ХАТ ҒАЛАТ, МАЪНО ҒАЛАТ...

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст. Бале, имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанду осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин гуфтаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ наметавон эътироф кунад». Дар ҳақиқат, агар забони модарии худро надонем, ҳеҷ гоҳ наметавонем, ба омӯзиши забонҳои дигар машғул шавем. Ҳарчанд дар кишвари мо забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қабул шудааст, аммо мо онро ба қадри зарурӣ риоя карда, аз он истифода бурда метавонем?

«Таъмири таҷҳизотҳои барқӣ», «Таъмири маводҳои барқӣ», «Лавозимотҳоӣ Кондитери» навишта шудааст дар лавҳу овезаҳое, ки дар пештоқи коргоҳҳои хизматрасонӣ насб шудааст. Агар хонандаи закитабъ аз илми забонӣ огоҳ бошад, мефаҳмад, ки калимаи «таҷҳизот»‐у «лавозимот» худ исми ҷамъ буда, ҳоҷат ба овардани ҷамъбандии «ҳо» нест. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ин калимаҳо чунин шарҳ дода шудааст: «таҷҳизот маҷмӯи асбобу анҷом» ва «лавозимот – чизҳои зарурӣ». Фармоишгарон бояд бо навиштаҷоти «Таъмири таҷҳизоти барқӣ» ва «Лавозимоти кондитерӣ» иктифо мекарданду ба ғалатнависӣ роҳ намедоданд. Агар фармоишдиҳанда ва интишоркунандагони эълону реклама ва ё нигораҳо медонистанд, ки мавқеи навиштани ҳарфи «и» ва «ӣ»‐и заданок дар имлои забони тоҷикӣ кадом аст, калимаҳо дар фарҳанги забони тоҷикӣ чӣ гуна навишта мешаванд, маънои ҳар калимаи интишоршаванда чист, шояд чунин хаторо содир намекарданд. Зеро дар навиштаҷоти «Таъмири маводҳои барқӣ» ғалатест нобахшиданӣ.

Калимаи «мавод» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ чунин шарҳ дода шудааст: «мавод(д) – 1.модда, 2. маҷмӯи маълумот». Калимаи «мавод» ба таҷҳизоти барқӣ чӣ иртиботе дошта бошад, ки фармоишгарон ва ё интишоркунандагон ба ин хато роҳ додаанд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3‐юми октябри соли 2009 № 687 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва 28‐уми ноябри соли 2020 таҳти рақами 647 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 2030» ба тасвиб расида шуда, мувофиқи он вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар кишвар ба танзим дароварда шуд. Вазифаҳои қонуни мазкур аз он иборат аст, ки истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд. Тибқи қонуни мазкур мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оваранд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад, бо забони софи тоҷикӣ озодона сухан гӯяд, ҳангоми нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба қоидаҳои имлоию грамматикӣ риоя намояд.

Мутаассифона, агарчанде дар ҳар шаҳру ноҳия мутасаддиёни риояи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият доранд, истифодаи нодурусти имлои забони тоҷикӣ дар ҳама ҷо ба чашм мерасад. Дар даромадгоҳи як аз корхонаҳои давлатӣ чунин навиштаҷот ба назар расид: «РЕҶАИ КОР аз 8:00 то 17:00 Танафуз 12:00 то 13:00 Рӯзи истироҳат Шанбе, Якшанбе». Бо як назар дар навиштаҷоти болоӣ хатое дида намешавад, зеро аксар мардум бо дидани рӯзу соатҳои нишондода мақсади онро дарк менамоянд ва дигар аҳамият намедиҳанд. Лекин дақиқтар назар афканем, калимаи «танафуз» ғалат навишта шудааст, ки шакли дурусти он «танаффус» буда, маънои фосилаи дамгирӣ ва истироҳатро дорад. Овардани намунаеро аз маълумотнома оид ба амалисозии барномаи «Рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030» ва фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар семоҳаи аввали соли 2020, ки ба мақомоти болоӣ пешниҳод шудааст, ҷоиз дониста, таҳлили онро ба худи хонандаи рӯзнома ва ё нависандаи он вогузор менамоем.

«Комиссияи шуъбаи …(аз овардани номи ташкилот худдорӣ кардем) мақомоти иҷроияи фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Низомнома ва нақшаҳои корӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ хуб ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба омӯзиши забони модарӣ ва диққати махсус додан ба забони шевою шоиронаи тоҷикӣ чора ва тадбирҳои амалӣ андешидааст» ва ё «Моҳи январ ҷаласаи аъзоёни Комиссия баргузор гардида, дар он муҳтавои Паёми Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки 26.01.21 ироа гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси Комиссия мухтарам (ному насаб) оид ба гиромидошти забони шоиронаи тоҷикӣ ва поку беолоиш нигоҳ дошта, ба насли оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо мерос гузоштани он таъкидҳо намуданд». Агар ҷумлаҳои болоӣ ба риштаи таҳлил кашида шаванд, хоҳем гуфт: «Ҳайфи забони тоҷикӣ!» Бо овардани ин далелҳо иктифо мекунем, зеро шумораи онҳо хеле зиёд аст. Манзури мо на нишон додани ғалатҳо, балки ислоҳи он аст.

Баъди тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳадафи барномаро чунин шарҳ дод: Ҷаҳонишавии ҷомеаи имрӯза мушкилоти забонро кам намекунад, баръакс моро водор месозад, ки ба масъалаи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем ва ҳамчун рукни давлатдорӣ барои мустаҳкамии пояҳои он муташаккилона кор кунем. Бо дарки муҳим будани ин масъалаҳои марбут ба забон Барномаи рушди забони давлатӣ барои сол‐ҳои 2020‐2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он барои пешбурди кори забон дар даҳ соли оянда заминаи боэътимод мегузорад.

Ин Барнома ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатиро водор менамояд, ки ба масъалаи забон аҳамияти хос зоҳир намоянд. Мебояд, ба хотири гиромидошти забони тоҷикӣ, ба хотири аҷдодони забони мо онро поку беолоиш нигаҳ дорем ва ба насли навин мероси арзанда боқӣ гузорем. Агар ҳар нафари худогоҳу ватандӯст, соҳибхираду маърифатпеша ва масъулиятшинос дар ободии як пораи ватани азизаш саҳмгузор шавад, кишвари мо бештар ободу зебо хоҳад шуд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh