ҚОСИДИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Мирзо Турсунзода натанҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шӯҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра - Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста ба ҷо овард.

Ӯ ба сифати муборизи ростини роҳи сулҳ ва дӯстии халқҳо ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар карда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан мегуфт, Тоҷикистон ва халқи тоҷикро чун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва фарҳангию хирадманд ба тамоми дунё машҳур сохт. Дар яке аз нигоштаҳои Мирзо Турсунзода соли 1953 чунин дарҷ гардидааст: “Дар мамлакатҳои мустамликавӣ ва номустақил 150 миллион оила хона надорад.

Дар Эфиопия, Либерия, Нигерия ва Сомолии Британия барои ҳар 50 ҳазор одам як нафар духтур рост меомад. Дар Тунис 65 фисади аҳолӣ ба дарди сил гирифтор аст. Дар ин мамлакатҳо аз ҳар се нафар кӯдак сеюмаш аз гуруснагию беморӣ мемирад. Дар Япония дар солҳои пас аз ҷанги истилои амрикоиҳо савдои аз ҳама тараққикарда хариду фурӯши кӯдакон аст”. Ин гирудорҳои нобасомони рӯзгор шоири сулҳпарварро бетафовут нагузошт.

Пайкори ӯ дар ин масир сухани нависандаи Рими Қадим – Торентсийро ба ёд меорад, ки гуфта буд: “Ман инсонам ва ҳар чизи барои одамизод қобили қабул барои ман бегона нест”. Вақте ки силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” ва “Ман аз Шарқи озод” паси ҳамдигар интишор ёфтанд, онҳо дар адабиёти асри ХХ ҷаҳон як рӯйдоди муҳим гардиданд. Зеро то ин дам ягон шоир ё нависанда Шарқи хориҷиро аз лиҳози бадеӣ чунин ҳақиқатнигорона кашф накарда буд. Аз ин рӯ, онҳо зуд ба забони русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар олами мутамаддин машҳур гардиданд.

Зеро дар ин асарҳо Мирзо Турсунзода бо ҳамдардӣ ва ҳиссиёти бузурги башардӯстӣ тарзи зиндагонии халқҳои Шарқ, қабл аз ҳама Ҳиндустонро бо тасвирҳои пурзӯри романтикӣ баён карда, барои хушбахтию саодати одамони оддӣ мубориза бурд ва сиёсати мустамликадоронро сахт маҳкум намуд. Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 1947 ба Ҳиндустон сафар намуд. Ӯ дар мавриди ин сафар чунин менависад: “Дар ҳамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар ҳайати делегатсияи советӣ ба Ҳиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатҳои Осиё рахти сафар бандам. Аз ҳамон вақт мавзӯи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёти ман гардид”. Дар Ҳиндустон низоъҳои тундутез мавҷуд буд. Дар ҳар қадам тафовути ҳайратангези байни боигарӣ ва гадоӣ, серӣ ва гуруснагӣ ба чашм вомехӯрд.

Мирзо Турсунзода ҳар қадар ки шоири миллӣ бошад, ба ҳамон андоза тарғибгари дӯстии халқҳои дунё аст. Ин фазилат натанҳо дар фаровонии мавзӯъҳои байналмилалӣ дар эҷодиёти ӯ, балки дар фикру андешаҳои умумиинсонӣ ва ғояҳои оддии умумибашарии шоир зуҳур мекунад. Мавзӯи озодии инсон дар маркази тамоми эҷодиёти пурбаракат ва арзишноки Мирзо Турсунзода қарор гирифтааст. Тараннуми озодии шахсият ва ҷомеа, истиқлолияти комили давлатии ҳамаи кишварҳо рисолати одии ҷамъиятии шоир буд.

Воқеан, Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи суханваронест, ки барояшон ҳунар ва сиёсат муродифи якдигаранд. Мирзо Турсунзода бо як маҳорати баланд лирикаро бо сиёсати давлат ва ниёзмандиҳои он ҳамоҳанг сохта буд. Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ба 60 забони халқҳои дунё тарҷума шудааст. Шоири бузурги рус Николай Тихонов дар мавриди ашъори Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст: “Ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст”.

Далели ин гуфтаҳои шоири рус ва таъсири қиссаи “Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода аст, ки адиби дигари рус Сергей Михалков ба ваҷд омада, чунин иброз медорад: “Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расидан ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст”.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳои раиси шаҳри Гулистон

Add comment


Security code
Refresh