Дар «Боғшаҳри наврўзӣ»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идонаи наврӯзӣ доир шуд

19 марти соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврўзии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, сокинону меҳмонони маркази вилоятро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд.

Чорабинии идона дар «Боғшаҳри наврўзӣ», ки дар маркази шаҳр ба истиқболи иди баҳор ташкил шудааст, доир шуда, дар он сокинони касбу кори гуногун дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Боиси зикр аст, ки сокинони ҳар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд аз қадимулайём бо хусусиятҳои хоси худ анвои гуногуни ҳунарҳои миллиро нигоҳ дошта, то имрӯз маҳсулоти дастӣ истеҳсол менамоянд. Идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бо муаррифии дастархони наврўзӣ ва урфу одатҳои қадимаи тоҷикон ҷашни миллиро таҷлил намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои гуногун боздид карда, зимни ирои номаи табрикотии худ афзуд, ки боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст. Гузаштагони мо дар тўли таърихи дароз новобаста аз монеаҳои замон Наврўзро ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рўз, ҷашни пайвандбахши миёни табиату инсон, хайру эҳсон, накўкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд.

Дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо – яъне дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногуни олам аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гардида, дар таҳкими ҳамзистии осоишта, тақвияти дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, ки аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии Наврўз аст, бештар таваҷҷўҳ намоянд.

Раиси вилоят илова намуд, ки ҷашни Наврўзи байналмилалӣ соли равон бо таҷлили санаи фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин падидаи фараҳбахш сокинони сарбаланди вилоятро водор менамояд, ки барои татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ талош варзанд.

Аҳли санъати шаҳри Хуҷанд ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд карда шуд, ки дар он дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврўзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврўз гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh