал додани маҳорати худи ҳунармандони театр аст».

Тазаккур бояд дод, ки Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом барои иштирок ва шинос намудани кӯдакон бо навъҳои гуногуни театр ҳунармандонро аз Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковскийи шаҳри Душанбе даъват намуд. Давоми чор рӯз дар Театри давлатии шаҳри Конибодом намоишномаҳои «Гӯшдарози ҳиллагар», «Маликаи шӯх», «Хурӯсаки далер» ва «Незнайка и его друзҳя» барои кӯдакон гузошта мешаванд. Фарҳод Ғаффорпур қайд кард, ки фестивал ҷоест, ки ҳамеша метавон ягон ҳунари навро омӯхт ё истеъдоди худро сайқал дод. Ӯ гуфт, ки ҳунармандони театр бояд ҳарчи бештар дар фестивалу озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, аз навовариҳои соҳа бохабар бошанд. Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова соли оянда ҷашни 100‐солагиашро пешвоз мегирад ва ҳунармандони театр мехоҳанд, ин санаи хотирмонро дар сатҳи олӣ гузаронанд.

Суман РАҲМАТУЛЛОЕВА,

шаҳри Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh