КИТОБХОНА ВА ХОНАНДА

Дар асоси “Барномаи рушди китобдорӣ” ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар саросари кишвар озмуни китобхонҳо – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардида, аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ китобхонҳои беҳтарин бо ҷоизаву мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуда истодаанд. Дар ин самт натанҳо мактабу маориф, балки саҳми китобхонаҳо низ назаррас мебошанд.

Китобхонаи марказии ноҳияи Зафаробод низ аз соли таъсис то ба ин дам мекӯшад китобхонҳоро ҳарчи бештар ҷалб намояд ва дар андӯхтани дониш саҳм‐гузор бошад. Дар китобхонаи мазкур миқдори умумии китобҳо 104 ҳазор 685 нусха буда, аз он зиёда аз 40 ҳазор нусха бо забони тоҷикӣ, 45 ҳазор нусха бо забони русӣ ва зиёда аз 18 ҳазор нусхаи дигар бо забонҳои гуногун гирд оварда шудааст.

Миқдори солонаи китобхонҳо дар ноҳия 10 ҳазору 205 нафар буда, дар як сол наздик 105 ҳазор китоб барои хониш гардиш мешавад. Инчунин, китобхона бо 6 компютери замонавӣ, бидуни насби интернет ҷиҳозонида шудааст, ки ташрифовардагон метавонанд аз он истифода баранд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки то соли 2015 тавассути “Корвони китоб” аз ҷумҳурӣ ба китобхонаи марказии ноҳияи Зафаробод низ дар қатори дигар шаҳру навоҳӣ китобҳои тозанашр ройгон дастрас мешуданд. Соли гузашта мо 145 ҷилд ва дар семоҳаи аввали ҳамин сол 54 ҷилд китоби нав харидорӣ кардем, афзуд директори китобхонаи марказии ноҳия Баҳодур Азизов.

Ҳоло дар китобхона 22 нафар китобдор фаъолият мебаранд ва бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ ва солгарди адибони бузург пайваста озмуну чорабиниҳо ташкил ва баргузор менамоянд. Аз ҷумла бахшида ба 700‐солагии шоир Камоли Хуҷандӣ, 110солагии Мирзо Турсунзода чорабиниҳо баргузор намудаанд. Барои иштирок ва ба даст овардани муваффақият дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” китобхона нақша дорад китобхонҳоро ҷалб намояд.

Рӯзигул ЗОҲИДОВА,

 таҷрибаомӯзи “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh