Файзи сухан ба фарди сухангӯ мерасад...

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати фарҳанги вилоят дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» баргузор шуд.

Толори китобхона намуди идона дошт. Дар он таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намоиши дастранҷи кӯдакону наврасони Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва лавҳаи “Аз Фестивал то Фестивал” ба маърази тамошо гузошта шуд.

Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида шуда, онро директори китобхонаи мазкур М. Расулова ҳусни оғоз бахшида, аз таърих ва мақсади баргузории чорабинӣ ибрози ақида намуд. Мудири бахши адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб Азизи Азиз дар бораи китобу китобхонӣ ва манфиати он ба ҷомеа, хосатан ҷавонон ва Иди китоб маълумоти муфассал дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, мутахассиси пешбари Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилоят Фароғат Усмонова, нависанда Муқим Воҳид, собиқадори соҳаи китобдорӣ Хайринисо Раҳимова иштирокдорони фестивалро бо Иди китоб табрик намуданд. Хонандагони МТМУ №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо барномаи рангини адабӣ, қироати шеъру гуфторҳо дар васфи китоб, сурудҳои ватанпарвариву ватандӯстӣ чорабиниро шукӯҳи тоза бахшиданд.

Дар маҳфил адибон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангӣ - таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, расонаҳои хабарӣ, китобдорон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии рақамҳои №18 ва 20-и шаҳри Хуҷанд ва рақами 49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд.

Фестивали мазкур ҳамчунин дар шуъбаҳои бачагонаи китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёфта, фарогири мавзуъҳои гуногун буданд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Гулистон ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили “Турсунзодахонӣ”, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен намоиши адабиёти тозанашр, маҳсули дастранҷи наврасон, ба монанди кашидадӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, гулдӯзӣ, ихтироъкорон ва бахшида ба 195-солагии шоир, маорифпарвар, олим, хаттоти беҳтарини асри Х1Х Аҳмади Дониш маҳфили адабӣ доир гардиданд. Дар чорабинии ба муносибати 70-солагии нависанда, рӯзноманигор Додохони Эгамзод дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти унвони “Файзи сухан ба фарди сухангӯ мерасад...” доиргардида баъди ёдоварӣ аз ҳаёту фаъолияти эҷодии адиб порчаҳо аз асари “Нигина ва Мирмалик” қироат шуд.

Дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом маҳфили ёдбуд бахшида ба 85-солагии шоир Алӣ Бобоҷон таҳти унвони “Шеър ҳам бояд занад фавворае...” баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагони МТМУ рақамҳои 1, 4, 5, 24-и шаҳр аз ашъори шоир шеърҳо қироат карданд. Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бошад, бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, китобхонаҳои марказӣ ва бачагона, мактаби санъати бачагона, маҳфили “Ворисони Маъдан” ҳаводорон, дӯстдорони китоб ва кӯдакону наврасони муассисаҳои давлатии томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз”маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Намоиш зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳсули дастранҷи наврасони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, гӯшаҳои «Аз Фестивал то Фестивал» ва «Як ҳафтаи фараҳбахш» намоиши навори слайдӣ, ки намунаҳо аз Фестивали китоб давоми як ҳафта гирд оварда шуданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Ҳадафи асосии баргузории фестивал ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ буд.

Фестивали ҷумҳуривии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ҷамъбаст гардида, ба иштирокчиён Диплому туҳфаҳои Раёсати фарҳанги вилоят ва Ифтихорномаи Китобхонаи вилоятии бачагона супорида шуданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh