КАДБОНУҲОИ БЕҲТАРИН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
- Details
- Published on Wednesday, 31 March 2021 16:26
Дар тарабхонаи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд бахшида ба солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Он бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта, ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ доир шуд.
Дар озмун намояндагони шаҳру навоҳии вилоят ҳунари волои кадбонугии худ, аз ҷумла таомҳои миллии оши палаву шавла, шӯрбову омоч, кичириву угро, туппаву манту, самбӯсаву атола ва шириниву нӯшокиҳои гуногунро ба маърази тамошо гузошта буданд. Ҳар як шаҳру навоҳӣ вобаста ба урфу одат ва расму оини маҳалли худ дастархон ороста буданд. Боиси қайд аст, ки дар озмун кадбонуҳое, ки дар даври шаҳриву ноҳиявӣ ғолибият ба даст оварда буданд, иштирок карданд.
Хайати ҳакамон бо сарварии раиси ҳакамон муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода ба иштирокчиёни озмун аз рӯи шаш номинатсия баҳогузорӣ карданд.
Зайнура Азимӣ аз дастоварду ҳунарҳои бонувону занони чирадаст изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниву озмунҳои мухталиф баҳри дастгирии ҳунари пазандагии занону бонувон озмунҳои гуногун баргузор мегардад.
Ҳамчунин Зайнура Азимӣ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки таомҳои омодашуда аз маҳсулоти заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираҳои омодакардаи онҳо истифода шуда, аз маҳорати баланди занону бонувони тоҷик шаҳодатгар аст.
Аз рӯи номинатсияи ороиши дастархон ва доштани малакаи дурусти истифода, гузоштани зарф ва ашёи болои миз ҷойи аввал насиби Фаридахон Самадова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид. Аз рӯи номинатсияи омода ва пешниҳоди дурусти таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом ҷойи аввал ба Шаҳноза Зоҳирова аз шаҳри Хуҷанд, аз рӯи номинатсияи пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби таом бо навиштаҷот дар лавҳаҳо ҷойи аввал ба Азизахон Холматова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз рӯи номинатсияи маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир ҷойи аввал насиби Бозорова Гулҷаҳон аз шаҳри Конибодом гардид. Аз рӯи номинатсияи маҳорати омода намудани хуришҳо ҷойи аввалро Муқаддас Усмонова аз шаҳри Истиқлол ишғол кард. Аз рӯи номинатсияи малакаи омода намудани намудҳои гуногуни маҳсулоти ордӣ ва нон Нигора Замониён аз шаҳри Панҷакент ба гирифтани ҷойи аввал сазовор шуд.
Ҳамаи иштирокчиёни озмуни вилоятӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»