ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН!

Аз 17 то 19  - уми марти соли равонсеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 20 – солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол Раёсати созмони мазкурро ба уҳда дорад, дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Иштирокдорони фестивал аз кишварҳои Россия, Қирғизистон, Афғонистон, Ҷумҳурии халқиии Хитой, Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ буда, 50 нафарро дар бар мегирифтанд. Дар баробари ҷавонони хориҷӣ боз 50 нафар ҷавони фаъоли тоҷикистонӣ низ онҳоро ҳамроҳӣ намуда, барои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби кишвари офтобрӯяи тоҷикон қисса мекарданд. Ҳадаф аз баргузории ин фестивал пойдор намудани дӯстии байни ҷавонони дунё маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад ҷавонон байни ҳам риштаи дӯстиро пойдор ва баҳри амалӣ намудани сиёсатӣ давлатҳо  робитаи худро мустаҳтаҳкамтар месозанд.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ширкаткунандагони фестивалро намояндагони сохторҳои лозима дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ бо расму оинҳои тоҷикона қабул ва ба чорабиниҳои Наврӯзӣ таклиф  намуданд. Ҳамчунин,  ба хотири огоҳ шудан аз меъроси гаронбаҳои миллати тоҷик ҷавонон аз мақбара ва хонамузейи шоири ширинкаломи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дидан намуда, бо ҳаёт ва фаъолияти шоир аз наздик шинос шуданд.  

Дар шаҳри Истаравшан низ мизбонони истаравшанӣ ҷавонони бедордилу сулҳхоҳро бо карнаю  сурнай ва нону асал пешвоз гирифта, барои  пойдории дӯстию  рафоқати байни ҷавонон чорабинии мутантан баргузор гардид. Намоиши  хаймаҳои наврӯзӣ, ба меҳмонон хеле писанд афтод.  Ҳамчунин, меҳмонон аз қалъаи таърихии Муғ,  ки аз ёдгориҳои  таърихӣ бой аст, ба худ як ҷаҳон маънӣ гирифтанд.

Дар рӯзи дуюм идомаи чорабиниҳои фестивали мазкур дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. Иштирокчиёнро намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳия дар назди муҷассамаи пахта бо карнаю сурнай ва шеъру суруд истиқбол намуданд. Давоми рӯз дар маркази ноҳия  ҷавонон аз хаймаҳои Наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки расму оини мардуми тоҷикро бозгӯ мекунад, дидан намуда, ҳамчунин мавзеъҳои тамошобоби ин ноҳияро тамошо карданд. Барномаи муштараки фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони ҷавони хориҷӣ ва аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид,  илҳомбахши тантанаҳои идона буд.

Лозим ба ёдоварист, ки бархе аз ҷавонони хориҷӣ аз расму оинӣ миллати тоҷик бохабар буда, инчунин забони тоҷикиро низ аз худ намудаанд. Масалалан, Муҳаммад Роҳил аз кишвари Ҳиндустон чор сол мешавад, ки ба кишвари биҳиштосои мо рафту омад дорад. Дар ин муддат ӯ забони тоҷикиро хуб аз бар намуд.

- Иштирок дар ин фестивали баналмилалӣ барои ман роҳҳоеро боз намуд, ки худ огоҳ набудам. Ҷашни Наврӯз қадима будани миллати тоҷикро шаҳодат медиҳад ва имрӯз ҷашн гирифтани он дар ин кишвар худ шаҳодатгари гуфтаҳои болоист, - гуфт Муҳаммад Роҳил.

Дар рӯзи дуюм меҳмонон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, аз Боғи Ваҳдати миллӣ ва Қасри маданияти Арбоб дидан намуданд. Қасри маданияти Арбоб инъикосгари сулҳу ваҳдат дар кишвари тоҷикон буда, аз таърихи ин диёри биҳиштосо қисса мекунад.   

Рӯзи охирони  фестивал ширкаткунандагон аз таърихи миллати тоҷик ва бозёфтҳои археологӣ, ки дар Қалъаи Хуҷанд маҳфуз аст, шинос шуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатии муштарак, ки аз ҷониби санъаткорони ҷавони вилояти Суғд баргузор гардид, ба сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавононии хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» хотима бахшид. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh