ДАР МЕҲМОНИИ «ПАЁМИ СУҒД»

Чун анъана моҳе як маротиба дар меҳмонхонаи маҷаллаи «Паёми Суғд» бо адибон, шахсони шинохта ва намояндагони аҳли маърифат маҳфили адабӣ баргузор мегардад.

Ин навбат муаррих, таърихшинос Муҳиддин Файзуллоев дар меҳмонии ҳайати эҷодии ин маҷаллаи бонуфуз буд. Сармуҳаррир Толиб Карими Озарахш, публитсист Мавлуда Шарифова, шоирон Адиба, Аъзами Хуҷаста, Гулноз ва дигарон ҳамсуҳбати ин этнограф буданд. Муҳиддин Файзуллоев аз фаъолияти эҷодӣ ва қиссаҳои ҳаётӣ ба аҳли нишаст нақл намуд. Иштирокдорон аз фаъолияти эҷодӣ ва ҳаёту рӯзгори этнографии тоҷик пурсон шуданд.

Ёдовар мешавем, Муҳиддин Файзуллоев дар соҳаи этнография хизматҳои арзанда кардааст. Олими пурмаҳсул, этнографии тоҷик ва нафаре, ки барои осори миллати ниёгон, рушду фарҳанги миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ карда, барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии мардум хизматҳои шоёнро ба анҷом расонидааст, муаллифи якчанд китобу монография ва мақолаҳои илмӣ, фарҳангиву маърифатист.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh