ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки моро ба омӯхтани ҳунарҳои қадимии халқӣ водор намуда, имконият фароҳам овард, ки аз расму оинҳои миллати хеш бохабар бошем.

Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доранд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намудаанд ва ба шогирдону наслҳои оянда интиқол медиҳанд.

Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон давоми қарнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекунанд.

Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд. Яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ маҳсулоти сохтаи ҳунармандон ба шумор меравад. Дар бисёр кишварҳои Шарқ бо мақсади рушди туризм соҳаи ҳунармандиро тараққӣ медиҳанд.

Сайёҳон бештар ба маснуоти дастӣ ба монанди заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, сӯзаниҳо, тоқиҳо, ҷӯробҳои дастибофт таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бо кӯшишу ғамхориҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарҳои миллӣ, ба монанди атласу адрасбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ пеш рафта, занону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросими мардумӣ дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва моддиву маишии халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор, бахусус хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ мебошад.

Нигорахон АЗИМОВА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh