МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – МАҚСАДУ МАРОМИ ҶОМЕА

Бо иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар ба рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи иҷтимоиёти мардуми кишвар такони бузурге дод. Инчунин, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат намуд.

Бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук бахшида ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фестивал озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандон ва коргоҳҳои саноати сабуки вилоят маҳсулоти истеҳсолӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Меҳмонон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, алалхусус аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз намоиш дидан карда, бо ҳунарҳои волои ҳунармандони вилоят шиносоӣ пайдо карда, ба маҳсулоти дар намоишбуда баҳои баланд гузоштанд. Фестивал озмун дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ оғоз гардида, нахуст раиси иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ҳамагонро хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки кишвари тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус дар самти ободониву сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, бунёди садҳо корхонаи саноативу иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ бо дастовардҳои бузург дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Амалигардии ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳамоварии шароити мусоиди иҷтимоӣ меҳвари марказӣ ва мақсаду мароми мақомоти маҳаллии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар заминаи рушди саноати сабук ва ҷиҳати эҳёи анъанаи ҳунарҳои мардумӣ, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири бемайлон расонида, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар давраи густариши саноати ҳунарҳои дастии мардумӣ, дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳадафмандона тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодааст. Боиси қайд аст, ки дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, косибӣ ва амсоли ин тадбирҳои бузурги созанда анҷом дода шудааст. Ҳадафи асосӣ аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ин, пеш аз ҳама, ривоҷ бахшидан ба фарҳангу анъанаҳои миллии ниёгонамон ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони бешуғл ва хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ва ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихии кишвар аст.

Иттифоқҳои касабаи вилоят низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоӣ ҳиссаи босазои худро мегузорад, гуфт номбурда. Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук ба аҳли нишаст расонда, аз ҷумла таъкид дошт, ки нақши саноати сабук дар кишвари тозаистиқлоли мо дар таъмини эҳтиёҷоти мардум, рушди бонизоми кулли соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт мавқеи муҳим дорад. Ҷорӣ намудани комёбиҳои нави илму техника ва технологияи муосир дар истеҳсолот, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати маҳсулот ва ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазир аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар аст.

Ҳамчунин раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода қайд кард, ки як насл давлат, хона, бино, роҳ, пул, нақб, гулгашт, боғ, иншооти варзишӣ, кохҳои фарҳангӣ ва иншооти ҳаётан муҳимро сохт. Аз ин рӯ, насли ояндаро мебояд тамоми кӯшишу ғайрати худро барои аз худ кардани илму технологияи муосир сарф намояд. Сипас, намояндаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргиса Шамсиева номаи шодбошии Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро қироат карда, иброз дошт, ки соҳаи саноати сабук дар вилоят таҳкурсии мустаҳкам дошта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз пахта назаррас арзёбӣ мегардад ва барои расидан ба ҳадафи миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳим дорад.

Саноатчиёни вилоят, бахусус кормандони соҳаи саноати сабук дар давраи ниҳоят мушкил, яъне соли 2020, ки ҷаҳонро пандемияи COVID 19 фаро гирифта буд, тавонистанд, бо тезӣ истеҳсолоти худро ба талабот мутобиқ намуда, барои дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата, аз матои пахтагин истеҳсоли корҷомаҳои тиббиро ба роҳ монанд ва, ҳатто, ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Барои фаъолияти пурсамар, меҳнати фидокорона, саҳмгузорӣ дар пешбурди истеҳсолот ва рушди соҳаи саноати сабук фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони номии вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh