НАМОИШНОМАИ " БУЛБУЛИ ХУҶАНД" ДИПЛОМ ВА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГИРИФТ

Намоишномаи " Булбули Хуҷанд"- Театри масҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашнвораи байналмилалии "Параллельные миры" миёни кишварҳои Италия, Латвия, Украина, Чехия, Россия ва Беларус сазовори диплом " Барои эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" ва Ҷоизаи " Беҳтарин ороиши мусиқӣ" гардид.

Намоишнома аз рӯи асари Толиб Карими Озарахш, дар коргардонии саркоргардони театр Сухроб Шехов омода ва пешниҳоди тамошобинон шудааст.

Ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Барановичи Беларус ба тариқи онлайн баргузор шуда, ҳайати ҳакамон ба намоишнома ва ҳунарнамоии ҳунармандони Театри масҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баҳои баланд додаанд.

«Булбули Хуҷанд» драмаи лирикӣ-мусиқӣ аст ва ҳунармандони театр Ҳикматулло Аҳадов, Диловар Султонов, Покиза Шодмонзода, Рустам Азимӣ, Фараҳманд Каримов, Умарҷон Қобилов, Санҷари Абдумалик, Фаёз Бойматов нақш офаридаанд.

Гуфтанист, ки намоишномаи «Булбули Хуҷанд» дар фестивали «Парасту», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба намоиш гузошта мешавад.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh