Таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва оғози машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон

 

 

 

20 майи соли 2021 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва оғози машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон чорабинии адабию фарҳангӣ доир шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ таъкид кард, ки машварати омўзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар рўзҳои басо хотирмон ва пуршараф доир мегардад, зеро дар саросари мамлакат 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузург ва мубаллиғи дўстиву рафоқати халқҳову адабиётҳо, устоди назми муосири тоҷик Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар замони фаъолияти бардавоми устод Мирзо Турсунзода ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон борҳо чунин машваратҳо барпо шуда, чеҳраҳои тобноки адабӣ, амсоли Муъмин Қаноат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Озод Аминзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Камол Насрулло ва дигарон кашф гардиданд.

Мактаби садоқати устод Мирзо Турсунзода дар муносибат ба фарзанди маънавӣ ва шогирди соҳибистеъдоди эшон барои тамоми даврони минбаъда намунаи ибрат гардид. Раҳнамоиву муносибати падаронаи устод ба шогирди соҳибистеъдодашон таъсири файзбахше гузошт ва Лоиқ Шералӣ суннатҳои хоси ин мактабро ҳифз ва давом дода, худ устоди бузурге шуд ва гурўҳи калони шоирони соҳибмақоми имрўзро тарбият кард.

-Устод Лоиқ Шералӣ воқеан аз зумраи он суханваронест, ки бо ашъори баландмазмуни худ барои имрўзиён паёми сулҳу сафо, далерию мардонагӣ, дўст доштани Ватан, хештаншиносиву ваҳдати миллатро ситоиш намуда, мардумро ба фардои шукуфони миллат тарғиб менамудаст.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ ба хизматҳои пурарзиши шоир ишора карда, гуфта буданд: «Дар ин миён лозим медонам, хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рўҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса  ёдовар шавам».

Дар ҳақиқат ҳам, шоири бузург бо эҷоди осори ватандўстонаи худ моро ба эҳтиром ва гиромидошти муқаддасоти ватан ва марзу бум, истиқлоли кишвар ва расидан ба ваҳдати комил раҳнамоӣ  мекунад, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки “нақши Лоиқ Шералӣ мисли аксари аҳли адабу қалами кишварамон, бахусус дар масъалаи таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва тавассути он офаридани осори шевою равон ва ҷовидонагӣ бахшидани ин рукни муҳими давлатдориамон бузург мебошад”.

Раиси вилоят аз ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят китоби “Бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик” интишор ёфт ва ба тамоми қисмҳои ҳарбии қаламрави мамлакат ройгон дастрас шуд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии ғазалсарои бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ даҳҳо китобҳои ҷашнии илмию оммавӣ ва “Девон”-и мукаммали Хоҷа Камол нашр гардиданд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи давлатии вилоят танҳо дар се соли охир зиёда аз 60 номгўй китобҳои шоирону нависандагони кишвар интишор ёфтанд, ки “Девон”-и устод Лоиқ, “Замини модарон”-и Бозор Собир, “Асарҳои мунтахаб”-и ҳаштҷилдаи Муҳиддин Хоҷазод, “Найсон”-и Фарзона, маҷмўаҳои ашъору насри Озод Аминзода, Усмон Олим, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз, Маъруф Бобоҷон, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Муқим Воҳид, Додохон Эгамзод, Равшан Замир, Анвар Мирзоҳакими Олим ва дигарон аз ҷумлаи онҳоянд.

Гуфта шуд, ки мактаби илми адабиётшиносию нақди адабии ҳавзаи Суғд алҳол хеле пурқудрат гардидааст. Адибону олимони шинохта, амсоли Неъматҷон Файзуллоев, Матлубаи Мирзоюнус, Умеда ва Замира Ғаффороваҳо, Тоҷибой Султонӣ, Нуралии Нурзод, Замира Ўлмасова, Баҳром Мирсаид, Субҳон Аъзамзод, Баҳром Раҳматзод, Саидумрон Саидов ва дигарон як зумра муҳаққиқони умедбахшро тарбия кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар хитоб ба адибони ҷавон таъкид кард, ки дар канори устодони мўътабари хеш ба эҷоду офаридани асарҳои шоистаи замон талош варзида, муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони азиз, оини ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва хидматҳои шоёни бузургони миллатро дар навиштаҳои хеш тарғибу ташвиқ намоянд.

Сипас, Раиси вилоят ҳамчун нишони эҳтиром ба сухани воло ва фарҳанги оламшумули тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва ба шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Дар навбати худ аз номи раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ба роҳбари вилоят туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни маърӯзаи хеш аз дастгириҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли адаб ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд.

Дар идома ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили ширу шакар сурат гирифт, ки Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони номвари устод Лоиқ Фарзон маҳфилоро буд. Дар маҳфилу ширу шакар аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат гардида, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб хотираҳои неки хешро аз ҳамкорӣ ба устод Лоиқ ёдоварӣ карданд.

Аҳли санъат, ҳунармандони номии вилояту ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҷӯрабек Набиев, Афзалшоҳи Шодӣ, Исроил Файзиддинов, Ҳасани Камол ва дигарон бо суруду таронаҳое, ки матни онҳо аз сурудаҳои Лоиқ Шералӣ аст, хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh