ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР

Ҳамон лаҳзае ки Пешвои муаззами миллат ба сарулибоси миллии омодакардаам баҳои аъло гузоштанд, бароям мукофоти Шоҳҷоиза буд. Умуман, ҳар як суханронӣ ва мулоқоти Ҷаноби Олиро интизор мешавам, зеро, албатта, доир ба ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ҳарф мезананд ва мо, ҳунармандонро ин гуфтаҳо рӯҳбаланд мегардонад, бо муҳаббати самимӣ ибрози ақида намуд дӯзандаи моҳиру чирадаст, эҷодкору дӯстдори касби хеш Дилфузахон Муқумова – сарвари Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Дилфуза дар айёми хурдиву наврасиаш рафтори писарбачагона дошту либоси духтаронаро мақбул надошт. Мисоли писарҳо савораи дучарха будаму доимо зери «сарзаниш» и падару модар қарор доштам, мегӯяд бо табассуми малеҳ хотироташро варақгардон сохта бонуи ҳунарманд.

Вақте Дилфуза Муқумова донишҷӯи соли дуюми факултаи методикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд, шароити оилавӣ водор сохт, ки барои нигоҳубини ҷиян сафари шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояд. Рӯзе ҳамсари бародараш ӯро ба сехи дӯзандагӣ бурд ва чеваре барояш аз матои атлас курта омода сохт. Куртаро ба бар карду барояш писанд омад. Дилфуза ҳам ба либоси миллӣ майл пайдо карду ҳам ба ҳунари авлодии дӯзандагӣ.

Минбаъд Дилфуза дар вақтҳои холигиаш ба ҳамин боргоҳи ҳунар омада, касби аҷдодиро аз бар карда, дар баробари ҳамин худ низ эҷод менамуд. Ин духтараки ҳушёру чолок дилбохтаи касб гардиду бо тахайюлоти бадеиаш нақшаҳои гуногуну ҷолибро омода месохт. Бо як маънӣ, бонуи ҳунарманду эҷодкор аз табиати афсунгару меваву сабзаҳои кишвари офтобрӯяву дилфиреб нақш меофарид. Чун бародар муҳаббати хоҳарашро нисбати касби авлодӣ ҳунармандӣ эҳсос намуд, ӯро ба факултаи дизайнерии Донишгоҳи давлатии Тошканд раҳнамун сохт ва дар санъати зеббахшӣ маҳорати хоса нишон дод.

ДИЛБОХТАИ КАСБ

Бонуи кушодачеҳраву самимӣ аз боби ҳунару ҳунармандӣ сухан меронаду муҳаббаташ, дилбохтагиашро ба касбаш эҳсос менамоӣ. Аз гуфтораш оид ба ҳунарҳои мардумӣ, таърих ва мероси он, кадом навъи дӯзандагиро балад аст, ба хулосае омадам, ки даҳ ангушти ин бону омехтаи ҳунар аст, зеро куртаву поҷома, қуроқу сӯзанидӯзӣ, чимилиқу кӯрпаву болин ва дигар ҳунарҳоро аз бар намудаасту боз дигаронро бо ин роҳ роҳнамун сохтааст.

Агар худаш давоми чанд соли охир гирандаи грантҳои раисони шаҳру вилоят ва Президентӣ гардида бошад, дастпарваронаш ҳам аз пайи ӯ равонанду наздик даҳ нафар шогирдонаш ба гирифтани чунин мукофотҳои олӣ сазовор шуда, коргоҳ ташкил кардаанду вазъи зиндагии худ ва дигаронро беҳ сохтаанд. Ба монанди Марҳабохон, Насибахон, Ҳалимахон, Наргиза, Шаҳноза ва дигаронанд, ки аллакай ба қуллаи олами ҳунар расидаанду боз дастпарварони хешро тарбия намуда истодаанд. Дилфуза бо либосҳои арӯсиву барои идонаву хонагӣ ва дигар навъи дӯзандагӣ дар маҳфилу озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Ҷилваи рангҳо», «Атлас ва адрас» ширкат варзида, тавре худ изҳор медорад, албатта, соҳиби мукофотҳои олӣ, ба монанди Шоҳҷоиза ва мақомҳои якуму дуюмро соҳиб гардидааст.

ДАР ОЛАМИ МАЪНИВУ САНЪАТ

Ӯ олами ҳунару маъниву санъати худро дорад. Дар ҳар як нақшу нигоре, ки меофарад, мазмуну муҳтавои мардумиро илқо месозад. Масалан, дар болине, ки нақши анорро кашидадӯзӣ кардааст, онро чунин шарҳ медиҳад: Анор дарахти мевадорест, ки дар мамлакатҳои гарм мерӯяд, аз ҷумла, дар кишвари офтобии мо низ. Меваи он ширин ё турш буда, пур аз донаҳои сурхи обдор аст ва гирди онро пӯст иҳота кардааст, яъне чӣ? Яъне оила мисоли қалъае бошад, ки гирдашро мустаҳкам кардаанд ва фарзандону наберагон дар дохили он бо ҳам ёру тифоқанд.

Ба болини арӯсу домод аз матоъҳои гуногун бо тартиби махсус қуроқ медӯзад, яъне ин ду навниҳоли боғи ҳаёт то охири умр дар як болин бояд сар гузоранду ҳамеша бо ҳам бошанд. Нақши қаламфур аз чашми бад нигоҳ медорад. Акси гулҳо дар курта зиндагӣ зебо ва чун гул ҳамеша дар нашъу намӯ бошад. Ҳамин тариқа ҳар як нақше, ки меофарад, мазмуну муҳтавои худро дорад ва онро ба умри инсон, меҳру муҳаббати самимӣ шабоҳат медиҳад.

САМАРАИ МЕҲНАТРО БОЯД ЧАШИД…

Қайдаш рафт, ки дӯзандагӣ олами хосаи худро дорад. Ақидаи ин бонуи ҳунарманд оид ба омӯхтани санъати дӯзандагӣ чунин аст: Мо бояд ба фарзандонамон ҳунарҳои гуногунро омӯзонем, зеро шуғли меҳнат инсониятро аз чанд корҳои ношоям, ба монанди гуфторҳои беҳуда, дар ин замон телефонбозӣ, тамошои телевизор, бекор гаштан бозмедорад, инчунин агар ҳар яке самараи меҳнати худро чашад, ба қадри зиндагӣ, меҳнат, пул мерасад, қатрае ҳам бошад, вазъи иқтисодии хонаводаашро беҳтар месозад.

Фарзандонашро низ бо ҳамин пайроҳа равона месозад. Беҳуда ҳам гузаштагони мо «меҳнат шараф аст» ва ё «меҳнат кунад, ба қадри меҳнати дигарону пул мерасад», намегӯянд. Қаблан «ба як мард чиҳил ҳунар кам аст», мегуфтанд, ҳоло инро метавон ба занҳо шабоҳат дод. Хосатан, занони хонанишин, ки вақти холигии зиёд доранд, чаро бо шуғле машғул набошанд?

«НАМЕТАВОНАМ» НАГӮЙ!

Дилфуза дар оилае ба воя расидааст, ки аз хурд то бузург машғули меҳнатанд. Ҳанӯз модаркалонаш бо ҳунармандӣ машғул буду набераву абераҳоро наздаш даъват намуда, аз олами ҳунару ҳунармандӣ огоҳ месохт. Ва вақте дар айёми бачагӣ, бо табассум суханашро идома медиҳад ҳунарманд, гоҳе ба духтарони ҳамсоя пайравӣ карданӣ шуда, бо баҳонаи гурехтан аз назди модаркалон «не, ман инро карда наметавонам» ё «натавонистам, бибиҷон, сонитар дӯзам ва ё бофам» гӯям, модаркалонам «калимаи намедонам, наметавонам» ро дигар ба забон нагир!», мегуфтанд бо сарзаниш.

Ҳамин ибораҳо то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд ва вақте дар омӯхтани ҳунаре агар мушкилӣ кашаму матои дар дастам бударо ба сӯе партофтанӣ шавам, гӯё модаркалонам ҷониби ман нигоҳ карда истода бошанд, боз аз нав ба даст мегирам. Ва ҳамин гуфтаҳои модаркалон ӯро то имрӯз роҳнамо асту ҳамеша агар ҳунареро аз бар карданӣ шавад, хеле ҷиддӣ ба он муносибат мекунад.

Дилфуза солҳост, ки бо қуроқдӯзию сӯзанидӯзӣ, кӯрпаю кӯрпача ва куртадӯзӣ машғул аст, аммо оғози соли ду ҳазору чаҳордаҳумро аз хотир бароварда наметавонад. Ҳамон сол мувофиқи хоҳиши нафаре сӯзание омода сохт. Он зан баробари сӯзании омодакардаро ба даст гирифтан, ба ҳунари волои Дилфуза баҳои аъло дод. Зимнан пурсид, ки чаро дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва фестивалу озмунҳо ширкат намеварзад ва чанд маслиҳати хешро дареғ надошт.

БОИСИ ИФТИХОР АЗ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Маслиҳати он зан барояш боис гардид, ки маҳсули меҳнати хешро ба намоишгоҳҳову чорабиниҳои мухталиф пешниҳод намояд, шогирдони зиёдеро бо ин роҳ раҳнамун созад ва гирандаи мукофоту грантҳои сарварони олӣ гардад. Боиси шодмонист, ки чанд соли охир бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта, муаррифгари таърих ва анъанаҳои аҷдодии миллати тоҷик гардид ва баҳри тақвият додани онҳо тадбирҳои аниқ андешида мешаванд.

Бо пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ боиси ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон он рӯи кор омад. Яке аз муҳимияти ин иқдом, пеш аз ҳама, рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ буда, ҳамзамон дар бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, кам кардани сафи бонувони муҳоҷир ва соҳиби маоши баланд гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.

АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДОМОНИ ФАРОХ ДОРАД...

Дар бобати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, манфиати он ба ҷомеа Дилфузаи ҳунарманд андешаҳои худро дорад: Бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, таъсис додани корхонаҳои хурду сехҳои ҳунармандӣ бори дигар моро ҳушдор месозад, ки мероси аҷдодии хешро аз хотир набарорем. Охир, худ тасаввур кунед: агар аз матои атлас либоси миллӣ ба бар дошта бошем, чӣ хубу зебост. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯли беш аз даҳ сол аст, ки яке аз анъанаҳои беҳтарин озмуни “Иди Атлас” дар вилоят идома дорад. Ва чунин чорабинӣ боис гардид, ки занону духтаракони мо бо тарҳи гуногуни руҳияи миллидошта аз нав матои атлас ва адрасро эҳё созанд.

Вақте дар чунин озмунҳо ширкат меварзам, мушоҳида кардаам, ки на танҳо иштирокчиёни маҳфилҳо, балки дар толор нишастагон низ бо либоси миллӣ ширкат меварзанд, ки аз чунин анъана дил бар фараҳ меояд. Гоҳе мушоҳида кардаам, ки қаблан куртаи чакан танҳо хоси духтаракони вилояти Хатлон буд, ҳоло бошад, домани чунин анъанаҳои миллӣ фарох гардидааст. Ҳоло тариқи йӯрмадӯзӣ онро дар бари духтаракони суғдӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Алҳол ният дорам, пурра миллӣ неву тибқи талабот камтар замонавӣ гардонам, омехта бо либоси атлас ва дигар матоъҳо.

ҚАЛБИ САРШОР АЗ МУҲАББАТ

Ин бонуи ҳунарманд на танҳо шогирд мепарварад, балки баҳри дастгирии занону бонувони хонанишину эҳтиёҷманд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҳилоли Аҳмар” мошини дарздӯзӣ, қайчию ресмону дигар лавозимотро дастрас менамояд. Дар рафти суҳбати чандлаҳзаина эҳсос намудам, ки ӯ дили саршор аз муҳаббат ба касбу кораш, меҳрубониву рафоқат ба бонувони эҳтиёҷманд, дӯстдори Ватану раъиятпарвар аст. Вақте соли 2020 –ум саросари ҷаҳонро бемории коронавирус пахш кард ва табибону хоҳарони шафкат ва нафарони ба ин беморӣ гирифторгашта ба назару эътибор ва дастгирии аҳолӣ ниёз доштанд, дар қатори садҳо накӯкорону саховатмандон ҳамроҳи фарзандони дилбандаш Саидазимхони даҳсолаву Муслимахони ҳаштсола ва шогирдаш Марҳабохон Махсумҷонова беш аз ҳазор ниқобу либоси маҳсусро омода сохта, бо ҷонибдории Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ба табибону эҳтиёҷмандон ройгон дастрас кард.

ОРЗУИ ДӮЗАНДАИ МОҲИР

Орзуву омоли дӯзандаи чирадаст: масоҳати сехи дӯзандагиро васеъ намудан, маҳсули меҳнати хешро дар дигар мамолик муаррифӣ кардан, оламиёнро аз ғановати мероси ниёгон ошно сохтан аст. Соли сипарӣ ба сабаби бемории коронавирус бо ёрии интернет маҳсули меҳнати хешро дар давлати Франсия муаррифӣ намудем ва ҳоло ният дорам, ба дигар давлатҳо маҳсули меҳнати худ ва шогирдонамро муаррифӣ созам. Муаррифии маҳсули меҳнати мо, фикр мекунам, ин ошно сохтан бо Ватани ҳамешабаҳорамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки алҳол дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвари офтобиямон қарор дорем. Бо ин васила, тавре Пешвои маҳбуби миллат таъкид медоранд: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

 Дилфуза Муқумова – дӯзандаи моҳири хуҷандӣ навъҳои гуногуни ҳунармандиро аз бар намудан, занону бонувонро ба ин пайроҳа ворид сохтан, бозору марказҳои савдоро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин кардан, коста кардани сафи муҳоҷирзанон, тавассути меҳнату эҷодаш Тоҷикистони офтобрӯяро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтан аст, ки ҳамаи ин муҳаббати дилашро ҳангоми суҳбати чандлаҳзаина воқиф гардидам.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh