Тантанаи Наврӯзи аҷам дар маҳаллаи Қӯшҳавз

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Суғдзамин низ бо шукргузорӣ аз даврони осоишта, бо шодиву сурури хоса Наврӯзи оламафрӯз - ҷашни бузурги ҷамшедиро таҷлил менамоянд.

Аз субҳи содиқ бо табъи болидаву идона хурду бузурги маҳаллаи Қӯшҳавзи кумитаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови маркази вилоят дар идгоҳ ҷамъ шудаву баҳри хубу хотирмон таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар тарадуд буданд.

Ба хотири гиромидошт ва эҳёи анъанаҳои милливу ҳунарҳои волои аҷдодӣ хаймаву растаҳои ҳунару ҳунармандон ташкил намуда, ҳунармандон, аз ҷумла ҳунари заргариву кашидадӯзӣ, сабадбофӣ, сӯзанидӯзӣ, асбобҳои санъати миллӣ, атласу адрасбофӣ, нақшхонӣ, нонпазиву нишоллопазӣ ва дигарон маҳсули ҳунари хешро ба маърази тамошо гузошта буданд. Ҳамзамон дар канори идгоҳ дегҳои суманак дар ҷӯш буду мардум бо навбат, бо орзуву ниятҳои нек онро мекофтанд.

Таҷлили ҷашни Наврӯз бо садо додани карнаю сурнай ва суруду таронаҳои баҳорӣ оғоз гардид. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо меҳмонону ходимону собиқадорони арсаи сиёсат, шоирону нависандагони маъруф, масъулину намояндагони мақомоти мухталиф аз раставу хаймаҳои идона, ки бо риояи анъанаҳои миллӣ ороста шуда буданд дидан намуданд. Зимни азназаргузаронии растаҳои идона Раиси вилоят бо ҳунармандон суҳбат намуда, омодагии ҳамешагии хешро барои боз ҳам рушду вусъат додани ҳунарҳои милливу аҷдодӣ изҳор намуд.

Сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони кумитаи маҳаллаи мазкурро бо фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи ҳуҷастапай табрик гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳантарини аҷдодӣ маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суннатҳои хосаи наврӯзӣ эҳё гардида, дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт ва ба ҷашну сурури байналмилалӣ табдил ёфт.

Зимнан гуфта шуд, ки суннати беҳтарини Наврӯз бахшидани гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолону маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст.

- Иди Наврӯз аз қадимтарин ва башардӯстарини ҷашнҳои рӯи замин, ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, ҷашни таҳаммулпазирӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад. Мо бояд бештар аз пештар аҳлонаву сарҷамъона дар канори Пешвои муаззами хеш мутаҳид шавем, дар ободиву созандагии маҳал, шаҳру навоҳии ин сарзамини биҳиштосо хидмат намоем. Бо шукргузорӣ аз даврони тинҷиву оромӣ имсол мардуми шарафманди кишвар  ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзишманди созандагӣ истиқбол хоҳанд гирифт ва барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дар пешистода ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос бо амалҳои бунёдкорона дар  ободу зебо сохтани  диёри азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд саҳми арзанда гузорад, - таъкид дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҷавонону наврасон бо шеърхониву саҳнаҳо ҷолиби  хеш фазои орому Ватани маҳбуб, фарорасии баҳору иди Наврӯз ва орзуву ормонҳои мардуми диёрро васф намуданд.

Ҳамчунин барномаи рангини консертӣ бо иштироки санъаткорони варзидаи кишвар ва вилоят хеле хотирмон буд.  

Қайд кардан ба маврид аст, ки бино ба маълумоти этнограф Муҳиддин Файзуллоев  маҳаллаи Қӯшҳавз яке аз маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд маҳсуб ёфта, дар қисмати Мазор ҷойгир буда, ду ҳавз дошт ва роҳи асосиаш ба сӯи Панҷшанбе, Чоршанбе ва ба дарвозаи Қалъаи Нав пайваст буда, соли 1877 – ум аз 47 хонавода иборат буд. Дар ҳудуди он асосан ҳунармандони коркарди пахта ва абрешим, оҳангарон, арғамчинбофон, дуредгарон, тоҷирон ва кишоварзони мулкдор фаъолият мебурданд

Алҳол тибқи иттилои Мукарамма Азимова, раиси Шӯрои занони кумитаи маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд 5 ҳазору 750 аҳолӣ дар ин мавзеъ истиқомат доранд, ки аз он 2 ҳазору 228 нафарашон занону духтарон мебошанд. 

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳ худ шаҳодати тинҷиву осоиштагӣ дар кишвар, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои ҷовидонаи милливу фарҳангӣ мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh