ҶАВОБГӮ БА НИЁЗҲОИ ҶОМЕА

«Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд. Бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва гирудори зиндагӣ ҷавшани ҷонаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад».

Ин нуктаҳо, ки аз забони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ифодагари арҷгузории мо ба аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар радифи эълон шудани солҳои 2019‐2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол инҷониб баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» барои ноил шудан ба ҳадафу ормонҳои олӣ пайванди қавӣ дорад.

 «Маҷмӯаи саволу ҷавоб, тест ва гуфтор оид ба китоб, китобдорӣ ва китобшиносӣ» маҷмӯаест, ки нашриёти «Меъроҷ» бо тавсияи шӯрои табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ба табъ расонда, саволу ҷавобҳо ва тестҳо оид ба самтҳои гуногуни соҳаи китобшиносӣ, мисли таърихи китобу китобсозӣ, истилоҳоти умумиистеъмолӣ, фароҳамоварӣ ва коркарди китоб, феҳраст, корҳои маълумотдиҳӣ – библиографӣ, илмӣ – методӣ, мубодилавӣ – захиравӣ ва маҳфуздорӣ, махзани китобӣ, иттилоотӣ – компютерӣ, электронӣ ва хизматрасонӣ фароҳам омадаанд. Ҳамчунин гуфтори бузургон перомуни арзиши олии китобу китобдорӣ ба унвони раҳнамои мутахассисон ва тарғибгарони донишу хирад оварда шудааст.

Тавре директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар пешгуфтори китоб менигорад, мутахассисони китобшинос барои тамоми китобдорони вилоят, корманддонишҷӯён китобҳои таълимӣ, дастурҳову мактубҳои методӣ, рӯйхатҳои тавсиявӣ, намунаи ҳуҷҷатнигорӣ, «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ» ва дигар маводи соҳавиро омода ва дастрас менамоянд, ки «Маҷмӯаи саволу ҷавоб, тест ва гуфтор оид ба китоб, китобдорӣ ва китобшиносӣ» аз қабили онҳост. Зеро барои мутахассисону дастурдеҳони соҳа маълум аст, ки то кунун бештари маводи илмию таълимии китобшиносию китобхонашиносӣ ва аксари ҳуҷҷатнигории китобхонавӣ ба таври мукаммал таҷдиди назар нашуда, хизматрасонии китобию иттиллотӣ бо усули анъанавӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо назардошти ба маводи таълимӣ эҳтиёҷи бештар доштани донишҷӯёни ихтисоси китобхонашиносию китобшиносии макотиби олӣ, аз донишҳои муосири соҳа барканор мондани бархе аз мутахассисони китобшинос бо мақсади тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа китоби мазкурро ба табъ расондаанд. Таҳиягарон мутмаинанд, ки маҷмӯаи мазкур раҳнамои хубу судманд буда, бо мақсади наҷиб, яъне камолоти фикриву маънавии китобдорони асил ва омӯзгорону ҷӯяндагони ҳақиқии илму маърифат рӯи коғаз омадааст.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh