САЙЁҲӢ - ОИНАИ ҚАДНАМОИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар он аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳия, мудирони бахшҳои сайёҳӣ, намояндагони ВАО ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа камбудиҳои соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои бартараф намудан ва рафти иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи мазкур баррасӣ шуд. Анвар Яъқубӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ зиёд мегардад. Мутаассифона, паҳн шудани бемории сироятии Ковид‐19 дар ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ низ таъсири худро расонид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, иншооти сохтмонӣ тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030‐юм қабул гардида, нақшаи амалӣ дар вилоят барои солҳои 2019‐2022 тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ Анвар Яъқубӣ оид ба ҳамкории шуъбаи рушди сайёҳии вилоят якҷо бо масъулини шаҳру ноҳияҳо ва субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ, баргузории ҳамоишҳо оид ба таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар иншооти сарироҳӣ ҳарф зада, афзуд, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои хурд дар самти соҳаи рушди сайёҳӣ якҷоя бо шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ фаъолият беҳтар ба роҳ монда шавад.

Бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ оид ба тақвияти сайёҳии дохилӣ, инчунин ҷалби донишҷӯёну мактаббачаҳо ба сайёҳии дохилӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ба маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани стандартикунонии фаъолияти осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар мавзеъҳои соҳаи сайёҳӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят Абдумаҷид Раҳимов оид ба иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи чоруми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа гузориши роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо шунида шуд. Баҳри рафъи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои босифати банди ҳар як протоколи дар ҷаласаи мазкур гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh