ТАЪРИХУ ТАҚДИР ВА СОБИҚАИ МАВҶУДИЯТИ ЗАБОНИ МОДАРИИ МО БЕНАЗИР АСТ

Гиромидошти забони тоҷикӣ барои умри дарозаш мусоидат мекунад

Дар ҳама давру замон забони модарӣ барои миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон буда, воқеан забони тоҷикӣ аз забонҳои ғановатманду бонуфузи ҷаҳон аст.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд».

Воқеан ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.

Доир ба эҳтироми забон ва тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, суҳбате доштем бо номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯсо Олимҷонов:

-Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифтааст. Имрӯз вазъи ҳифзи забони модариро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Ташаккур! Нахуст барои даъват ва ташкили суҳбат дар мавриди забони тоҷикӣ, ки аз нишонаҳои асосии ҳастии миллат ба шумор меравад, ба Шумо миннатдорӣ изҳор менамоям.

Сониян, дар навбати худ, барои Шумо ва кормандони нашрияи бонуфузи «Ҳақиқати Суғд», ки тарғибгари сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифгари арзишҳои маънавии миллист, барори кор хоҳонам. Дар мавриди суоле, ки ин ҷо гузошта шуд, гуфтаниям, ки агар гӯем, ки истиқлоли тоҷикону Тоҷикистон аз истиқлолияти забони тоҷикӣ оғоз гардид, шояд беҳтар бошад. Масъала ин ҷост, ки тоҷикон дар замони ҳукмронии шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз аввалин миллатҳое буданд, ки нимаи дуввуми солҳои 80-уми садаи гузашта масъалаи давлатӣ гардидани забони тоҷикиро ба миён гузоштанд ва муваффақ ҳам шуданд.

Дар натиҷаи талошу пайкорҳои гурӯҳи равшанфикрони Тоҷикистон, мисли академик М.Шакурӣ, профессорон Ш.Рустамов, Р.Ғаффоров, устодон Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор ва дигарон 22-юми июли соли 1989-ум Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуҷҷатеро бо номи «Қонуни забони РСС Тоҷикистон» қабул намуда, забони тоҷикиро дар ҳудуди Тоҷикистон расман давлатӣ эълон намуд. Давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ корбурди забони тоҷикиро аз маҳдудаи хонаву бозор берун намуда, ба забони расмии давлатӣ табдил дод. Аз ин пас тамоми ҳуҷҷату санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ таҳия ва тасдиқу корбарӣ мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Оғози солҳои 90- уми садаи гузашта, дар рӯзгоре, ки вазъи Тоҷикистон ҳанӯз ба эътидол наомада буд, Сарвари давлат бо ҷуръат эълом доштанд, ки: «Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Маҳз соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони расмиву давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф гардад. Ба таъбири дигар, забони тоҷикӣ ба рӯйхати забонҳои расмии кишварҳои соҳибихтиёр ворид шуд.

Илова бар ин, забони тоҷикӣ баъд аз соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ғайра аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, ки ин падида, гумон мекунам, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ба хотири истеҳкоми пояҳои забони миллӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфтанд ва падидаҳои дигари фараҳбахш дар садади амалӣ шудан қарор доранд, ки соли 2008-умро Соли забони тоҷикӣ эълон намудани Сарвари давлат яке аз он тадбирҳост, ки баробар бо 1150-солагии мавлуди поягузори забони адабии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ таҷлил гардид.

- Андешаҳои Шуморо роҷеъ ба риояи меъёрҳои забони адабӣ донистан мехостем.

- Меъёр ё худ норма маҷмӯи қоидаҳои талаффуз, навишт, калимасозиву ибораороӣ ва қолабҳои ифодаи фикр аст, ки он аз тарафи аҳли сухан ба низом дароварда мешавад. Аз дигар тараф, меъёр догма ё худ қолабҳои шахшуда нест, яъне он тағйирпазир аст. Дар маҷмӯъ, мушоҳида мешавад, ки дар матбуоти даврӣ, дар телевизиону радио меъёри забони адабии тоҷикӣ риоя мешавад, вале дар забони гуфтугӯӣ ҳоло ҳам риоя нагардидани меъёри забони адабӣ ва боло гузоштани лаҳҷаву шеваҳои маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Сабаби асосии ин амал, ба гумони мо, дур шудан аз сарчашмаи асосии забономӯзӣ - китоб аст.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-уми садаи гузашта як гурӯҳ наврасон аз мактаб дур шуда монданд, ки хоҳу ноҳоҳ дар маънавиёти онон таъсири манфии худро гузоштааст. Ин ҷо беҳтар аст, ки аз сабақи устод Айнӣ ёд намоем. Устод Айнӣ солҳои 40- уми садаи гузашта ба нависандаи ҷавону боистеъдод Пӯлод Толис эрод гирифта буд, ки қаҳрамонҳои ҳикояи мавсуф - Маъруф, Сокина ва Санавбар, ки таҳсилоти миёна доранд, бо забони вайрони лаҳҷавӣ ҳарф мезананд, ки ҳаргиз мумкин нест. Бадбахтона, дар ҷомеаи мо аксар ҷавононе, ки дар мактабҳои олӣ мехонанд, дар нутқи худ шеваву лаҳҷаро болотар аз забони меъёр мегузоранд, ки, ба таъбири устод Айнӣ, «ин камбудӣ… дар забони адабии тоҷик халали куллӣ мерасонад».

 Гумон дорам, имрӯзҳо дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи мактабу маориф ва ҷалби наврасон ба таълими ҳатмии миёна, доирнамоии озмунҳое, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва монанди ин чорабиниҳои маънавӣ имкон медиҳанд, ки маданияти гуфтори соҳибзабонон, махсусан насли наврас беҳтар гардад.

- Дар замони ҷаҳонишавии муосир омилҳои асосии таъсиррасон ба коҳиш ёфтани забони модарӣ дар чӣ зоҳир мешавад?

- Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонист ва баробар бо дигар кишварҳо рӯ ба пешравиву ободкорӣ қадам мезанад. Чун дар дигар давлатҳо мафҳуми ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия вориди забони тоҷикӣ гардида, имрӯзҳо зиёд садо медиҳад. Бо вуҷуди он ки тавассути чаҳонишавӣ омезиш ва ё таъсири байниҳамдигарии фарҳангҳо бештар ба назар мерасад, фарҳанги миллии тоҷикӣ аз ҳастии худ дарак медиҳад. Чунончӣ, бо ибтикори Сарвари давлат иди Наврӯз байналмилалӣ эълон гардид ва воҷаи сирф тоҷикии “Наврӯз” ба лексикаи аксар забонҳои хориҷӣ ворид гардид ва серистеъмол ҳам шуд. Ин ва дигар падидаҳои хушоянд моро бовар мекунонанд, ки забони тоҷикӣ, ки таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад ва хосатан осори гаронмояи устодони бузурги сухани порсӣ, чун устод Рӯдакиву Фирдавсӣ, Камолу Ҳофиз ва дигарон муҳофизи забони миллии мо хоҳанд буд.

Бо вуҷуди ин барои арзи ҳастӣ намудани фарҳанги миллӣ тафаккури солим ва созандаи соҳибзабонон бояд мусоидат намояд. Соҳибзабонон бояд аз воситаҳои маҷозии иттилоот, мисли интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бошуурона истифода карда, афкору орои худро ба забони адабии тоҷикӣ ироа намоянд; дар баробари фарҳанги бегона аз фарҳанги миллии хеш ҳифз намоянд ва ғайра, Мутаассифона, гоҳо мушоҳида мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибватанон нисбати овозҳои хоси тоҷикӣ, мисли ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ беэътиноӣ зоҳир намуда, кӯшро аз куш ва... фарқ намекунанд ва ё бо таъсири филмҳои хориҷӣ, махсусан туркӣ дар байни тоҷикон гоҳо номҳои ғайр, мисли Элнур, тарғибу истифодаи сарулибоси хориҷӣ ва ғайра мушоҳида мешавад, ки бегумон, монеи рушди фарҳанги миллӣ мегардад.

- Васоити ахбори омма то куҷо метавонад дар рушди забони тоҷикӣ саҳм бигирад?

Андешаҳои шумо дар мавриди забони ВАО, хоса матбуоти муосир. - Васоити ахбори омма маҳсули пешрафти илму техника маҳсуб ёфта, дар Тоҷикистон дар ибтидои садаи ХХ ба вуҷуд омадааст. Аз оғози зуҳури рӯзномаву маҷаллаҳо то фаъолияти интернет ҳама зиёиён ин падидаи рӯзро ҷонибдорӣ ва хуш истиқбол намуданд. Чунончӣ, Шумо хуб огоҳед, ки устод Айнӣ мақолаи машҳури худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома»-ро чунин оғоз намуда буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад».

Ин баҳои баланди устод Айнӣ, маҷмӯан, ба матбуоти даврӣ ва радиову телевизион низ дахл дорад. Худи устод Айнӣ дар талоши он буд, ки забони матбуот ҳамафаҳм ва орӣ аз ғалатҳо бошад. Чунонки болотар таъкид гардид, устод Айнӣ дар мисоли нависандаи ҷавон Толис ба тамоми эҷодкорон муроҷиат мекунад, ки беҳтарин дороиҳои забони модариро тавассути осори худ барои соҳибзабонон пешниҳод намоянд. Мактуби устод ба нависандаи ҷавон, вале боистеъдод Пӯлод Толис то ба имрӯз омӯзандаву боиси пайравист…

Аз ин дидгоҳ масъулини ВАО бояд кӯшиш кунанд, то маводе, ки садо медиҳад ва ё интишор меёбад, мутобиқ ба меъёри забони адабии тоҷикӣ бошад. Мутаассифона, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион то ба имрӯз ғалатҳо, аз ҷумла ибораҳои вайрони вақтҳои корӣ, ҷойҳои корӣ, корҳои сохтмонӣ, техникаи рӯзғорӣ ва ғайра мушоҳида мешаванд. Илова бар ин, риоя нагардидани мавридҳои навишти ҳарфи калон, надонистани ҷой ва мавқеи навишти и-и заданок (-ӣ), дар мавқеи муносиб истифода нашудани пасванди калимасози «-ӣ», имлои калимаҳои мураккаб, дар ҷой ва мавқеи мувофиқ нагузоштани аломатҳои китобат, махсусан вергул ва ғайра бештар дучор мешаванд. Аз ин дидгоҳ, агар забони матбуоти даврӣ, радиову телевизион ҳар қадар бехатову нуқсон бошад, ба рушди забони адабии тоҷикӣ ва умумишавии меъёрҳои он мусоидати бевосита мекунад.

Дар ҳоли акс, вақти ислоҳи хато соҳибзабонон маводи ВАО-ро шоҳид хоҳанд овард. Хоҳанд гуфт, ки ин калима (таъбир, ибора, ҷумла)-ро дар фалон барномаи радио (телевизион) ва ё матни рӯзномаву маҷалла ҳамин гуна, ки мегӯянд, сабт намудаанд. Дар ин сурат ислоҳи ғалатҳо душвор гардида, рушди забонро ба қафо хоҳад кашид.

 - Навиштаву овезаҳои шаҳр то куҷо ба талаботи меъёрҳои забони адабӣ ҷавобгӯ ҳастанд?

-Яке аз масъалаҳои доғи рӯз сифати шиору овезаҳои тоҷикӣ дар миқёси Тоҷикистон аст, ки диққати аксар зиёиён ва махсусан академик М.Шакуриро ҷалб намуда, доир ба ин масъала борҳо гуфтаанду навиштаанд. Ба гумони мо, дар шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд аст, дар маҷмӯъ, сифати шиору овезаҳо давра ба давра беҳтар гардида истодааст.

Агар пештар ғалатҳои дағал ба мушоҳида расанд, хушбахтона, ин гуна саҳвҳоро имрӯз намеёбем ва ё хеле ба қудрат дучор мешаванд. Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки шиорҳои мо саросар дуруст ва беғалатанд.

Ҳоло ҳам гоҳо дар шиору овезаҳо ғалату лағзишҳо ба чашм мерасанд. Чунончӣ, дар чаҳорроҳаи, ба истилоҳ, «Кооператор» шиори зер насб шудааст: «Аз ин марди Худо, эй ҳамватан шукрона бояд кард». Шиори мазкур як ғалати ҷузъӣ дорад: азбаски мухотаб дар байни матн (ҷумла) омадааст, он бояд аз ду тараф бо вергул ҷудо шавад, яъне: «Аз ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард». Дар истгоҳи «Панҷшанбе» як шиор ба ду шакл сабт гардидааст: дар болои бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ ба ин тарз: «Пешвои миллат - ифтихори халқи тоҷик».

Дар сутунпояи калони болои роҳ ба ин шакл: «Пешвои миллат ифтихори халқи тоҷик». Пас, меҳмонон ва ё соҳибзабонон вақте ин ду навъи навишти як шиорро мебинанд, табиист, ки мепурсанд: - Кадоме дуруст аст? Дар ин маврид гунаи аввали шиор дуруст аст. Чун аз ҷумла ҳиссаи феълии хабар тахфиф ва ё ихтисор шудааст, байни сараъзоҳои ҷумла тире гузошта мешавад. Дар болои дорухонаи марказӣ ин шиор насб шудааст: «Меҳнати бунёдкоронаи мо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Шиори мазкур низ беғалат нест: чун дар муайянкунандаи «сисолагӣ» шумора бо рақам ифода шудааст («30»), байни рақами «30» ва ҳиссаи дувум - «солагӣ» бояд нимтире гузошта шавад. Гумони мо, шакли дурусти шиор ин аст:

«Меҳнати бунёдкоронаи мо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ба ин монанд ғалатҳоро дар дигар шиору овезаҳо низ мушоҳида намудан мумкин аст.

- Пас, чӣ бояд кард, ки шиору овезаҳо беғалат бошанд?

-Ба пиндори мо дар идораи рекломтайёркунӣ бояд як воҳиди кории махсус, ки аз ҳисоби мутахассиси забону адабиёти тоҷик бошад, ҷудо гардида, бар дӯши ӯ назорат ва ислоҳи шиору овезаҳо гузошта шавад. Дар ҳолати иҷрои ин амал на фақат матни шиору рекламаҳои шаҳри Хуҷанд, балки тамоми вилоят беҳтар мешавад.

Чанд муддат пештар мо - як гурӯҳ бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» профессор Абдуҷамол Ҳасанзода вазъи иҷрои Қонуни забонро дар муассисаҳои тобеи идораи маорифи ноҳияи Спитамен тафтиш намудем. Вақте аз ғалати матни шиору овезаҳо сухан ба миён меомад, масъулони соҳа таъкид мекарданд, ки шиору овеза аз Хуҷанд дастрас шудааст, онҳо аз ғалати он огаҳ нестанд ва ба ин монанд фикрҳо…

Пас, илоҷи воқеа дар ҷалби мутахассиси соҳа дар идораҳои рекломист, вагарна ғалатҳо такрор меёбанд. - То имрӯз дар забоншиносӣ чӣ пажӯҳишоти судманд анҷом ёфтанд, чӣ китобҳои хуберо барои хонандагони рӯзнома дар мавриди забони модарӣ тавсия медиҳед?

-Ташаккур. Забони тоҷикӣ, чунонки қаблан ишора гардид, аз куҳантарин забонҳои ҷаҳон аст ва бо ифтихор метавон гуфт, ки забонеро, ки таъриху тақдир ва собиқаи мавҷудияти забони моро дошта бошад, кам пайдо метавон кард. Ба шаҳду зарби забони мо бузургтарин суханварону мутафаккирони олам, мисли Гётеву Гегел ва даҳҳо дигарон сари таъзим фуруд овардаанд.

Аз ҷумла, Гегел, агар ғалат нанамоям, гуфтааст, ки дар байни тоҷикон садҳо бузургоне мавҷуданд, ки агар метавонистам, пайкараи онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбӯси дари онҳо мешудам... Ин аст, ки таъриху тақдири забони тоҷикӣ диққати олимони зиёди ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намудааст ва доир ба ин масъала осори зиёди илмӣ рӯйи кор омадааст. Айни замон барои соҳибватанон ба забони тоҷикӣ метавонем, асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат», ки аз ду китоб иборат буда, солҳои 2016 (китоби якум бо номи «Ба сӯйи пояндагӣ») ва 2020 (китоби дувум бо номи «Забон ва замон») аз нашр баромадааст, тавсия намоем. Ин асари гаронмоя, ба истилоҳи муаллиф, «китоби ҷомеи ҳамахон» буда, таърихи забони тоҷикиро аз ҳазораи дувуми пеш аз милод (аз оғози зуҳур) то ибтидои садаи ХХ муаррифӣ менамояд.

Асари дигари Сарвари давлат «Чеҳраҳои мондагор» низ хонданиву омӯзанда аст. Илова бар ин асарҳои зерин, гумон дорам, дар худшиносиву худогоҳии миллӣ суде фаровон доранд. Чунончӣ, асари хурд, вале пурмазмуни устод Айнӣ «Маънии калимаи тоҷик», «Намунаи адабиёти тоҷик», китобҳои академик М.Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Забони мо ҳастии мост», «Хуросон аст ин ҷо», асари академик А.Турсон (Турсунов) «Эҳёи Аҷам» ва ғайраҳо барои инкишофи маънавияти ҳар як соҳибзабон ва боло рафтани фарҳанги сухан мусоидат менамоянд.

- Ташаккур барои суҳбати муфид.

- Саломат бошед!

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh