Сокинони вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд

20 марти соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии вилоятӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирокдорони чорабинии идона нахуст дар даромадгоҳи муассиса аз хаймаҳои наврӯзӣ боздид карда, бо дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатии шаҳру ноҳияҳо, маҳсули дастии ҳунармандони вилоят ва дастархони наврӯзӣ шинос шуданд.

Чорабинии идона сипас дар толори калони Кохи фарҳанг ҷараён гирифт ва Раиси вилоят зимни суханронии худ фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми сокинони вилоят табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани он гувоҳи он аст, ки Наврӯзро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

-Гузаштагони мо дар тўли таърихи дароз новобаста аз монеаҳои замон Наврўзро ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рўз, ҷашни пайвандбахши миёни табиату инсон, хайру эҳсон, накўкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврўзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузашташтагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардўстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд».

Дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо – яъне дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногуни олам аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гардида, дар таҳкими ҳамзистии осоишта, тақвияти дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, ки аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии Наврўз аст, бештар таваҷҷўҳ намоянд, — иброз дошт Раиси вилоят.

Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh