АСАРҲОИ БЕБАҲО

50 сол муқаддам. Соли 1971 буд. Он вақт дар тамоми мамлакат 60-солагии шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешуд. Мо дар курси сеюми донишкадаи омӯзгорӣ мехондем. Нимаи моҳи сентябр ба мо хабар доданд, ки Мирзо Турсунзода ба факултетамон ташриф меоранд. Аз ҳамон рӯз ман китобҳои “Ҷони ширин”-и Мирзо Турсунзода ва “Қиссаи кӯҳсор”-и Боқӣ Раҳимзодаро ҳама вақт ҳамроҳам гирифта мегаштам. Пешакӣ медонистам, ки албатта ҳамроҳи Мирзо Турсунзода Боқӣ Раҳимзода ҳам меоянд.

Ба ИДПЛ (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), факултети мо - шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик санаи 18-уми сентябр Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ, Раҳим Ҷалил омаданд. Вохӯрӣ бо ин адибон дар маҷлисгоҳи факултет, дар ошёнаи дуюм барпо гашт. Барандаи вохӯрӣ сармуаллим ва котиби ташкилоти партиявӣ Абдуқодир Зоидов аввал ҳамаро бо меҳмонони олиқадр шинос намуданд. Баъд сухани аввалинро ба дотсенти факултети забон ва адабиёти рус, муаллима Бароат Ҳоҷибоева (модари Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона) доданд. Он кас бо забони русӣ баромад карда, ҳозиринро бо аҳамияти умумиҷаҳонии шеърҳои Мирзо Турсунзода шинос намуданд, порчаҳои шеъриро бо забони русӣ қироат карданд. Баъд сухан ба шоири писандидаи мо-ҷавонон Лоиқ Шералӣ дода шуд. Лоиқ назди минбар омада, аввал ба нуқтаи канории маҷлисгоҳ нигоҳ карда истоданд. Ҳама хомӯш ва интизор буданд, ки Лоиқ чӣ мегӯянд, чӣ мехонанд. Дар ин чанд сонияҳои тӯлонӣ ҳама ниҳоят хомӯшу ором буданд, гӯё пашшае пар намезад. Баъд Лоиқ гуфтанд:

-Рафиқон, чанд лаҳзае хомӯш истодани ман сабаб дорад ва ин ҳам аз рӯи таълимоти устод Мирзо Турсунзода аст. Он кас ба ман борҳо таъкид кардаанд, ки одам дар маҷлис ва вохӯриҳо дасту по хӯрда, суханашро гум карданаш мумкин аст. Банобар ин ба минбар бароӣ,аввал хуб синча карда, як духтари зеборо интихоб кун. Баъд ба чашмони ҳамон духтари зебо нигоҳ карда, шеъратро хондан гир.

Пас аз ҳамин хушгӯиҳои Лоиқ мавҷи ханда ниҳоят баланд гашт, гӯё маҷлисгоҳ аз зарби ханда таркид. Баъзе рафиқон худро дошта натавониста, аз чашмонашон ашк баромад. Сонӣ устод Лоиқ ғазалеро то охир хонданд, ки бисёр ҷаззоб ва хотирмон буд...

Ҳамсабақони ман Баҳваддин Қодиров, Раҳимҷон Сангинов, Меҳринисо Сафарова, Аброр Аъзамов, Яъқуб Боқӣ (руҳи ҳамаашон шод бод) аз шеърҳои Мирзо Турсунзода қироат карданд. Донишҷӯи санъатдӯст Абдурофеъ Рабиев якчанд сурудҳоро аз ашъори ин шоир сароиданд...

Худи Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода низ аз шеърҳои навашон қироат карданд. Вохӯрии онрӯза бо суханони ҷамъбастии Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил хубу хотирмон ҷамъбаст гардид...

Акнун лаҳзаи таърихӣ фаро расид: соядастгирӣ. Мирзо Турсунзодаро 25-30 нафар донишҷӯён дар даст китоб иҳота карда буданд. Дидам,ки дар як гӯша устод Боқӣ Раҳимзода бо декани факултети таъриху филология Шавкат Охунов сӯҳбат доранд. Ман китоби “Қиссаи кӯҳсор”-ро гирифта, наздашон рафтам ва аз рӯи одоб салом додам. Боқӣ Раҳимзода китобашонро дида, дарк карданд, ки соядаст мехоҳам. Китобро аз дасти ман гирифта, аввал ному насабамро пурсиданд. Баъд ба Шавкат Охунов нигоҳ карда, “Ин кас чӣ тур мехонад?” гуфтанд. Декани факултет гуфтанд, ки яке аз донишҷӯёни аълохони мо аст. Пас устод ба ман нигоҳ карда гуфтанд:

-Бале, писарам, нағз хонед! Мамлакатамон аз шумо барин ҷавонон умеди калон дорад.

Он рӯз ман ягона нафаре будам, ки аз ин шоири тавоно соядаст гирифтам. То ҳол афсӯс мехӯрам, ки чаро аз Лоиқ Шералӣ низ соядаст напурсидам. Охир китобҳои “Илҳом” (1968), “Нӯшбод” (1971)-и Лоиқ Шералиро низ дар китобхонаам доштам-ку!?.

Баъд насиб будааст, аз ҳама охир ба китоби “Ҷони ширин”(1965) аз устод Мирзо Турсунзода низ соядаст гирифтам. Аз сабаби он ки устод хеле хаста шуда буданд, бо дасти худашон танҳо “Мирзо Турсунзода.18/IХ-71г” навиштанду халос. Ба ҳаминаш ҳам шукр...

Ман чил сол дар мактаб ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таълим додам. Ҳар вақте ки мавзӯи дарс дар бораи Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода бошад, албатта, ин китобҳоро бо соядастҳои муаллифон ба шогирдон нишон медодам. Моҳи сентябри соли равон ба соядаст навиштани устодон 50 сол пур мешавад. Дар ин муддат садҳо шогирдон, фарзандону наберагон, ҳамсояҳоям низ ин китобҳоро дидаанду бо соядастҳои устодон шинос шудаанд. Ман ин ду асарро бебаҳотарин китобҳо меҳисобам ва дар китобхонаи шахсиам эҳтиёткорона нигоҳ медорам.

Алиҷон ОЛИМОВ,

Аълочии маориф ва матбуоти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh